Дар забони англисӣ маънои зарофат ва ё ҳазлу шӯхӣ тавассути вожаи “Humour” (шакли бритонӣ) ва “humor”(шакли амрикоӣ) ифода карда мешавад, ки дар луғат бо чунин маънӣ омадааст:“…хусусияти чизе, ки онро аҷоиб, шавқовар ва ҷолиб мегардонад…»
Беҳуда ҳазлу шӯхиро «намаки зиндагӣ» намегӯянд. Воқеан, истифодаи ҳазлу шӯхӣ дар ҳама ҳолати мувофиқ боиси самимӣ гаштани вазъият ва осон шудани кор мегардад.
Вобаста ба таълими забон ҳазлу шӯхӣ ҳамчун омили мусбати педагогии таъсиррасонандаи раванди таълим ва омӯзиш баррасӣ мегардад.
Дар дарси забони англисӣ зарофат ё ҳазлу шӯхӣ тавассути воситаҳои лингвистӣ(забонӣ), яъне дар шакли фаъолиятҳои гуногуни омӯзишӣ, ба монанди латифаҳо, вожаҳои нав, омонимҳо ва омофонҳо, шеъру таронаҳои шӯхиомез, бо забони ҳайвоноту наботот сухан гуфтан, истифодаи навиштаҷот (катибаҳо)... амалӣ карда мешавад. Мувофиқи ақидаи олимон, зарофат аз ҷиҳати физиологӣ фаъолияти қисми чапи майнаи инсонро бо қисми рости майна бо ҳам пайваста, иқтидори кори онро зиёд менамояд. Инчунин, зарофат ҳаяҷонро кам, асабониятро паст, қобилияти фикрониро зиёд намуда, ба баланд шудани самаранокии омӯзиш мусоидат менамояд.
Яке аз шаклҳои васеътарини зарофатгӯӣ нақли латифаҳо ба шумор меравад. Латифаҳо асосан қиссаҳои таҷрибаи шахсии ин ё он кас буда, ба хотири дилхӯш кардан ё бардоштани рӯҳияи дигарон онҳоро нақл мекунанд. Латифаву қиссагӯӣ дар тамоми давраи таърихи инсоният ҳамчун яке аз воситаҳои дилхушкунанда мавриди истифода қарор дошт. Ба ақидае «…дунё пур аз қиссагӯён аст…». Латифаҳо ҳамеша дорои тобишҳои маъноии хурсандӣ, хафагӣ, ҳаяҷон, дилхӯшӣ, дилсардӣ ва ғайра мебошанд. Вақте ки мо ягон латифа нақл мекунем, мақсади мо ҷалб намуди диққати дигарон ва гирифтани аксуламали онҳост. Азбаски вазифаи асосии латифа ба худ ҷалб намудану зиёд кардани таваҷҷуҳи шунаванда мебошад, пас, истифодаи латифаҳо дар дарс барои самаранокии он хуб мусоидат менамояд.
Латифаҳое, ки мо дар синф ба шогирдон нақл мекунем, айнан ба мисли онҳое, ки дар ҳаёти ҳаррӯза дар муошират нақл мекунему мешунавем, эҳсосот, фикру ақида ва таҷрибаҳои моро ифода менамоянд. Чун латифаҳо воситаҳои беҳтарини ба мубоҳиса, яъне ба гапзанӣ водор намудани шогирдон мебошанд, бо истифодаи латифаҳо муаллим дар назар нияти иловагӣ дорад: яъне, мақсади таълимии тасвир кардан, фаҳмонидан, рӯшанӣ андохтан ва ё таъкид намудани ягон ҷанбаи забон ё мавзӯъро баррасӣ кардан мехоҳад. Таҷриба нишон медиҳад, ки аз рӯи истифодаи латифаҳо дар раванди дарс онҳоро ба се гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст:
1. Planned anecdotes - латифаҳои банақшагирифташуда, яъне муаллим пешакӣ муайян менамояд, ки латифа дар кадом қисмати дарс, чӣ хел, бо кадом мақсад ва дар кадом шакл нақл карда мешавад. Масалан, муаллим онро хонда медиҳад ва баъд аз он ин ё он машқ ё калимаву ибораҳо такрор карда мешаванд. («Fresh from the country» ё «Кings are rare»)
2. Semi-planned anecdotes- латифаҳои нимбанақша- гирифташуда. Яъне, муаллим ҷузъиёти ин гуна латифаҳоро пешакӣ муайян намекунад. Калимаву ибораҳои такягоҳии онҳо аниқ навишта намешаванд ва амсоли инҳо.
3. Unplanned anecdotes- латифаҳои ғайринақшавӣ, латифаҳое мебошанд, ки дар рафти дарс вобаста ба ин ё он вожа ё ҳодиса ба хотири муаллим мерасанд ва ӯ дар навбати худ нақли онҳоро барои боз ҳам шавқовар гардонидани дарс зарур мешуморад. Шогирдон низ дар чунин мавридҳо барои накл кардани латифаву ҳикояҳои ба мавзӯъ мувофиқ ҳавасманд карда мешаванд. Масалан, муаллим ҳангоми гузаштани мавзӯи «Autumn»-тирамоҳ чунин савол медиҳад:
- When is the best time for picking apples?-Вақти беҳтарин барои себчинӣ кай мебошад? Албатта, ҷавобҳои гуногун, ба монанди «саҳарӣ, бегоҳӣ, нисфирӯзӣ» ва ғайра садо медиҳанд, вале ҷавоби «Вақти беҳтарини себчинӣ вақтест, ки агар боғбон дар боғ набошад» - боиси хушҳолӣ ва хандаи ҳамагон мегардад.
Албатта, набояд фаромӯш кард, ки ҳазлу шӯхӣ ва зарофатгӯӣ аз ҷониби муаллим бояд бомақсад ва бамавқеъ истифода шавад ва ба мавзӯи дарс алоқаманд бошад.
Зарафо ҲАЙБАТОВА,
омӯзгори мактаби №36-и
ноҳияи Рӯдакӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр