Нашрияи Омӯзгор

96 донишҷӯ хориҷ гардид

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

- Дар асоси қарори комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол бори аввал дар таърихи донишгоҳи мо Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи тахассус доир ба ихтисосҳои «Иқтисодиёт», «Молия», «Бизнес – мудирияти соҳибкорӣ» ва инчунин, аз рӯйи ихтисосҳои «Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ: иқтисодиёти минтақавӣ» ва «Молия, гардиши пул ва қарз» таъсис ёфт, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шукрулло Хайрзода. Мавсуф афзуд, ин имкон медиҳад, ки устодон рисолаҳои худро дар вақти муайяншуда ва бе сарфи маблағи зиёдатӣ  ҳимоя намоянд.

Гуфта шуд, ки имсол донишгоҳро 1342 нафар хатм карданд, ки 44 нафарашон ба гирифтани дипломи аъло мушарраф гардиданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳафт нафар зиёд мебошад.

Иштироки шогирдони даргоҳ дар олимпиадаҳои фаннии байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ хушҳолкунанда аст. Соли ҷорӣ олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони «Фиристода бояд, ки доно бувад»  барпо гардид ва донишгоҳи мо ба ҳайси мизбон пазируфта шуд. Ин бори дигар аз нуфузи баланд ва мавқеи хоса доштани донишгоҳ дар байни дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дарак медиҳад.    

Дар донишгоҳ 37 нафар донишҷӯи ятими кулл дар шуъбаи рӯзона таҳсил менамоянд, ки нисбат ба онҳо таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир карда мешавад. Дар арафаи иди байналмилалии Наврӯз ба ҳамаи онҳо як ададӣ планшет тақдим гардид.

Бо китобҳои дарсӣ таъмин будани  донишҷӯён имкон медиҳад, ки онҳо саривақт супоришҳоро иҷро намуда, имтиҳонҳоро дар муддати муайяншуда  супоранд. Имрӯз  фонди китобхонаи донишгоҳ 95 ҳазору 245 адад китобро дар бар мегирад. Дар ДДМИТ барои донишҷӯёни минтақаҳои дурдаст се хобгоҳи ба талаботи имрӯза ҷавобгӯи  дорои 1010 ҷой мавриди истифода қарор дорад. Дар ин ҷо маркази компютерӣ таъсис дода шудааст, ки бист компютер ба шабакаи интернет васл карда шудааст.

Дар баробари ҳамаи ин шароитҳои созгор  донишҷӯёне ҳастанд, ки дарсшиканӣ мекунанд, барномаи таълимиро  азхуд намекунанд, тибқи низомномаи тасдиқгардидаи донишгоҳ амал наменамоянд. Натиҷаи ҳамин буд, ки дар нимсолаи сипаришуда бо ҳамин ва дигар сабабҳо 96 нафар аз сафи донишҷӯён хориҷ карда шуданд. 

Ректор қайд кард, ки дар шаш моҳи аввали соли 2019 теъдоди иштироки устодон ва кормандони донишгоҳ дар курсҳои бозомӯзӣ, семинарҳо, конфронсҳои илмӣ ва симпозиумҳо дар дохил ва хориҷи кишвар ба ҳашт нафар расид. Ин имкон медиҳад, ки  устодони ин даргоҳ обрӯи донишгоҳро дар байни дигар муассисаҳои олии дохил ва хориҷи кишвар баланд бардоранд.

Аҳли донишгоҳ тасмим гирифтаанд, ки то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бинои таълимии чорошёнаеро сохта ба истифода диҳанд. Ректор, ҳамчунин, ба журналистон аз хусуси фаъолияти таълимию методӣ, илмию  тадқиқотӣ, тарбиявию ташкилӣ иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагии донишгоҳ маълумот дод.      

 

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш