Муаллим Мусавӣ одатан баъди таоми шом бо аҳли оила ва фарзандон гарму ҷӯшон суҳбат меорост, ҳолу аҳвол мепурсид, аз фаъолияти ҳаррӯзаи фарзандони мактабхонаш пурсон мешуд, то ҷое ки имкон буд, дар иҷрои вазифаи хонагиашон кумак мекард.
Алалхусус, лутфи ӯ бо ҳамсараш дар тӯли солҳои зиёди зиндагиашон лаҳзае кам намешуд. Ҳатто ҳангоми суҳбат бо фарзандон ҳар замон нигоҳи гарме ба занаш Меҳрбону меафканд, гоҳо чашмакӣ ҳам зада мемонд, ҳарчанд ки Меҳрбону ин амалҳои муаллимро «қилиқи хунук» маънидод мекард. Самимияту меҳрубониҳои доимии муаллим зиндагии онҳоро ҳарорат мебахшид.
Мусавӣ ин бегоҳ баъди шомхӯрӣ «қадре кор дорам» гӯён вориди ҳуҷраи худ шуд ва паси мизи хатнависӣ нишаст. Завҷааш чойники пахтагули пурчойро рӯи мизи корӣ гузошта, ба қафо баргашт. Ӯ бо гӯшаи чашм дид, ки шавҳараш гарми тагурӯ кардани дафтарҳост. «Имрӯз ин мардак парешон менамояд. Дарсҳо ҳамагӣ чанд рӯз аст, ки оғоз шудаанду кайҳо хаста шудааст? Балки имсол кадом дилрабое дили ӯро рабуда бошад?»- шубҳа кард занак. Ӯ нағз медонист, ки ҳар сол донишҷӯёни нав қабул мешаванд, яке аз дигараш зеботар. Ба баъзе наврӯидҳо синну сол фарқе надорад. Хусусан, духтарони ҳозиразамон. Рӯяшонро мурдашӯ бинад. Ҳеч нагӯянд, ки ин мардак калон аст, ё зану фарзанд дорад. Агар часпанд, кана барин дошта мегиранд. Дили занакро гургон тала мекарданд.
Аз соле, ки Мусавиро устоди донишкада таъйин карданд, ҳамвора ҳамин андеша дили Меҳрбонуро фарогир аст. Агар устод аз кор хурсанд баргардад, «хушрӯякҳоро дида дилаш шод аст» мегуфт занак ва агар ошуфта баргардад, «ҳа, кадомаш нигоҳи гармашро дареғ дошт?» гӯён пичинг мепаронд ва рашкомез устодро ҳушдор медод. Аммо Мусавӣ ба маънии том устод ва баҳри донишҷӯдухтаракон мисли падар буд. Ӯро дӯст медоштанд, эҳтиром мекарданд, ҳар суоле, ки мешуд, ба ӯ муроҷиат мекарданд. Имрӯз ҳам завҷаи «равоншинос»-аш ҳолати муаллимро бо як дидан пайхас кард. Аммо пайти муносиб меҷуст.
Имрӯз бори аввал дар гурӯҳи навдохилшудагон дарс дошт. Чун одат дарс бо шиносоӣ оғоз ёфт. Худро шиносонид ва ҳозиринро ба ин водор кард. Ҳар кадоме ному насаб ва зодгоҳу орзуяшро тавсиф мекард. Навбат ба духтараки резапайкаре расиду ӯ бо истиҳолаи хоси духтарона аз ҷой хеста гуфт:
- Номам Мушкия, аз ноҳияи…
Устод лаҳзае синчакорона ба духтар нигарист, давоми гапи ӯро нашунид. Тапиши дилаш баланд шуд. Ин ном дар гирду атрофи Хуҷанд маъмул нест. Аммо ин духтар…
Рӯзро устод ғарқи хаёлоти рангин ба поён расонид. Ҳоло аз байни дафтарҳои худ дафтари хотироташро ҷуст, аммо наёфт. Мабодо завҷаи кунҷковаш ёфта пинҳон карда бошад… Эҳ… Ӯ оҳи чуқуре кашид. Хаёлаш дар як он ба дуриҳо, ба ҷануби ҷумҳурӣ, ба воқеаи бист сол пеш рӯйдода раҳ кашид ва аз байни садҳо шиносаш духтареро бозёфт кард: Мушкия. Марворидҳои хотироти ӯ аз нав дурахшон гаштанд.
Ӯ фаришта набуд. Дар ҳусн ҳам чандон бартарӣ надошт. Як духтари миёнаҳоли деҳотӣ, балки ҷавонзане буд, ки дар хотири муаллим Мусавӣ нақши нозудуданӣ гузошт. Аммо он ҷавонзан малоҳате дошт ногуфтанӣ, ҷозибае дошт, ки дар баён рост намеояд. Мактаби ятимӣ ӯро соҳиби одоби баланд, тамкину мулоҳизакорӣ, муомилаи неку хислатҳои ҳамида гардондааст. Маҳз ҳамин сифатҳояш онҳоро ба ҳам наздик карда буд. Вале аз тарси дӯстони назарбаландаш, ки муносибатро бо чунин духтар таъна мешумурданд, ба касе дам намезад. Муносибати соф маҳрамона, бо дилсӯзию илтифот. Вале басо латифу ҷаззоб. Чун шабҳои ҷавонӣ пурасрор, дилангез.
Шеъри дар кадом рӯзномае хондааш дар симои Мушкия соҳиби худро ёфта буд:
Монанди ту дар олам
дидам, надида будам,
Ин гуна ёри ҳамдам дидам,
надида будам.
Рӯзе, ки онҳо шинос шуданд, корманди идора дар поёни рӯзи корӣ ба нависонависи саросемавор машғул буд. Нависонависро тезтар ба охир расонда, аз кор барояд, нафаси озод кашад. Охир, кабинетнишинӣ то чанд? Ҳамин лаҳза баъди тақ-тақи дар ва шунидани иҷозат ҷавонзани резапайкаре вориди кабинет шуд:
- Ман Мушкия ….
Ӯ худро шиносонид ва арзи матлаб кард. Маълум гардид, ки ӯро баъди марги бемаҳали падараш акояш маҷбурӣ ба марди калонсоле ба шавҳар додааст. Ба ҳамаи ин янгааш, айбдор, ки акои духтарро зери пошнаи худ гирифтааст. Панҷ соли зиндагии маҷбурӣ аз сабаби фарзанддор нашудан зери мушту лагади шавҳар ва таънаи хешони ӯ гузаштааст. Чун ба бародараш Карим арзи ҳол мекард, як ҷавоб мешунид: «Кадом зан лат нахӯрдааст? Тоқат кун!». Ниҳоят, корд ба устухонаш расидаасту, ҷавонзан тарки манзил карда, ба ноҳияи ҳамсоя омадааст, то дигар аз шиносҳо касе ва чизеро набинаду насӯзад.
- Дар коргоҳи шумо кор карданиям, чунки хобгоҳ дорад. Илтиҷо мекунам, кумак расонед.
Ӯ мегуфту талх мегирист. Аз гиряаш дили сангу чӯб об мешуд. Мусавӣ гӯшаки телефонро бардошта, бо масъули хобгоҳ дуру дароз гапгузаронӣ кард ва ниҳоят оҳи сабуке кашида гуфт:
- Масъала ҳал. Имшаб дар хобгоҳ меистед. Ду рӯзи дигар истироҳат, ман шуморо хабар мегирам, рӯзи душанбе ба назди сардор медароем. Ӯ қавлу қарори қатъии духтарро гирифта, дар наздаш мушкилоти корро кундаланг гузошт. (Ӯ бояд ҳамин тавр мекард, Худо накарда, ба райком хабар равад, ки корафтодаро қабул накардааст, мавриди муҳокима мегардаду ҷазо ҳам мегирад).
- Ман ёд мегирам, кӯшиш мекунам. Бештар аз ман оби дидаи кампири модари зорам резон аст. Зӯраш ба сунҳору писараш намерасад.
Устод пиёлаи чои кайҳо хунук шудаашро ҳурт кашиду сигоре дардод, ҳамаи мушкилоти ба кор қабул кардани Мушкия, ёд додани ӯ ва лаҳзаҳои талху ширини бо ӯ буданро пеши назар овард.
Боре ҳангоми як мулоқоташон духтар гуфт:
- Номи мана ин қадар ширин ба забон мегиред, охир, ба фикрам, бадтарин ном аст. Чӣ маънӣ дошта бошад? «Муш» ё «мушак»?
- Не, -суханашро бурид муаллим, -номи ту «мушк» аст, яъне атр, хушбӯю муаттар. Ҳар ҷо ки қадам гузорӣ, он ҷо муаттар мешавад.
- Корхонаи шумо ҳам? – ҳозирҷавобӣ кард ҷавонзан ва лаҳзае аз кори худ шарм доштагӣ барин серкориро баҳона карда, аз пеши Мусавӣ рафт. Охир устод чунон ҷиддист, ки… Ин лаҳза ӯ танҳо ҳамчун донандаи забон бо ӯ муомила кард. Вагарна, дар рӯ ба рӯи ӯ истодан мешавад магар? Ҳамкороне, ки солҳо ҳамроҳи ӯянд, бо сад эҳтиёт бо ӯ гап мезананд. Ин духтарча кист, ки..
Ғамхориҳои Мусавӣ ва одобу ахлоқи ҳамидаи Мушкия ба муҳаббат табдил ёфтанд. Муҳаббати пинҳонӣ. Муҳаббате, ки имкони амалӣ шудан ҳам надошт. Ӯ кайҳо оиладор буд ва фарзанди нахустинро интизорӣ мекашид. Ва ба ошкор кардани муҳаббати худ ҳуқуқи маънави ҳам надошт, ахлоқи ҷомеа, корманди муассиса…
Дар ҳақиқат, пайдоиши Мушкия ба зиндагии берангу бетаровати ӯ рӯҳи тоза бахшид. Маҳз туфайли ӯ зиндагиаш рангомез гашт, муаттар шуд. Маҳз ҳамин муҳаббат ӯро дар мусофирӣ, дар диёри мардум дилгарм ва раҳнамун месохт. Ӯ дар умри худ нахустин маротиба дарк кард, ки бе муҳаббат зистан умрфарсоӣ будаасту халос. Аммо чуноне ки одати ӯ буд, дар ин мавзӯъ ҳеҷ гоҳ гап намезад. Ин асрори фараҳангез ногуфта монд, аммо аз дили Мусавӣ ҳеҷ берун ҳам нарафт. Ӯ акнун ҳар пагоҳӣ ба кор чун ба идгоҳ мерафт, масруру диле пур аз фараҳ. Ҳатто худаш ҳам дар тааҷҷуб буд, ки чӣ тавр «робот»-е, ки овони донишҷӯӣ ҳамкурсон ҳамин тавраш мегуфтанд, тамоман дигар шудааст. Вақтҳои охир ба оина нигоҳ мекунад, рӯю мӯйро ба тартиб медарорад, на як бору ду бор...
Дар ботини ӯ неруе ба туғён омада буд, ки ҳеҷ гоҳ оромаш намегузошт. Масъулияташ бештару ба ин васила эътибораш болотар гашт. «Ва кош чунин намешуд»,- худ ба худ мегуфт ҷавонмард.
Дар ин байн Мусавиро ба манотиқи Хуҷанд ҳамчун мутахассиси беҳтарин ба кор фиристоданд. Ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ дар ин миён мушкилоти зиёде ба бор овард. Сари ҳисоби ҳама гум шуд. Ӯ ҳам тарки вазифаҳои баланд кард, ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохт. Инак, 20 сол мешавад, ки дигар аз Мушкия на хабаресту буду на нишоне. Ҳамин андеша ҳар рӯз дар чеҳраи Мусавӣ гӯё як ожанги тоза пайдо мекард. Омӯзгорӣ ягона воситае буд, ки аз ӯро аз гирдоби эҳсосоти ҷавонӣ ба пуррагӣ берун мекашид.
- Ҳа, ин қадар фикрӣ шуда мондаед? Чӣ, боз ягон навомада …
Ин гуфтаи завҷааш риштаи хаёлоти шавҳарро барканд.
- Не, ҳамту, кор… - сухани муносиб ёфта натавонист шавҳар.
- Ҳамту? Не-е! - Бе шамол шохи дарахт намеҷунбад, муаллимҷони муҳтарам! Ҳой, маро содаю нохонда хаёл накунед, ман… ман…
Занак беист ғавғо мекарду Мусавӣ, ки ба ин рафтори завҷааш кайҳо одат карда буд, чизе намешунид. Димоғашро атри хаёлоти ширини Мушкия баъди солиёни зиёд ҳам муаттар кард чун пешина.
Машғалаи занак чун дуди сигор ба боди фано мерафт.
Саҳоб
Раҷабӣ,
омӯзгор,
ноҳияи Мастчоҳ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр