Ҳанӯз аз давраи таҳсил дар мактаби миёна Гулизор Ҳукуматова физикаро дӯст медошт ва дар дил орзуи омӯзгори ин фан шуданро мепарварид.
Шавқу рағбати ӯро ба илми физика устоди мушфиқу меҳрубонаш Каримов бедор карда буд. Ба саволҳои беохираш дар бораи ин фан ҷавобҳои саҳеҳ медод. Ин буд, ки пас аз хатми мактаб, новобаста аз муқобил баромадани аҳли хонаводаашон барои идомаи таҳсил ҳуҷҷатҳояшро пинҳонӣ ба ДДОТ ба номи С. Айнӣ супорид. Соли 1980 донишкадаро бомуваффақият хатм намуда, омӯзгори физика шуд. Тақдир ӯро бо ҷавони соҳибмаърифате аз ноҳияи дурдаст Баҳриддин Шарифов пайваст, ки ин ду маҳбуби ҳамдигарро дар ин минтақаи дурдаст, дур аз волидон ва хешу ақрабо ягона ҳамрозу мунисашон мактаб буд. Фаъолияти омӯзгории Г. Ҳукуматова соли 1983 аз мактаби миёнаи №2, Ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз оғоз гардид. Дар мактаб ба хонандагон бо шавқ сабақ меомӯзонд. Ин буд, ки шогирдони бешумораш яке паси ҳамдигар ба донишгоҳҳои бонуфузи кишвар дохил гардида, соҳибкасб мешуданд.
Мавсуф беш аз 35 соли ҳаёташро дар ноҳияи дурдасти Дарвоз ба таълиму тарбияи насли наврас бахшид. Айни ҳол фаъолияти педагогиашро дар мактаби миёнаи №15-и ноҳияи Рӯдакӣ идома дода истодааст. Ҳамасола шогирдони муаллима дар озмунҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзанд.
Муаллима дар амалӣ намудани таҷрибаи муосири таълиму тарбия, ҷалби хонандагон ба корҳои илмӣ – инноватсионӣ хизмати шоён ба анҷом расонидааст. Вай пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки тамоми донишу малака ва маҳорату таҷрибаи дар тӯли ҳаёти пурсамар андӯхтаашро ба шогирдон омӯзонад, ба онҳо талқин намояд, ки аз чунин зиндагии орому осоишта, аз давлату миллати худ ифтихор намуда, баҳри таҳкими сулҳу ваҳдат ва иқтидори зеҳнии Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд ва инро бо кору амали худ собит созанд…
Ба муаллимаи азиз комёбиҳои нав ба навро таманно дорем.
Мастона ШАРИФОВА,
корманди Институти забон ва адабиёти ба номи
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр