Нашрияи Омӯзгор

Китобҳо пурмуҳтаво бошанд

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 744        Шарҳ: 0

Забон нишонаи асосии миллат буда, барои инсон хамчун воситаи гуфтугӯ ва ифода кардани максаду мароми ӯ хизмат мекунад.

Донистани забонҳои  хориҷӣ махсусан, забони англисӣ ҳатмӣ ва зарур аст. Бо донистани забони хориҷӣ кас метавонад бе ягон душворӣ бо ин ё он забон гуфтугӯ намояд. Ё худ, ҳангоми мусофират ё сафар ба монеаву душвориҳо дучор нагардад, озод ҳарф занад ва худро осудаву бофароғат эҳсос намоянд.

Имрӯзҳо, хушбахтона, дар донишгоҳу донишкада, макотиби  миёнаву муассисаҳои таълимии илмии кишвар забонҳои  гуногуни ҷаҳон омӯхта мешаванд. Муҳассилин ба кишварҳои  хориҷа рафта таҳсили илм мекунанд, соҳибмаълумот мегарданд.

Ба андешаи мо, хеле хуб мешуд, соати дарсии забони англисиро дар мактаби миёна зиёдтар мекарданд, чунки дар як хафта дар ҳаҷми  омӯзондани ин фан ду соат кам аст. Барои мавзӯъҳоро фахмондан вақт камӣ мекунад. Китобҳои  дарсӣ барои синфҳои  3, 4, 5, 6 ва 8 аз тарафи Парвона Ҷамшед хеле хуб навишта шудаанд. Дар он машкҳои  зиёд бо супоришҳои грамматикӣ, бозиҳои  ҳархела ва матнҳои  кӯтоҳи фаҳмои шавқовар оварда шудааст, вале дар китобҳои  дарсии барои хонандагони синфҳои  7, 9, 10, 11 ин чизҳо мутаассифона, кам ба чашм мерасад. Хуб мешуд, ки дар он маълумот дар бораи идҳои  миллӣ, дар бораи шоиру нависандагони тоҷик, хунарпешаву варзишгарон ва ғайра бо шеърҳову расмҳо, инчунин, бозиҳои  шавқовар, ба монанди кроссворд ва дигар бозиҳо ҷой дода мешуд. Ин камбудиҳо на танҳо дар китобҳо барои мактабҳои  миёна, балки муассисаҳои таҳсилоти  олӣ низ дида мешавад.

Мадина БОБОЕВА,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш