Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти густурдаи донишкада

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 742        Шарҳ: 0

Дар нишасти матбуотии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа ректори он Ф.Асомиддинзода ба суолҳои намояндагони ВАО посух гуфт.

Зикр шуд, ки дар донишкада 5 ихтисос аз рӯи зинаи таҳсили бакалавр таълим дода мешавад ва ихтисосҳои мазкур ба кафедраҳои пешбари факултаҳои филология Шарқ ва улуми исломӣ вобаста шудаанд.

Факултаи филология Шарқ пешбари ихтисосҳои забони хориҷӣ (арабӣ), информатика; таъриху диншиносӣ; таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ буда, факултаи улуми исломӣ пешбари ихтисосҳои улуми исломӣ; улуми Қуръонӣ мебошад.

Аз моҳи январи соли 2019 то моҳи июли соли ҷорӣ кормандон ва омӯзгорони донишкада 10 мақолаи илмӣ ва таълимӣ, 30 мақолаи илмию оммавӣ, 313 адад раддияву мақола ва изҳори назарҳо дар сомонаҳои интернетӣ вобаста ба маҳкум кардани мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон, ба миқдори 1120 вокунишу изҳорот оид ба масъалаҳои доғи рӯз таҳия ва нашр намуданд. Дар сомонаи расмии донишкада низ мақола ва раддияҳои пешниҳодшуда ҷой карда шудааст.

Илова бар ин, зиёда аз 8 нафар кормандону омӯзгорони донишкада дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар соли 2019 мувофиқи шартномаи тарафайн байни донишкада ва Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касби назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 5 нафар омӯзгори донишкада барои гузаштани курси такмили ихтисос аз фанҳои фалсафа, фарҳангшиносӣ ва забономӯзӣ сафарбар шуданд.

Донишкада соли 2019 ҷиҳати пешбурди корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷӯён як қатор чорабиниҳоро амалӣ намуд.

Дар маҷмӯъ, донишкада ду конфронси илмӣ - назариявӣ, се ҷаласаи корӣ, чор ҷаласаи ҷамъбастӣ, як ҷаласаи васеъ, се вохӯрӣ, як нишасти матбуотӣ, шаш мизи мудаввар, панҷ семинари илмӣ-назариявии донишкадавӣ, ҳашт ҷамъомади тантанавӣ, чор ҷамъомади тарбиявӣ, се маҳфили илмии донишкадавӣ баргузор намуда, ба тамошои ду намоишномаи тарбиявӣ донишҷӯёнро сафарбар кардааст.

Ш.Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш