Олими маъруф ва шинохтаи тоҷик, академик Муҳаммад Осимӣ муддати 23 сол вазифаи Президенти Академияи илмҳои кишварро ба зимма дошт. Ӯ баъди хотима ёфтани Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки 5 сол худи ӯ дар ҷабҳаҳои он иштирок дошт, фаъолияти илмиашро оғоз кардааст. Муҳаммад Осимӣ ҳамчун яке аз қаҳрамонҳои он ҷанг ба Ватан баргашт, вале дар ниҳоят, аз дасти ҳамватанони ҷоҳилу бадхоҳони миллаташ ба қатл расид.
Муҳаммад Осимӣ, ки узви вобастаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, узви ҳақиқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми фалсафа, профессор буд, дар тӯли ҳаёти пурбаракати худ тавонист барои рушди соҳаҳои мухталифи илм мусоидат намояд.
Ӯ 1-уми сентябри соли 1920 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таваллуд шудааст. Солҳои 1934-1937 дар рабфаки хоҷагии деҳотии шаҳр таҳсил кардааст. Сипас таҳсили худро дар шуъбаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии ба номи Алишер Навоии Самарқанд идома дода, онро соли 1941 бомуваффақият хатм менамояд.
Муҳаммад Осимӣ фаъолияти кории худро дар Институти педагогии ба номи С.М. Кирови шаҳри Ленинобод (ҳоло ДДХ ба номи Б.Ғафуров) оғоз намуда, дар вазифаҳои мудири кафедраи физика ва ҷонишини директор оид ба корҳои илмию таълимӣ кор мекард.
Солҳои 1952-1955 дар аспирантураи Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ таҳсил намуда, дар соҳаи фалсафа рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.
Муҳаммад Осимӣ соли 1966 нахустин ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таъйин шуда, дар ташаккули ин боргоҳи илм хизматҳои шоистаро ба анҷом расондааст. Соли 1965 президенти Академия илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Ӯ дар тарҷумаи тоҷикии китобҳои дарсии физика, геометрия, астрономия, асосҳои фалсафа низ хизмати босазое кардааст.
Ҳамзамон, Муҳаммад Осимӣ ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ низ буд. Осимӣ дар давоми фаъолияти ҷамъиятии худ вакили Шӯрои Олии ИҶШС, узви КМ Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино, раиси ҷамъияти «Дониш» -и ҷумҳурӣ, раиси Кумитаи омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ дар назди ЮНЕСКО, узви хориҷии ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Таърихи илми араб» -и Донишгоҳи шаҳри Ҳалаби Сурия буд. Осимӣ дар авҷи камолоти илмӣ буд ва корҳои нотамоми зиёде дошт. Аммо душманони миллати тоҷик бо амали нангини худ нагузоштанд, ки бисёр нақшаҳои неки ин олими забардаст амалӣ гарданд.
Субҳи 27-уми июли соли 1996, вақти ба кор рафтан ин олими шинохтаю тавоно дар роҳ аз ҷониби нохалафони наҳзатӣ - душманони тоҷику тоҷикистонӣ бо шеваи ниҳоят бераҳмона ва тарсуёна кушта шуд. Чанд сол пеш мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон муайян ва исбот карданд, ки ин ҷинояти мудҳиш кори дасти террористони наҳзатист. Ба ақидаи мо, қотилони наҳзатӣ бо нобуд кардани ин олими қудратманди тоҷик чанд ҳадаф доштанд:
- бо куштани Осимӣ душманони миллати тоҷик, ки ағлабашон ҳаводори исломи сиёсӣ буданд, мехостанд, ки рушду нумуи илм ва фарҳангро дар кишвар боздоранд ва ба ифротгароии худ роҳ кушоянд;
- бо қатли ин олими забардасту тавоно террористони наҳзатӣ, ки душмани аслии илму маърифат ҳастанд, умед доштанд, ки мардум ва хусусан равшанфикрону озодандешонро тарс диҳанд;
- бо нобуд сохтани Осимӣ ҷоҳилону худбохтагони наҳзатӣ хостанд мардуми тоҷикро ба нестӣ баранд, чунки вақте илму олимро дар ҷомеа беқадру хор месозӣ, худ ба худ ҷомеа нест мешавад.
Аммо террористони наҳзатӣ ба ҳадафҳои нопоки худ нарасиданд, чунки рӯҳи озодихоҳӣ, маърифатпарастӣ ва тараққиписандии мардуми моро шикаста натавонистанд.
Имрӯз дар кишвар ба шарофати сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илму дониш рушд мекунад, садҳо осимии нав ба воя расида истодаанд, ки дар оянда барои рушду нумуи илми тоҷик саҳми назаррас хоҳанд гузошт.
Фаридуни Ориёӣ,
коршиноси умури сиёсӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр