Дарсҳои тарбиявӣ бояд ба камолоти ояндаи шогирдон мусоидат намоянд. Ҳар омӯзгор агар вобаста ба ихтисоси худаш чунин машғулиятро ташкил кунад, натиҷаи он боз ҳам пурбортар хоҳад шуд.
Масалан, дарси тарбиявиро вобаста ба фанни биология доир ба мавзӯи «Тарзи ҳаёти солим» хеле ҷолиб ташкил кардан мумкин аст. Омӯзгор пеш аз шурӯи дарс чанд сухани ифтитоҳӣ мегӯяд: - Хонандагони азиз, саломатӣ гавҳари ноёбест. Машғулияти имрӯзаи мо оид ба худмуолиҷа ва зарари он мебошад. Баъдан мо ҳангоми беморӣ ба худмуолиҷа мегузарем, ҳар чӣ атрофиёнамон гуфтанд, ба гапи онҳо гӯш медиҳем ва оқибат мебинем, ки ба хато роҳ додаем. Ба ҷои шифо ёфтан ба бемории дигаре мубтало мегардем. Барои ҳамин ҳам, дар дарси имрӯзаи тарбиявиамон як гурӯҳ табибон даъват шудаанд ва онҳо барои истифодаи дурусти дорую гиёҳҳо ба мо маслиҳатҳои судманд медиҳанд.
Омӯзгор гурӯҳи табибонро (метавонад як нафар ҳам бошад) ба назди тахтаи синф даъват менамояд ва суолу ҷавоб ин тавр сурат мегирад:
Хонанда: - Духтур, оё ҳангоми дарди гулӯ, зуком, шикам аз доруҳое, ки дар оиинаи нилгун тарғиб мекунанд, истифода бурдан мумкин аст?
Духтур: - Дар оинаи нилгун ҳангоми рекламаи доруҳо мегӯянд: «Пеш аз истифода ба дастурамали он шинос шавед». Аммо ман маслиҳат медиҳам, ки дар ин ҳолат ба духтур муроҷиат кардан беҳтар аст, чунки истифодаи баъзе доруҳо ба организми инсон зарар мерасонад.
Дар вақти харидани дору ҳатман ба муҳлати истифодаи он диққати ҷиддӣ диҳед.
Хонанда: - Ҳангоми таби баланд чӣ гуна муайян мекунем, ки ҳарорати мо аз меъёр зиёд аст?
Духтур: - Ҳангоми таби баланд ё беморӣ одам худро беҳолу бемадор ҳис мекунад. Барои муайян намудани таби баланд аз ҳароратсанҷ истифода бояд бурд.
Хонанда: - Духтур, дар тибби муосир муолиҷа бо роҳи гиёҳҳои шифобахш фоидаовар аст. Оё чунин тарзи табобат зарар ҳам дорад?
Духтур: - Оре, ҳоло муолиҷа бо гиёҳдармонӣ хеле пеш рафтааст ва натиҷаҳои хуб ҳам медиҳад. Аммо гиёҳҳо низ меъёру тарзи истифодабарии худро доранд. Онҳоро ҳам ҳатман бо тавсияи духтур истифода бурдан даркор, ба худмуолиҷакунӣ машғул шудан фарҷоми нек надорад.
Дар ин асно духтур дар бораи гиёҳҳои шифобахши ҷумҳуриамон – пӯдина, бобуна, тахач, кокутӣ, испанд ва ғайра маълумот дода, оид ба фоида ва зарари онҳо чанд сухан мегӯяд. Вай дар навбати худ аз хонандагон мепурсад, ки онҳо боз кадом гиёҳҳои шифобахшро медонанд. Хонандагон исми чанд гиёҳро номбар мекунанд. Духтур дар бораи хусусиятҳои шифоии онҳо ҳам маълумот медиҳад. Ҳамин тавр, омӯзгор дарсро ҷамъбаст карда, бовар ҳосил мекунад, ки хонандагон аз он таассуроти амиқ бардоштанд ва маслиҳатҳои духтурро дар рӯзгорашон истифода мебаранд.
Самия Шодиева,
омӯзгори химия ва биологияи мактаби №24, ноҳияи Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр