Дар мактаби мо иттиҳодияҳои методии фанҳои ҷамъиятӣ – гуманитарӣ, табиӣ – риёзӣ амал менамоянд. Мувофиқи нақшаи иттиҳодияи методии фанҳои табиӣ – риёзӣ ман дар синфи 8 аз фанни географияи Тоҷикистон дарси кушод гузаронидам. Дарс бо иштироки падару модарон ва омӯзгорон баргузор шуд. Мехоҳам якчанд лаҳзаи ин дарсро ҳамчун табодули таҷриба манзури ҳамкасбони худ гардонам.
Дар қисмати ташкилии дарс аз шогирдон ахбороти сиёсӣ пурсида, синфро ба 4 гурӯҳ тақсим намудам. Пасон барои такрори мавзӯъҳои гузашта ба хонандагон ба таври кӯтоҳ саволҳо пешниҳод намудам: а) Мадейра шохоби кадом дарё мебошад. б) Саъдии Шерозӣ дар тӯли ҳаёти хеш ба кадом қитъаҳои олам сафар кард? в) Омилҳои бавуҷудорандаи иқлим кадомҳоянд? г) Сабабҳои гармшавии иқлимро дар чӣ мебинед?
Хонандагон ба саволҳо ҷавоби мушаххас гардониданд. Сипас ба пурсиши вазифаи хонагӣ шурӯъ кардам. Хонандагонро ба гурӯҳҳо тақсим намудам. Хонандагон бо навбат ба саволҳо ҷавоб медоданд, аъзои гурӯҳҳо фикрҳои ҳамдигарро пурра менамуданд.
Мавзӯи нав чунин буд: Обҳои дохилии Тоҷикистон. Дарёҳо
Нақшаи мавзӯъро ба шогирдон шинос карда, сухани худро аз сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи амалии ташаббуси чоруми ҷаҳонии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои об - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» оғоз намуда, аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иқтибосҳои мувофиқ овардам.
Ҳамин тариқ, дар бораи обҳои дохилии кишвар ба хонандагон маълумот дода, зимнан зикр кардам, ки дар ватани мо шумораи дарёҳое, ки дарозиашон аз 10 км дарозтаранд, 947 адад буда, дарозии умумии онҳо 28500 км-ро ташкил медиҳад. Ба хонандагон супориш додам, ки дарёҳои Тоҷикистонро аз қабили Сир (2663 км), Панҷ (921 км), Зарафшон (877 км), Вахш (524 км), Қизилсу (235 км) ва ғайра ба харитаи контурӣ гузаронанд.
Гулнора Асатуллоева,
омӯзгори фанни географияи
мактаби №12, шаҳри Ваҳдат
Иловакунӣ
Иловакунии фикр