Нашрияи Омӯзгор

Таълими достони «Хайр ва Шар»

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 894        Шарҳ: 0

Барои баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии хонанда шаклу усулҳои нави ғайрианъанавии таҳлил вуҷуд доранд, ки онҳоро бояд омӯзему истифода барем.

Истифодаи ин усулҳо мушкилоти зиёдеро баҳри омӯзиши асарҳои бадеӣ осон мегардонад, инкишофи нутқ, фаъолияти андешаронӣ, қобилияти фикрӣ, маҳорати эҷодкории хонандаро ташаккул медиҳад.

Ҳоло аз таҷрибаи чандинсолаи худ намунаеро ҳамчун дарс-викторина дар асоси достони «Хайр ва Шар»-и Низомии Ганҷавӣ манзуратон мегардонам, ки мақсад аз ин тарбияи маърифатӣ ва ахлоқии шогирдон аст.

Аҳли синф ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Гурӯҳҳо ба худ номеро интихоб мекунанд. Саволномаҳо байни ду гурӯҳ пешниҳод мегарданд ва аз тарафи доварон баҳогузорӣ мешаванд.

Саволномаҳо чунинанд:

1. Дар бораи Низомии Ганҷавӣ чӣ медонед?

2. Ин мисраъҳо аз кадом шоиранд?

Дониш талабу бузургӣ омӯз,

То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.

3. Достони «Хайр ва Шар» дар дохили кадом асар ҷо гирифтааст?

4. «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ чӣ гуна асар аст?

5. Ин байтҳо ба кадом образҳои достони «Хайр ва Шар» дахл доранд?

а) Машке аз об карда пинҳон дур,

Дар харита нигоҳ дошт чун

дурр.

б) Гарчи дар тоби ташнагӣ

месӯхт,

Лаб ба дандон зи лоба

бармедӯхт.

в) Дар пайи нола шуд, чу нола

шунид,

Хуфта бар хоку хун ҷавоне дид.

г) Аз барои алаф ба саҳро гашт,

Галаро мечаронд дашт ба дашт.

6. Суханони кадом каҳрамонони

асаранд?

а) Шарбате об аз он зулоли чу

нуш,

Ё ба ҳиммат бибахш, ё бифурӯш.

7. Кӣ ба Хайр чунин муносибат

кард?

а) Ба таваллои худ азизаш кард,

Ҳокими хонумону чизаш кард.

б) Наргисашро ба теғ гулгун

кард,

Гавҳарашро зи тоҷ берун кард.

в) Соқии нӯшлаб, калида наҷот,

Додаш обе бе лутф-оби ҳаёт.

8. Аз ин мисраъҳо кадом хислати

Хайрро фаҳмидед?

а) Ман, ки ноншон хурам ба

дарвешӣ,

Кай ниҳам чашми хеш бар хешӣ?

б) Гарчи дар тоби ташнагӣ

месӯхт,

Лаб ба дандон зи лоба

бармедӯхт.

9. Санъатҳои бадеии мисраъҳои

зеринро муайян кунед.

а) Дар чароғи ду чашми ӯ зад

теғ,

Н-омадаш куштани чароғ дареғ.

б) Чун ду наргис кушод сарви

баланд,

Дурҷи гавҳар кушода гашт зи

банд.

10. Луғатомӯзӣ.

11. Тартиб додани нақл аз рӯйи расмҳои кашидаи шогирдон аз руйи мазмуни асар

12. Навиштани тавсифномаи образҳои асар: Хайр ва Шар

13. Навиштани нома ба  каҳра-мони асар

Баъди чунин дарс хонанда моҳияти қоидаҳои ахлоқиро дарк карда, аз рӯи он амал мекунад. Ба  одобу ахлоқи худ ва ҳамсолонаш аз нуқтаи назари танқидӣ баҳо медиҳад.

Ҷамила Одинаева,

омӯзгори забон ва адабиёти

тоҷики муассисаи таҳсилоти

миёнаи умумии рақами 82-и

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш