Нашрияи Омӯзгор

162 тадқиқоти илмии кормандони марказ

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 744        Шарҳ: 0

-Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019 корҳои зиёдеро ба сомон расонд, ки таҳияи лоиҳаҳои қонунҳои ҷумҳурӣ «Дар бораи арбитражи байналмилалӣ», «Дар бораи тиҷорати электронӣ», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» ва ғайра аз ҳамин қабил маҳсуб меёбанд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори марказ Саидзода Иззатулло Ҳабибулло ва афзуд, ки Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва Кодекси экологӣ дар баррасии гурӯҳи корӣ қарор дорад. Ҳамзамон дар робита ба самти фаъолият оид ба мутобиқгардонии қонунгузории муқовимат бо коррупсия ва мурофиаи ҷиноятӣ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои ҷумҳурӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати намояндагони қонунгузор, иҷроия ва судӣ гурӯҳҳои кории байниидоравӣ таъсис дода шуданд. Дар натиҷаи омӯзиш тавсияҳо оид ба такмили муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» омода гардид, ки 29 таклифро дар бар мегирад.

Доир ба гузаронидани тадқиқотҳои илмию таҳлилӣ оид ба ҳолат, раванди инкишоф ва амалияи истифодаи қонунгузорӣ ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили он Нақшаи корҳои илмию тадқиқотии марказ дар мавзӯи «Проблемаҳои актуалии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» қабул гардида, кор дар ин самт идома дорад.

Мураттабсозӣ  ва инвентаризатсияи қонунгузорӣ дар сомонаи расмии марказ дар саҳифаи махсус, ки «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дорад, дар шакли электронӣ дар нимсолаи якуми соли 2019 амалӣ карда шуд, ки 100 қонунро дар бар мегирад.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш