Дар ривояте омадааст, ки боре чун устоди мадраса бо пои чап вориди синфхона мешавад, ӯро шогирдон аз дарс пеш мекунанд.
Устод бо чӣ қадар зориву таваллову мушкилӣ шогирдонашро бовар мекунонад, ки ин танҳо як иштибоҳ асту такрор намешавад ва бо иҷозаи онҳо дарси худро идома медиҳад. Оре, устод бояд ростгӯву ростқавлу рострав ва нахустин қадамаш бояд қадами рости ӯ бошад. Шогирди зирак ба ҳар як ҳаракати устодаш диққат медиҳад ва ҳама рафтори ӯро баҳогузорӣ менамояд. Ба муаллимаш тақлид мекунад ва ба ӯ пайравӣ кардан мехоҳад. Дар пешрафтатарин кишварҳои олам муътабартарин ашхос муаллимон мебошанд. Зеро маҳз таълиму тарбияи онҳо боис шудааст, ки мутахассисони хуб ба воя расанд. Яъне заҳмати пайвастаи омӯзгор бояд самаровар бошад. Омӯзгор чун ҳар рӯз вориди синфхона мешавад, бояд дар назди виҷдони худ ҳисобот диҳад. Аз худаш пурсон шавад, ки имрӯз ӯ ба фарзандони мардум чи дода тавонист. Аз ӯ чиро омӯхта тавонистанд.
Муаллими бевиҷдон метавонад, ки аҳли синфро фиребад. Бо беҳудагӯӣ вақтро гузаронад. Аммо боз ҳам андаке виҷдон лозим аст, ки ин муаллим аз худ шарм кунад.
Муаллим бояд дорои ҷаҳонбинии фарох бошад. Ӯ вазифадор аст, ки 5-6 дақиқаи аввали ҳар дарси худро дар такя ба донишу ҷаҳонбинияш ба тарбияи ахлоқиву маънавии шогирдон бахшад. Муаллим бояд пурмутолиа ва аз ҷараёни воқеоти рӯз хабардор бошад. Масалан, агар рӯзи дарсияш ба иди энергетикҳо рост омада бошад, ҳеҷ зарар надорад, ки дар ин мавзӯъ бо шогирдони наврасаш маълумот пешниҳод кунад. Ё агар 9-май аст, бояд муаллим доир ба ин санаи таърихӣ чизе ба шогирдон гуфта тавонад.
Муаллим бояд лутфу муҳаббати комил дошта бошад. Дарвоқеъ, ба аҳли синф назари хайрхоҳонаву дилсӯзона доштанаш боис мешавад, ки шогирдон ба ӯ бовар кунанду дӯсташ доранд. Муаллим бояд илмдиҳанда бошад, на азоби алимдиҳанда, ки дар ниҳояти кор шогирд ба ӯ нафрат пайдо кунад. Баъди ҳар як сахтгирии худ муаллим вазифадор аст, ки бо лутфу меҳрубонӣ шогирдонро дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ тарбия намояд.
Алишер ТАҒОЕВ,
омӯзгори мактаби №71,
шаҳри Ваҳдат
Иловакунӣ
Иловакунии фикр