Нашрияи Омӯзгор

Роҳу усулҳои тарбияи ахлоқӣ зиёданд

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ муассисаи таълимии тахассусӣ буда, ҳадафи он омода намудани кадрҳои соҳаи мусиқии касбӣ мебошад.

Ин дабистон дар асоси озмун кӯдакони соҳибистеъдодро аз 7 - солагӣ ба таҳсил фаро мегирад, ки давомнокии омӯзиш аз синфи 1 то 11 мебошад. Бояд ёдовар шуд, ки дастпарварони ин боргоҳи ҳунар пас аз хатм соҳибкасб гардида, бештар ба консерваторияҳо ва макотиби олии соҳаи санъат дохил мегарданд. Инчунин, дар муассисаҳои фарҳангӣ низ метавонанд ба ҳайси ҳунармандони оркестр ё консертмейстерҳо фаъолияти кории хешро идома диҳанд.

Бо назардошти он, ки муассисаи мазкур дар кишвар ягона мактаби махсусгардонидашудаи мусиқӣ мебошад, дар наздаш хобгоҳи бачагона созмон дода шудааст. Хобгоҳ дар фаъолияти мактаб нақши бориз дорад. Биноан, дар ин раванд имрӯз чигунагии мавқеи мураббии тарбиятгирандагони ин хобгоҳро аз назар мегузаронем.

Тавре маълум аст, кӯдакони хобгоҳ аз оилаҳои гуногун буда, дорои хислату табиати ҳархелаанд. Масалан, яке ботамкин, дигаре серҳаракат ё тундмизоҷ. Мураббии навкор ё камтаҷриба дар чунин ҳолат бо кадом усул фаъолияти кории худро пеш мебарад?

Лозим ба ёдоварист, ки сараввал аз ҷониби маъмурияти таълимгоҳ бояд реҷаи кории хобгоҳ ва аҳли он дуруст таҳия ва тасдиқ карда шавад. Инчунин, тарбиятгар пеш аз ҳама, касби интихобкардаи худро дӯст дорад ва калиди ботину рафтори ҳар як тарбияёбандаро ёфта тавонад. Оид ба  ҳайати муҳассилини худ, хусусан, доир ба шароити оилавии ҳар яки онҳо маълумоти мукаммал дошта, доимо аз амалҳои онҳо хабардор бошад, то даме ки шогирдаш имрӯз ғизо истеъмол кардааст ё на. Мебояд алоқаи дуҷонибаро бо кӯдак дуруст ба роҳ монда, дарк кард, ки мураббӣ алҳол вазифаи сардори оилаи калонро ба зимма гирифтааст ва  ҳамзамон ӯ барои кӯдак намунаи ибрату шахси роҳбалад аст.

Дигар, ин алоқаи мутақобилаи мураббӣ бо устодони тахассусию роҳбарони синфҳо, духтуру равоншиноси мактабӣ ва волидон мебошад. Агар равобит бо шахсони болозикр суст ба роҳ гузошта шуда бошад, он гоҳ мураббӣ метавонад аз бисёр корҳои иҷрогардида ё амалҳои ноҷои шогирд бе маълумот монад, ки ин омил эҳтимоли оғози корҳои ношоистаи баъзе наврасон ҳам мегардад. 

Илова бар ин, роҳи муваффақияти дигар, ин омӯзиши методи корбарии муосир, азхудкунии муҳтавои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа ва ҷиддан татбиқ намудани нишондиҳандаҳои ин аснод дар таҷриба мебошад. Барои ба суолҳои хонандагон ҷавоб дода тавонистан, бештар китобҳои бадеию методиро мутолиа намуда, каме аз ихтисосҳои донишомӯзон ҳам тасаввурот доштан зарур меояд. Ин вазифа бештар таҳаммулпазирӣ, такомули пайвастаи дониш, эҷодкорӣ, эҳсоси шодию хушодобӣ, адолатнокӣ ва кори инфиродиро тақозо менамояд. Яке аз комёбиҳоро мо дар бозпурсӣ, некхоҳию самимият ва инсонпарварӣ ҳам мебинем. Масалан, аз болои сару либос ва ҳолати санитарию гигиении утоқҳо назорат бурда, ҷанбаҳои покиза нигоҳ доштани утоқҳоро ба шогирдон оромона фаҳмонем, аллакай аз ин амал шогирд ҷиҳатҳои мусбату манфии масъаларо ба хубӣ дарк мекунад ва дар хобгоҳ низоми ягона низ аз ҳамин лаҳзаҳо сарчашма мегирад. Воқеан ҳам, агар мо бо шогирдон мунтазам бо овози гӯшхарош муносибат карда, ҳамеша фармоишҳои беасосро наздашон гузорем, бо ин васила назди онҳо метавонем эътибори худро аз даст диҳем. Умуман, ба коллективи хонандагон ҳар як муроҷиат аҳамияти махсусро талаб мекунад.

Ба мураббиёни ин мактаб-интернат доимо тавсия дода мешавад, ки ғайр аз такмили дониши педагогию психологӣ боз роҳҳои ташкили истироҳату бозиҳои варзишӣ, қоидаҳои гигиена ва ёрии аввалии тиббиро дар худ такмил диҳанд. Барои раҳнамоию аз назар гузаронидани иҷрои вазифаҳои хонагии хонандагон хубтар чораҷӯӣ кунанд. Бештар бо воситаҳои аёнии тарбиявию зебоишиносӣ кор баранд.

Ҷасур Комилов,

муовини директори мактаб-

интернати миёнаи махсуси

мусиқии ҷумҳуриявӣ

ба номи З. Шаҳидӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш