Нашрияи Омӯзгор

Ҳар навгонӣ пешравист

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 742        Шарҳ: 0

Ҳамагон огоҳем, ки аз соли 2016 дар мактабҳои кишварамон низоми таълими салоҳиятнок ҷорӣ карда шуд. Ин усули муосир дар муассисаҳои таълимӣ марҳила ба марҳила роҳандозӣ гардида истодааст.

Ин низом тақозо дорад, ки  дар дарсҳо бештар хонандагон фаъол бошанд. Агар дар усули анъанавии таълим омӯзгор фаъол бошад, яъне омӯзгор дар марказ бошад, аммо низоми таълими салоҳиятнок, баръакс, талаб мекунад, ки омӯзгор танҳо чун идоракунанда аз канор амал намояд ва хонандагон дар меҳвар қарор дошта бошанд. Бартарии ин муносибат дар он аст, ки мувофиқи талаботи он додани дониши тайёр ба хонанда муҳим нест, баръакс, равона кардани худи хонанда барои ҷустуҷӯи дониш муҳимтар аст. Хонанда худ ба татбиқи дониши гирифтааш  мувофиқат кунад.

Албатта, якуякбора ҳам омӯзгорон ва ҳам хонандагон пурра низоми мазкурро ҳазм карда наметавонанд; хоҳем – нахоҳем, ҳама гуна тағйирот бо душворӣ ба танзим дароварда мешавад. Аммо муҳим он аст, ки Вазорати маориф ва илм ин иқдомро роҳандозӣ намуд ва омӯзгорон шурӯъ карданд барои гузаштан ба чунин муносибат. Паҳлуи дигари масъала адабиёти чопшуда дар ин самт мебошад.  Тайи чанд сол аст, ки тавассути  ҳафтаномаи «Омӯзгор» ва маҷаллаҳои соҳаи маориф ин усул тарғиб ва баъзе паҳлуҳои он тавзеҳ бахшида мешавад.  Дар мавриди шинохти истилоҳҳои соҳавӣ дар ин самт низ корҳои зиёде анҷом дода шудаанд. Дар баробари ин, аз оғози соли гузашта барои омӯзгорони фанни химия, биология, ҷуғрофия, география ва технологияи информатсионӣ дастурҳо нашр карда шуданд ва ҳоло онҳо то ҳадди имкон метавонанд фаъолияти устодонро дар ин самт осон созанд. Яке аз ҷанбаҳои муҳими таълими салоҳиятнокӣ ин аст, ки дар навъи таълими мазкур бештар аз усулҳои  интерактивӣ истифода бурда мешавад, зеро ин усулҳо ҳам фаъол будани хонандаро дар синф талаб мекунанд. Аз ин нуқтаи назар онҳо ба ҳамдигар мувофиқат мекунад, лекин мо наметавонем гӯем, ки муносибати босалоҳият бо усулҳои интерактивии таълим як мафҳуманд; ин ҷо умумият ҳам ҳаст, фарқ ҳам аст. Низоми таълими муносибати босалоҳият ҳамон усулҳои интерактивиеро истифода мекунад, ки воқеан ҳам, дар онҳо фаъолияти самараноки худи хонанда ба назар гирифта мешавад.   Хонандагон дар низоми таълими босалоҳият, пеш аз ҳама, ҳамкориро меомӯзанд, муошират, муносибат ва иртиботро меомӯзанд, зеро онҳо ба ғайр аз дониш ва фаҳмиши фаннӣ, ҳамчунин, малакаю маҳорати дигарро, ки дар ҷамъият бо онҳо лозим мешаванд, инкишоф медиҳанд.

Ҷавҳари низоми босалоҳият ин аст, ки мавзӯи таълимӣ дар назди хонанда бояд ба таври проблемавӣ фаҳмондаю тавзеҳ гузошта шавад. Он бо воқеият, бо зиндагии хонанда алоқаманд дода 3шавад.

Бовар дорам, ки омӯзгорони арҷманд ба моҳияти низоми таълими босалоҳият комилан сарфаҳм мераванд ва сидқан ба татбиқи он дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ мекӯшанд.

 

Нигина ҚУРБОНОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш