Интихоби касб яке аз масъалаҳои муҳим дар ҷараёни таълиму тарбия ба ҳисоб меравад.
Касбинтихобкунӣ дар даврони мактабхонӣ 3 марҳиларо дар бар мегирад. Марҳилаи аввал аз синфи 1 то 5 ба ҳисоб рафта, хонандагон дар ин давра дар вақти пурсиш оид ба интихоби касб посух медиҳанд, вале ба касби интихобкардаи худ содиқ нестанд, зеро интихоби онҳо сатҳӣ мебошад.
Марҳилаи дуюми интихоб аз синфи 5 то 10 мебошад. Дар муқоиса дида мешавад, ки бо тағйири синну сол хонанда дигар касбро интихоб кардааст.
Марҳилаи сеюм аз синфи 10 то 11, яъне давраи ниҳоӣ мебошад. Давраи ниҳоии интихоби касб дар мактаб - интернат аз синфи 5 то 10 мебошад.
Интихоби касб яке аз соҳаи муҳими мушкили коррексионӣ - тарбиявӣ бо кӯдакони имконияташон маҳдуд ба ҳисоб меравад. Бо мушкилие, ки омӯзгори фанни таълими меҳнат рӯ ба рӯ мешавад, ин дастовардҳо, навоварӣ бо кӯдакони ҷисман нуқсондошта мебошанд.
Мутахассисон дар нақшаи методии барномаи коррексионӣ барои инкишоф додани маҳорати хонандагони ақлан қафомонда дар синфҳои 5-9 -и мактаб - интернатҳои махсус омӯзиши касбҳои дуредгарӣ, дӯзандагӣ ва хоҷагидориро дохил намудаанд. Дар нақшаи ҷойдошта касби дуредгарӣ ва дӯзандагӣ барои инкишоф додани кӯдакони ҷисману рӯҳан қафомонда бештар истифода бурда мешавад. Ҷолиби қайд аст, ки ин намуд корҳо дар оянда барои соҳиби касб шудани кӯдакони ақлан қафомонда нақши муҳим мебозанд.
Барои ин бо роҳҳои махсуси тайёрӣ аз оғози роҳандозии таълими меҳнат дар синфи 5 истифода бурдан зарур аст. Аз рӯи нақша ва мундариҷа бояд чунин меъёрҳоро иҷро кунем:
1) Интихоб намудани касб;
2) Ба хонандагон омӯзонидани мақсади интихоби касб;
3) Ҷалб намудани хонандагони синфи 5 дар дарсҳои таълими меҳнат барои интихоби касб;
4) Кор бо падару модарон;
Дар интихоб намудани касб барои хонанда роҳбари синф, омӯзгорони касбии меҳнат, мураббиён бояд бо духтур ё ҳамшираи шафқат робитаи мустаҳкам дошта бошанд, зеро духтур ё ҳамшира дар интихоби касби кӯдак нақши муҳимро мебозанд. Барои бештар ва хубтар ҷалб намудани хонандагон ба интихоби касб дар мактаб - интернат устохонаю дарсгоҳи дӯзандагӣ, гӯшаҳои касбинтихобкунӣ, китобҳои махсус барои интихоби касб ва васоити аёниро истифода намудан лозим аст.
Диловар Абдулов,
омӯзгори мактаб – интернати
махсуси таҳсилоти асосии №2-и
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр