Нашрияи Омӯзгор

Ҳадаф: такмили таълим

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 754        Шарҳ: 0

Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими ҳидоятгару раҳнамои тақвияти сатҳу сифати таҳсилот тақозо дорад, ки аҳли маориф фаъолияти худро боз ҳам вусъат бахшида, барои таълими самараноки таълиму тарбия, аз ҷумла, аз воситаҳои муосиру боэътимоди тадриси шогирдон ба таври шоиста истифода намоянд. Ҳадафи асосии нашри китоби «Технологияи муосири омӯзиши забонҳо» (ба забони русӣ) аз ин ҷиҳат дастгирӣ кардани омӯзгорон мебошад.

Технологияи таълими фаъол тарзи ташкили раванди таълимест, ки маҳаки асосии онро фаъолияти ҳаматарафа ва иҷрои мустақилонаи амалҳои маърифатии хонанда ташкил медиҳад. Хусусияти асосии технологияи таълими фаъол  дар он аст, ки хонандагон ба таври мустақилона донишҳои навро тавассути фаъолияти таҳқиқотӣ «кашф» мекунанд. Ин имкон медиҳад, ки дониш ва малакаҳои таълимӣ барои хонандагон аҳамияти бештар пайдо кунанд.

Технологияи таълими фаъол воситаи универсалӣ буда, ба омӯзгор имкон фароҳам меоварад, ки дарсҳоро мувофиқи талаботи замон ба роҳ монад.  Кор дар гурӯҳҳо низ имконияти зиёди ба таври самаранок ташкил намудани фаъолияти таълимро ба миён меорад. Дар татбиқи технологияи мазкур истифодаи муносибати тафриқавӣ ва фардикунонии раванди таълим зарур аст.

Мақсади асосии дастури методии «Технологияи муосири омӯзиши забонҳо», ки аз тарафи дотсентони кафедраи педагогика, психология ва методикаи таълими Донишкадаи давлатии  забонҳои Тоҷикистон  ба номи С. Улуғзода С.Саидов ва  М. Товбаева омода шудааст, шинос намудани устодони мактабҳои олӣ, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ,  донишҷӯён  бо технологияи муосири таълимӣ дар омӯзиши забонҳо, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ, мебошад.                  Дар дастури мазкур дар бораи ҷаҳонишавии таълим ва ворид гардидан ба системаи ягонаи таҳсилот тибқи талаботи системаи Болонӣ бо назардошти пешрафти илм ва принсипҳои дидактикии таълим маводи фаровон ва муфид ҷамъ оварда шудааст.

Б. АШӮРОВА, Н.ЗАРОБЕКОВА,

дотсентони кафед-раи педагогика, психология ва методикаи таълими                                                                        ДДЗТ ба номи С. Улуғзода

 

Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро…

Аз назди мактаб-интернати ноҳияи Шаҳринав гузар мекунаму диламро ҳиссиёти аҷибе фаро мегирад. Ба хонандагони ин боргоҳи маърифат назар меафканам ва беихтиёр саволҳои зиёде домангирам месозанд.

Чаро ин хонандагон ятиманд? Падару модари онҳо дар куҷоянд? Магар онҳо хешу табор надоранд?

Маълум, ки меҳру муҳаббати падару модарро ҳеҷ каси дигар дода наметавонад. Меҳру муҳаббати падару модар пушту паноҳ ва қуввату мадори кас буда, ҳаргиз заррае коста намегардад.

Сад афсӯс, ки ятимон аз меҳру муҳаббати волидон маҳруманд. Аз ин рӯ, қалби нозуки эшон аз бепадариву бемодарӣ ва маҳрумии дидори волидайн гум мезанад. Сайидои Насафӣ «Бе падар фарзанд помоли маломат мешавад»- мегӯяд, ки як ҷаҳон маъно дорад. Саъдии бузургвор низ насиҳат мекунад:

Падармурдаро соя бар сар фикан,

Ғубораш бияфшону хораш бикан.

Дастгирӣ намудани ятимон кори хайр ва савоб, амали нек мебошад. Пешвои миллати мо ғамхору дилсӯзи ятимон буда, ба таҳсил ва зисту зиндагии эшон доимо мароқ зоҳир менамоянд ва саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ятимони кишвар худро бекасу кӯй ва бесарпаноҳ ҳис накунанд. Маҳз ғамхориву дастгириҳои Сарвари давлат аст, ки ятимон ҳамчун фарзандони содиқи Ватан ба воя мерасанд.

Дар воқеъ, нороҳат кардани ятимон дар дили онҳо ҷароҳати бузурге ба бор меоварад. Аз ин лиҳоз, фармудаанд:

Чун ятимеро касе гирён кунад,

Молик андар дӯзахаш бирён кунад.

Бузургон борҳо таъкид кардаанд, ки хайру саховати хешро аз ятимон дареғ надоред.

Ҳар сол зиёда аз 6 ҳазор нафар ҳамдиёри мо ба ҳаҷ мераванд. Агар эшон як ҳиссаи дороии хешро ба таҳсил ва зисту зиндагии ятимон ҷудо намоянд, Худованди муттаол ҳаҷи онҳоро қабул месозад.

Каъба чӣ равӣ, бирав дилеро дарёб,

Хуштар зи ҳазор Каъба бошад як дил.

Ятимон ашхоси дилозурдаанду ҳамеша ниёзманд ба ғамхорӣ. Ҳар яки мо муваззафем, ки байти зерини Шайх Аттори Нишопуриро дар муносибат ба ятимон ҳамеша дар ёд дошта бошем:

Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро,

Боз ёбад ҷаннати сарбастаро.

 

Фарангис  МАҲКАМОВА,

омӯзгори технологияи

мактаби № 3-и ноҳияи Шаҳринав


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш