Дар ниҳоди кӯдак бедор кардани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, садоқату муҳаббати воқеӣ ба Ватан, ба забон, худшиносию худогоҳӣ аз оила маншаъ мегирад.
Аз оғоз маҳз тарбияи ҷисмонӣ, рушди ақлонию ахлоқии мақсаднок, муошират ва ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ дар ҳаёти кӯдакон аҳамияти бузург пайдо мекунад.
Яъне кӯдак таҳти таъсири амалҳои аҳли оила аст ва тарбияи хулқу атвори ӯ аз муҳит ва муносибату муоширати оилавӣ вобастагии зич дорад. Аз рафтори кӯдак, тарзи сухангӯиву суханпардозиаш аксаран маълум мегардад, ки ӯ аз кадом оила аст ва маърифати иҷтимоию ахлоқӣ ва фарҳангиаш дар кадом сатҳ қарор дорад.
Мо омили мусбӣ ва манфии тарбияи кӯдакро аз муҳиту мавқеъ ва муносибати волидон ба тақдири ояндаи фарзанд дарёфт менамоем. Кӯдак аввалин ҳиссиёти муҳаббату меҳрубонӣ, дӯст доштан ва ё дучори қаҳру ғазаб шуданро дар муҳити хонавода таҷриба мекунад. Агар муҳити хона солим ва аз меҳрубонию лутфу муҳаббат саршор бошад, кӯдак дар ин муҳит худро ҳамеша озод, солим ва хушбахт эҳсос менамояд. Агар волидайн сустиродагӣ кунанд ва фарзанд дар ҳаёт ба душвориҳо дучор мегардад.
Омӯзиш дар такмили маҳорати истифодаи озодонаи забон ҳангоми муоширати бевосита бо атрофиён, тарбияи шавқу ҳавас ба каломи адабӣ, дурусту бехато ва шевою гӯё баён намудани фикр ва ғанӣ гардонидани захираи луғавии кӯдакон самти афзалиятноки тарбияи оилавӣ ба шумор меравад.
Албатта, тарбия марҳилаи дуру дарозро дар бар мегирад. Аз ин лиҳоз, муҳим он аст, ки мо, волидон, дар тарбияи кӯдакону ҷавонон масъулияти ҷиддӣ дошта бошем, чунки ояндаи ҷамъият ба насли наврас вобаста аст.
Сайёра Раҳмонзода,
омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби
№22-и ноҳияи Фирдавсии
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр