Нашрияи Омӯзгор

Зи ҷӯе, ки хурдӣ аз он оби пок...

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 745        Шарҳ: 0

Тибқи иттилои мутахассисон, имрӯз дар тамоми кишварҳои ҷаҳон талабот ба об 17 маротиба зиёд гардидааст. Тахмин меравад, ки соли оянда ин нишондод се маротиба зиёд мешавад. То соли 2030 67% - и аҳолии сайёра ба ин мушкилӣ дучор мегарданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 947 дарёи дарозиашон аз 10 то 3000 км мавҷуд аст, ки ҳамаашон кӯҳиянд. Дарозии умумии ин дарёҳо қариб 30000 км аст ва дар давоми як сол аз онҳо 60 миллиард метри кубӣ об ҷорӣ мешавад.

Дар мамлакат оид ба оқилона истифода бурдани захираҳои обӣ чораҳои зарурӣ дида мешаванд. То ин дам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсия оид ба оқилона истифодабарӣ ва муҳофизати захираҳои обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», барномаҳои миллии «Оид ба гигиена ва муҳофизати муҳити атроф», «Оби тоза ва санитария» - ро қабул намудааст. Инсон бо табиат зинда аст, зеро табиат манбаи ҳаёт дар кураи замин мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди азизи мо бо рафтору кирдори нек ва дониши комил оид ба табиат барои оқилона истифода бурдани захираҳои обӣ бояд саҳмгузор бошад ва мавқеи инсониро дар муносибат ба муҳити зисти солим баланд бардорад.

 

Саидҷафар Маҳмадов,

омӯзгори технологияи иттилоотӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш