Бо ибтикор ва заҳмати зиёди кормандони саридораи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик соли равон ҷилди 3- юми “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” аз чоп баромад.
Ин ҷилди китоби пурарзиш ба тавсифу ташреҳи ҷашни Наврӯз ва ҷашнҳои дигари миллии тоҷикон, чун Садаву Меҳргон бахшида шудааст. Бояд гуфт, дар китоби мазкур бо назари тозаву нав, аз ҳама муҳимаш, дар асоси санаду маводи дақиқи таърихӣ мақолаҳову гузоришҳое нашр гардидаанд, ки баёнгари соҳибтамаддун будани мардуми мо мебошад.
Дар оғози “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” порае аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оварда шудааст, ки воқеан ҳам, бамарид аст:
“Мо на танҳо Наврӯз, ҷашнҳои Меҳргон ва Садаро эҳё кардем. Вале омӯзиши ин ҷашнҳои миллӣ васеъ ба роҳ монда нашуда, ҷанбаҳои мардумии онҳо пурра таҳқиқ ва муаррифӣ нагардидаанд...
Вақти он расидааст, ки муҳаққиқон доир ба ин се ҷашн ва дигар маросиму оинҳои миллиамон “Донишномаи ҷашнҳои миллии тоҷикон” - ро таҳия карда, ба нашр расонанд ва суннату арзишҳои мардуми моро ба оламиён муаррифӣ намоянд”.
Воқеан, “Донишномаи фар-ҳанги мардуми тоҷик” бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат ба нашр расидааст.
Донишнома аз муқаддима ва бахшҳои “Таърих”, “Гоҳшуморӣ”, “Рамзҳо”, “Маросим”, “Тадорукот”, “Суннату оинҳои наврӯзӣ, “Ашъори наврӯзӣ”, «Наврӯз дар ҷаҳони муосир» иборат буда, ҳамзамон, дар хусуси ҷашнҳои Меҳргону, Сада низ маълумоти муфассал дода шудааст.
Дар бахши “Муқаддима” аз боби пайдоиши Наврӯз ҳамчун пайвандгари аслҳо ва наслҳо, шинохти Наврӯз, “Наврӯзнома”-и Умари Хайём... барои хонанда маълумоти саҳеҳ пешниҳод мешавад.
Дар бахши “Таърих” дар хусуси сайри таърихии Наврӯз, Наврӯз дар аҳди бостон, Наврӯз ва асотир, Наврӯз дар “Шоҳнома”, Тахти Ҷамшед, Наврӯз дар Суғди қадим, Наврӯз дар оини Зардуштия, Наврӯз дар аҳди Ислом мақолаҳои ҷолиб оварда шудаанд.
Хонандаи закӣ метавонад ба василаи ин китоби пурарзиш аз решаву сарчашмаҳои Наврӯз, одобу русум ва суннатҳои марбут ба он огоҳӣ ёбад. Боиси қаноатмандист, ки бахши “Наврӯзи Бадахшон” силсилаи мақолаҳои рангину ҷолибро дар бар мегирад. Ҳамчунин, “Наврӯзи Хатлон” барои хонанда басо таваҷҷуҳбарангез хоҳад буд. Дар китоб на танҳо аз Наврӯзи ноҳияҳои Тоҷикистон, балки аз Наврӯзи Тошканд, Наврӯзи Хоразм, Наврӯзи Бухоро, Наврӯзи Намангон, Наврӯзи Самарқанд ва дигар мавзеъҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ маълумот дода шудааст.
Дар баробари овардани маводи ҷолиб ва санадҳои муҳим марбут ба ҷашнҳои миллӣ дар бахши “Наврӯз дар ашъори шоирони пешин ва муосир” оғоз аз устод Рӯдакӣ то шоирони имрӯз шеърҳои дар васфи Наврӯзу баҳор мунташир гардондааст, ки ин мундариҷаи донишномаро боз ҳам вусъат бахшидааст.
Нашри китоби пурарзиши “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик“ ҳадяи арзишмандест ба аҳли мамлакат ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон.
Ҳикоят Муъминова,
омӯзгори мактаби №93,
ноҳияи Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр