Устод Шоҳзамони Раҳмон бо ҳидояти падари омӯзгораш вориди майдони илм гардид ва бо омӯзишу ҷустуҷӯҳои пайваста ба зинаҳои баланди эҷодӣ расид.
Меҳру муҳаббат ба адабиёт аз хурдӣ дар қалби Шоҳзамони наврас макон гирифта буд.
Саъю кӯшиш, дониши амиқ ва талошу мақсадҳои наҷибаш сабаб гардид, ки Шоҳзамонро пас аз хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ ба шуъбаи адабиёти советии тоҷики ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор даъват намуданд.
Муҳаққиқи ҷавон дар натиҷаи омӯхтани таҷриба, омӯзиши асарҳои адибони классикӣ ва муосир, ҳидояту дастгирии ғамхоронаи устодони варзида Н.Маъсумӣ ва М.Шакурӣ дар як муддати кӯтоҳ дар мавзӯи «Мусаммат, таҳаввул ва ташаккули он» рисолаи номзадӣ ва баъдтар таҳқиқу пажӯҳиши илмиро давом дода, дар мавзӯи «Таҳаввули воҳидҳо ва созмони жанрҳои лирикӣ дар назми форсу тоҷик» диссертатсияи докторӣ ҳимоя намуд.
Феҳристи асарҳои илмии Шоҳзамони Раҳмонро аз назар гузаронида, хонанда ба меҳнати пурмаҳсул, масъулияти баланд ва лаёқату истеъдоди ин олими нуктасанҷ аҳсан мехонад. Мақолаҳои илмӣ, пажӯҳишҳо, монографияҳо ва китобҳои нашрнамудааш беш аз 300 ададро ташкил медиҳад.
Мавсуф дар 56 конфронс, машғулиятҳои семинарӣ ва маҳфилҳои илмии ватанию хориҷӣ маърӯзаҳои пурмазмун намуда, дар муаррифии илми адабиётшиносии тоҷик саҳм гузоштааст.
Устод Шоҳзамони Раҳмон ба ҷуз таълифи асарҳои илмӣ ва публитсистӣ дар таҳия ва тадвини осори пурғановати асосгузори адабиёти муосири тоҷик С. Айнӣ, шоирони бузург Пайрав Сулаймонӣ ва Мирзо Турсунзода низ ҳиссагузорӣ намудааст.
Адабиётшиноси варзида айни замон раиси Комиссияи ҳамоҳангсозии Шӯрои дифои Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, зери роҳбарии бевоситаи ӯ 5 нафар дар мавзӯъҳои гуногуни адабиёт рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намудаанд.
Профессор Шоҳзамони Раҳмон дар баробари машғул будан ба фаъолияти илмӣ дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар низ фаъолона иштирок менамояд. Вай узви Шӯрои дифои рисолати докторӣ ва номзадӣ дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, КАО-и Федератсияи Россия ва КАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Шӯрои нақди адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Меҳнати бисёрсолаю пурсамари муҳаққиқи шинохта бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, инчунин, нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр гардидааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001 ӯро бо ордени «Дӯстӣ» шарафманд гардонд. Ҳамчунин, ин олими заҳматкаш барандаи Ҷоизаи адабии ба номи М.Турсунзода мебошад.
Зариф ҒУЛОМ,
нависанда
Иловакунӣ
Иловакунии фикр