Дар бораи гузашти вақт ва ғанимат донистани ҳар лаҳзаи умру пурсамар гузаронидани он хирадмандон батакрор ҳарф задаву таъкид кардаанд, балки ҳушдор додаанд, ки ҳушёру бедор бояд буд; вақт зудгузар аст, ноаён мегузарад ва танҳо фаъолияти бобаракат метавонад онро пурбору нақшгузор бисозад.
Ин ҳикмати дерину барҳақро инсони шарифу омӯзгори зариф Абдуҳафиз Абдуқодиров хуб медонаду мазмуну моҳияташро амиқ дарк менамояд. Аз ин ҷост, ки чун мактаби олиро (факултаи географияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро) бомуваффақият хатм намуду ба кори таълиму тарбия пардохт (соли 1972), бо тамоми ҳастӣ кӯшид, ки ба қадри вақт бирасад, ҳар рӯзаш нақше неку дар зиндагиаш дошта бошад. Аз корҳои ҳамарӯзааш ҳамеша пеши худ мулоҳиза мекарду «ҳисобот» медод, дар фарҷоми ҳар рӯз посух ба суолаш меҷуст, ки «имрӯз чӣ хидмате ба мардум кардӣ?» Дар чандин муассисаи давлатӣ бо даъвати мақомоти дахлдор кор кард ва хушо, ки ҳама ҷо масъулиятманду тозакору фаъол буд, ҳар амалеро аз сари ҳиммат сомон мебахшид. Зарурат пеш омаду истеъдоду маҳораташро ба инобат гирифта, ба корҳои ҳизбию роҳбарӣ ҳам ҷалбаш карданд. Дар ин замина дар корхонаи таъмири техникии шаҳри Гулистон ба сифати директори генералӣ, дар корхонаи таъмири роҳҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамчун корманди масъул чанд муддат ба фаъолият машғул шуд. Шогирдони зиёде бипарвариду забони кор барояшон омӯхт ва зимоми масъулиятро ба дасти эшон супурду худ ба пешаи аслиаш – ба кори таълиму тарбия баргашт. Ҳафт сол (2007-2014) сарвари омӯзишгоҳи касбии техникии рақами 31-и шаҳри Хуҷанд буд. Дар ин муддат як таълимгоҳи вомондаву аз ҳар нигоҳ эҳтиёҷмандро ба сафи беҳтарин ва муҷаҳҳазтарин марказҳои ҳунаромӯзии вилоят ворид сохт. Муҳимтар аз ҳама, сатҳи таълиму тарбияи ҳунаромӯзонро боло бурд, як даста омӯзгорони соҳибтаҷрибаву варзида ва дилсӯзу ғамхори ҷавононро гирд овард. Ва он қадар бафайзу баракатбор кор кард, ки то имрӯз аз ин боб собиқ ҳамкорону шогирдонаш, собиқ масъулони идораҳои нозири соҳа бо эҳтирому таҳният сухан мегӯянд.
Устод Абдуҳафиз Абдуқодиров боз ҳам бовар ба ҷавонону собиқ шогирдонаш карда, масъулияти пешбурди фаъолияти омӯзишгоҳи азизашро ба ихтиёри онҳо вогузошт ва худ дар коллеҷи муҳандисию омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов идомаи фаъолият намуд. Чун аз корҳои роҳбарию масъулиятбору пурташвиш то ҷое фориғ гашту синнаш ҳам ба нафақа расид, андешааш аз гузашти вақту ҳикмати қиммати он амиқравтар гашт ва боз ҳам пеши худ андешид, ки хушбахтона як марҳилаи умри азизаш барҳадар нарафт, ба нафъи ҷавонон созандагони фардои кишвар буд бештар он ва акнун бояд бикӯшид, ки нимаи дигари умр ҳам орӣ аз осоре набошад. Домани илму таҳқиқро гирифту мавзӯи мубрамеро бо дастури пажӯҳишгарону устодони варзида ҳамчун мавзӯи рисолаи илмӣ интихоб кард: «Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ». Таҷрибаи кофӣ, иродаи қавӣ ва маҳорати пажӯҳишгарӣ ки дошт, дар дарозои ду – се сол таълифи рисолаашро сомон бахшиду ду моҳ қабл аз ин бомуваффақият ҳимоя кард. Ҳангоми ҳимоя ба кори ӯ сахтгиртарин мутахассисон ва олимони соҳа баҳои баланд доданд, офаринаш хонданд. Яке гуфт, ки шумо бори дигар собит намудед, ки омӯзиш фосила, синну сол ва ҳеҷ баҳонаеро намепазирад, ба қавли маъруф, «тамоми умр дониш бояд омӯхт». Устод Абдуқодировро ба ифтихори дифои рисолааш ва ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ комёб шуданаш дӯстонаш, шогирдонаш ва кулли алоқамандонаш самимона табрик гуфта, зимнан иброз доштанд, ки шумо, устоди азиз, бо ин амалатон дар ин синну сол ба мо боз як сабақи муассиру ҳикматбор додед, сабақе вобаста ба донишандӯзии пайваста, иродатмандию фидокорӣ, сабақе оид ба ғанимат донистану пурсамар истифода бурдани ҳар лаҳзаву давраи умри азиз…
А.МУРОДӢ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр