Мусаллам аст, ки адиби борикбину мушоҳидакори рус А.П. Чехов ба арсаи адабиёт бо таълифи фелетону новеллаҳои хурд ворид гардида, дар як муддати кӯтоҳ (панҷ сол) тақрибан 300 новелла эҷод мекунад, ки ҳама дар маҷаллаҳои «Стрекоза» ва «Будильник» ба табъ расида, диққати ҳаводорони каломи бадеъро ба худ ҷалб мекунанд. Чехов устоди насри психологӣ буда, дар офаридани образу характерҳои мардуми рус, чи мусбату чи манфӣ, чирадаст маҳсуб меёфт. Ҳикояҳои ҷаззобу воқеънигоронаи адиб, аз ҷумла, «Одам дар ғилоф», «Марги амалдор», «Унтер Пришибеев», «Одами ғафс ва борик», «Буқаламун» ,«Бону бо сагчааш», «Ғижаки Ротшилд», «Князхонум Олга» ва амсоли инҳо дорои танқиди шадиди иҷтимоӣ буда, дар ифшои разолату қабоҳати сиёсати ҳукуматдорони давр нақши муассир ва мондагорро доро мебошанд. Таъсири А.Чехов ба нависандагони тоҷик хеле бузург ва самаровар мебошад. Нахустин маротиба ҳикояҳои адиби машҳури рус аз ҷониби нависандагони шинохтаи тоҷик Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Пӯлод Толис, Ҳабиб Аҳрорӣ тарҷумаву нашр шуда, баъдтар ин анъанаро Ӯрун Кӯҳзод, Ҳабиб Имодӣ, Абдулҳамид Самад, Абдураҳмон Абдуманнонов, Абдуғаффор Партав ва дигарон идома дода, дар муаррифии бештари ҳикояву қиссаҳои А.Чехов саҳми босазо гузоштаанд. А.Чехов ҳамчун новелланавис шуҳрат ёфта, дар эҷоди асари бадеӣ, хусусан ҳикоя, кӯтоҳбаёнӣ, муъҷазгуфторӣ ва тасвиру бозтоби ихчамро аз шартҳои аввалину асосӣ меҳисобид. Дар хотираҳои худ вай менависад, ки ба хона даромада, дар девор камони овезонро мебинед. Нависандаи ҳунарманд дар ин хусус тавре бояд ҳикоя нависад, ки аз камони дар девор овезон тир паронда шавад. Ба эҷодиёти А.Чехов нависандаи нобиға Л. Толстой баҳои баланд дода, доимо таъкид мекард, ки муҷазбаёниро бояд аз ин нависандаи беҳамто омӯхт.
Саида Субадорова,
омӯзгори мактаби №24,
ноҳияи Фирдавсӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр