Ҳамасола дар саросари ҷаҳон миллионҳо нафар ба муҳоҷират мераванд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин раванд истисно нест.
Мутаассифона, имрӯзҳо бинобар сабаби мушкилоти рӯзгор ва бекорӣ як гурӯҳ ҷавонони камсаводу бемаълумот низ бе қайди мақомоти дахлдори давлатӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, ки боиси ташвишу мушкилот, оворагӣ ва сарсониҳои онҳо мегардад.
Яке аз сабабҳои асосии ба мушкилот рӯ ба рӯ шудани муҳоҷирони меҳнатӣ надоштани касбу ҳунари хуб бошад, аз тарафи дигар, надонистани забони ҳамон давлат аст. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат дар баромадҳо ва вохӯриҳо бо ҷавонони мамлакат пайваста таъкид менамоянд, ки ҳар як мутахассис бояд дар доираи касбу ҳунари хеш забони русию англисиро донад.
Мушоҳидаҳои солҳои охир дар коллеҷи иқтисодӣ - техникии ғайридавлатии шаҳри Кӯлоб гувоҳи он аст, ки дониши аксарияти шогирдон аз забони русию англисӣ ба талаботи замон ҷавобгӯй нест. Вобаста бо ҳамин маъмурияти коллеҷ таълими фанҳои номбурдаро ба омӯзгорони соҳибтаҷрибаю собиқадор вобаста намуда, барои таьлим шароити мусоид муҳайё намудааст.
Аз тарафи комиссияи сифати таҳсилот дар нимсолаи аввали соли хониши 2018-2019 сатҳи дониши шогирдон ду маротиба дар моҳҳои октябр ва декабр аз фанҳои забони русию англисӣ аз тариқи хаттӣ ва шифоҳӣ санҷида шуд. Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки бинобар сабабҳои дар сатҳи паст қарор доштани донишу луғатдонӣ, шогирдон дар имлои калимаю ҷумлаҳо бештар ба хатоҳо роҳ медиҳанд.
Дар чунин сатҳи паст қарор доштапи дониши шогирдон дар навбати худ кори омӯзгоронро дар коллеҷ хеле мушкил мегардонад. Зеро дар коллеҷ дар баробари омӯзиши забонҳои русию англисӣ ба касбомӯзии шогирдон низ бояд диққати махсус дода шавад. Дар коллеҷ забонҳои русию англисӣ дар курсҳои аввал ҳамагӣ 5 кредит (120 соат) таълим дода мешавад, ки ин нокифоя аст. Дар курсҳои дуюму сеюм забонҳои русию англисӣ умуман таълим дода намешаванд. Донишҷӯ дар ду соли охир донишҳои каму беш азхудкардаи худро аз хотир фаромӯш мекунад.
Дар даврони Шӯравӣ дар тамоми шаҳру деҳот аҳолии русзабон зиёд иқомат доштанд. Сокинони шаҳру деҳот, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯён бо забони русӣ бо ҳам дар мактаб, хамсоягӣ ва кӯча бештар муошират менамуданд, ки ин ба забономӯзии онҳо мусоидат менамуд. Дар назди собиқ «Боғи пионерон» бисёр маҳфилҳо, аз қабили «Техникҳои ҷавон», «Натуралистони ҷавон», парандапарварию заргӯшпарварӣ, ниҳолпарварӣ ва ғайраҳо амал мекарданд, ки хонандагон баъди дарсҳо бо шавқу завқи зиёд дар ин маҳфилҳо иштирок карда, касбу ҳунар ва забон меомӯхтанд. Имрӯзҳо дар мактаб, кӯча ва оила муошират бо забони англисию русӣ хеле маҳдуд мебошад, ки як сабаби асосии надонистани ин забонҳо дар ҳамин аст. Ва соатҳои фориғ аз машғулиятҳои таълимӣ хонандагон ба тамошои филмҳои ба ахлоқу маърифати миллати мо бегона, бозиҳои компютерии тарғибкунандаи ахлоқи бегонаю зӯроварӣ машғул гашта ва ё дар кӯчаҳо беҳудагардӣ менамоянд. Аксарияти хонандагону донишҷӯён бинобар надонистани забонҳои русию англисӣ китобҳои хуби ба синну солашон мувофиқ бо ин забонҳоро мутолиа карда наметавонанд.
Масьалаи дигаре, ки бояд аз нав дида ва ба он тағйирот ворид карда шавад, ин нақшаҳои таълимии аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда мебошанд. Барои мисол омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб ва хелҳои он ва чандин мавзӯъҳои дигар дар гурӯҳҳои тахассусие, ки дар коллеҷ таълим дода мешаванд, ҳеҷ зарурат надорад. Зеро барои таълими чунин мавзӯъҳои мураккаб соатҳо ва муҳлати зиёд талаб карда мешавад, ки дар нақшаи таьлимӣ чунин миқдори соатҳо ҷудо нашудаанд. Аз тарафи дигар, бояд дар назар дошт, ки хатмкунандагони коллеҷ на мутахассисони соҳаи филология, балки мутахассисони зинаи миёнаи коргарӣ мешаванд. Бо назардошти ҳамин ҷиҳати масъала содаю ба ҳар як тахассус мутобиқ намудани нақшаҳои таълимӣ ва бештар ба луғатомӯзию ҷараёни муошират диққат додан манфиатовар хоҳад буд.
Ҳамзамон, барои самаранок амалӣ намудани Барномаҳои нави такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ бояд дар курсҳои дуюм ва сеюми коллеҷҳо таълими ин забонҳо ба нақшаи таълимӣ ворид карда шавад, то ки донишҷуён битавонанд, истилоҳоти тахассусии худро то андозае аз бар намоянд.
Ба гумони мо, имрӯзҳо дар барномаҳои шабакаҳои телевизиони вилоятӣ ва шаҳрӣ барномаҳои мусиқӣ аз меъёр зиёд ҷой дода шудаанд. Баъзан сурудҳое садо медиҳанд, ягон ҷиҳати тарбиявӣ надоранд. Агар ба ҷои ин барномаҳои телевизионӣ намоишҳои тарбиявию омӯзишӣ, омӯзиши забони модарӣ ва русию англисиро бештар ворид менамуданд, ба манфиати кор мебуд.
Г. Қаюмов,
омӯзгори коллеҷи иқтисодӣ
- техникии ғайридавлатии шаҳри Кӯлоб
Иловакунӣ
Иловакунии фикр