Нашрияи Омӯзгор

Шуҳрати аздастрафтаро эҳё бояд кард

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 745        Шарҳ: 0

Дар яке аз шумораҳои ҳафтаномаи «Омӯзгор» мақолаи рӯзноманигор Шодӣ Раҷабзодаро бо номи «Отрядҳои донишҷӯёни бинокор ва лагерҳои меҳнатиро эҳё бояд кард» мутолиа намудам.

Муаллиф ба ёд овардааст, ки отрядҳои донишҷӯёни бинокор дар давоми таътили тобистона дар тамоми қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷумҳуриамон таъсис ёфта, фаъолияти пурсамар доштанд.

Мо ҳам дар давраи донишҷӯӣ дар факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳангоми таътили тобистона ба шаҳрҳои Астрахану Волгоград ва вилояти Иркутскии Федератсияи Россия рафта, дар ҳайати отрядҳои бинокорӣ ба корҳои сохтмонӣ машғул мешудем.

Дар ин давра дар байни ҷавонон дӯстию рафоқат мустаҳкам мешуд, ҷавонон дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан тарбия меёфтанд. Баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ донишҷӯён соҳиби маблағе мешуданд, ки ин ба буҷаи оилавиашон кумак мерасонид.

Муаллиф дуруст навиштааст, ки барқарор намудани отрядҳои донишҷӯёни бинокор  ба манфиати кор аст. Дар ҳоле ки имрӯз дар баъзе манотиқи кишварамон – ноҳияҳои Ҷайҳун, Носири Хусрав (водии Бишкент), Қубодиёну Шаҳритуз, Данғара ба ғайр аз иншооти нотамоми сохтмонӣ садҳо гектар заминҳои бекорхобида мавҷуд аст.

Дар ҷумҳуриамон 39 мактаби олӣ фаъолият дорад. Агар дар фасли тобистон дар давраи таътил отрядҳои донишҷӯёни бинокор таъсис дода шаваду онҳо ба ёрии кишоварзон рафта, дар азхудкунии заминҳои бекорхобида, бунёди иншооти ирригатсионӣ, боғу токзорҳо саҳми худро гузоранд, ин боиси иҷро гардидани яке аз ҳадафҳои иқтисодии Ҳукумати ҷумҳурӣ - амнияти озуқавории мамлакат мегардад.

Аз сабаби он ки як қисми аҳолии кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишварҳои хориҷӣ қарор доранд, дар бисёр хоҷагиҳои кишоварзӣ қувваи меҳнатӣ намерасад.

Бисёр роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ки замини кишти зиёд доранд, аз сабаби нарасидани қувваи корӣ бо душвориҳо ва хароҷоти калон аз ҷамоатҳо ва ноҳияҳои ҳамсоя қувваи меҳнатии кироя (бо истилоҳ мардикорон) меоранд.

Дар ҳақиқат, солҳои 60-80-уми асри гузашта дар қаламрави ҷумҳуриамон қариб дар ҳамаи мактабҳо бригадаҳои истеҳсолии хонандагон фаъолият мекарданд. Ҳатто баъзе мактабҳо хоҷагиҳои ёрирасон (мурғпарварӣ, заргӯшпарварӣ) низ доштанд. Хонандагон баъди анҷоми соли таҳсил дар ҳайати бригадаҳои истеҳсолӣ ба парвариши пахта, ҷуворимакка, лаб-лабу ва дигар зироатҳои   кишоварзӣ машғул шуда, аз ҳисоби хоҷагиҳо (колхозу совхозҳо) маош ҳам мегирифтанд.

Ба андешаи ман, эҳёи отрядҳои донишҷӯёни бинокор ва бригадаҳои истеҳсолии хонандагон дар замони мо низ аҳамияти муҳим дорад.

 

Аъзам Бобоев, рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш