Нашрияи Омӯзгор

Инсондӯсту донишмандро тарбия кунем

Сана: 2018-05-07        Дида шуд: 761        Шарҳ: 0

Мавзӯъ: Аттори Нишопурӣ ва ҳикояҳо аз “Тазкират-ул-авлиё” бо номи “Иброҳими Адҳам”, “Модари Шофеӣ” дар синфи 5-ум.

Салоҳиятҳо: - хонанда ҳикояҳоро хонда метавонад; - мазмуни ҳикояҳоро нақл карда метавонад; -хулоса бароварда метавонад; -бо ҳаёти имрӯза муқоиса намуда, ибрате ба худ мегирад; -нисбат ба ҳунару ҳунармандӣ меҳру муҳаббат пайдо мекунад.

Дар дарс расми шоир, варақчаҳои ранга, буклетҳо, кластерҳо, расми мақбараи шоир, лавҳаи калони рангаи асарҳои шоир, лавҳаи калони луғат, расми канони дарахте, ки дар баргҳояш ҳарфҳо навишта шудаанд, ба таври васеъ истифода бурда мешаванд.

Дарс чунин ҷараён мегирад:

Хонандае дар нақши Аттор ба синфхона медарояд. Муғул мехост Шайхро ба қатлгоҳ барад. Шайх Аттор гуфт:-Кулоҳи намад бар сару шамшери мисрӣ дар камар барои тороҷу қатл аз Туркистон омадӣ ва медонӣ, ки дар ин парда туро намешиносанд?

Муғул хост, ки Шайхро ба қатл расонад. Дар ин ҳангом талабаи дигар дар сурати шахсе пайдо шуду гуфт:

-Макуш, бар ивази хуни ин ҳаждаҳ ҳазор дирҳам медиҳам.

Шайх Аттор ба муғул гуфт:

- Мафурӯш, ки қимати ман зиёда аст.

Боз дар роҳ нафаре шайхро хариданӣ мешавад, аммо Шайх розӣ намешавад. Пас аз каме роҳ паймудан шахси дигаре омаду гуфт:-Дар бисотам як тубра коҳ дорам, ин пирро ба ман бифурӯш.

Шайх Аттор гуфт:

-Бифурӯш, ки беш аз ин намеарзам.

Золими тангчашм ба ғазаб омад ва Шайхро “шарбати шаҳодат чашонид”...

2. Мавзӯи нав. Ҳикояҳо аз “Тазкират-ул-авлиё”

Кор бо луғат: тазкира-зикр кардан, авлиё-ҷамъи валӣ, дӯст, содиқ, одами муқаддас, бузургон.

Хониши ҳикояи “Иброҳим Адҳам” аз ҷониби шогирдон ва нақли мазмуни он.  Саволҳои зерин ба шогирдон пешниҳод карда мешавад:

- Иброҳим подшоҳи кадом шаҳр аст? Дар хобаш чиро дид? Ба сарой кӣ даромад? Работ чӣ будааст? Аз ҳикоя чӣ хулоса баровардед?

3. Хулосабарорӣ аз ҳикояи аввал: -аз ин олам ҳама меравад, вале кори неку номи неку ҳунар боқӣ мемонад.

4. Ба гурӯҳи шогирдон “Эпика”, “Лирика” ва “Драма” варақча дода мешавад, ки байти онро шарҳ диҳанд ва ҳикоятҳо гуфта, ба ҳаёти имрӯза вобаста кунанд.

5. Қироати ҳикояи “Модари Шофеӣ”. Шофеӣ шашсола буд, ки ба дабиристон мерафт ва модараш зоҳидае буд аз Бани Ҳошим, ки мардум амонат ба ӯ месупурданд.

Кор бо луғат: Зоҳид-худотарс, парҳезгор. Бани Ҳошим-аҷдоди Расули Акрам Муҳаммади Мустафо.

Пас аз нақли мазмуни матн аз ҷониби шогирдон саволҳои зерин барои хулосабарорӣ пешниҳод мешавад:

-Чаро мардум амонати хеш ба модари Шофеӣ месупориданд? Модар аз чӣ хафа шуд? Шофеӣ модарашро чӣ тавр аз даъвогар халос кард? Одам бояд чӣ гуна бошад? Аз ҳикоят чӣ хулоса баровардед?

6. Ба саҳна гузоштани мазмуни ҳикояти “Модари Шофеӣ”

Иштироккунандагон: модар, писар ва ду нафар амонатгузор.

7. Хулосабарорӣ. Савол пешниҳод мешавад:

-Барои чӣ модар ҷомадонро ба як нафар дод? Модари Шофеӣ чӣ ҳунарҳо доштааст? Соли 2018 чӣ гуна сол эълон шудааст? Шумо кадом ҳунарҳоро меписандед? Чаро?

8. Аз ҳар гурӯҳ якнафарӣ перомуни модари худ ҳикояте мекунад ва ба тариқи “Кластер” сифатҳои модарро бачаҳо дар дафтарҳояшон менависанд:

-Модари ғамхор, ҳалолкор, инсондӯст, зоҳида, меҳрубон, азиз, ширинзабон, нозанин, соҳибҷамол, шариф, зудбовар, ҳунарманд, дӯзанда, гулдаст, чаққон, чобук, саҳархез, порсо, отифа, доно, мушкилкушо, заҳматкаш, пурзӯр, нотарс, далер, пазанда, хушовоз, зебо, паричеҳра, гуландом, гулчеҳра, хушқомат, пуртоқат...

9. Пурсиши мавзӯъҳои гузашта оид ба ҳаёт ва эҷодиёти устод Рӯдакӣ, Бӯалӣ, Аҳмади Ҷомӣ.

10. Ангезиши зеҳн: Ба шогирдон расми калони “Дарахти дониш” пешниҳод мешавад, ки дар баргҳои он ҳарфҳои зиёде навишта шудааст. Бачаҳо дар натиҷаи ҳарфҳоро ҷо ба ҷо гузоштан бояд номи асарҳои Шайх Атторро биёбанд: “Панднома”, “Илоҳинома”.

11. Вазифаи хонагӣ. Ҳикояҳоро бори дигар аз саҳифаи 109 то саҳифаи 111 хонед, калима ва ибораҳои душворфаҳмро азёд кунед. Мазмуни ҳикояҳоро ба аҳли хонадонатон нақл намоед ва хулосаи онҳоро гиред.

Дар охири дарс ҳама бо як овоз байти Шайх Атторро мехонанд:

Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз,

То азизи дигарон бошӣ ту низ!

 

Қиёмиддин ЁДГОРОВ,

омӯзгори мактаби №52-и

шаҳри Ҳисор 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш