Нашрияи Омӯзгор

Технология ва рушди соҳибкорӣ

Сана: 2018-05-07        Дида шуд: 762        Шарҳ: 0

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади татбиқи Стратегияи рушди маориф то соли 2020, ки пеш аз ҳама, таҷдиди мундариҷаи таҳсилоти миёнаи умумиро дар назар дорад, аз соли таҳсили  2016-2017 тадриҷан гузаштан ба низоми таълими салоҳиятнокиро роҳандозӣ менамояд, ки ин ҳадафи хеле муҳиму марҳилавист.

«Давлату ҷомеа ояндаи неки худро бо пешравии маориф, бо тайёр намудани мутахассисони варзидаи дорои маълумоти олӣ ва миёнаи махсус мепайвандад, зеро бе пешравии ин соҳа беҳбудии иқтисодӣ, инкишофи фарҳанг ва ташаккули шахсият дорои боигарии          ботиниро тасаввур кардан мумкин нест», - таъкид карда буданд дар яке аз суханрониҳояшон  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Гузаштан ба муносибатҳои бозорӣ, зарурати инкишоф додани соҳибкории озод ва дастгирии соҳибкории хурду миёна тақозо дорад, ки дар дарсҳои технология низоми салоҳиятнокиро ҷорӣ бикунем ва ривоҷ бубахшем.

Ҳар гуна ислоҳот дар марҳилаҳои аввали татбиқ ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешавад. Дар таълими салоҳиятнокӣ диққати асосӣ ба ташаккули малакаҳо равона карда шудааст, яъне хонанда фаъолияти худро бояд нишон дода тавонад ва дар пайи ислоҳи хатоҳои худ бошад.

Агар мо пеш ба миқдори муайяни мавзӯъҳо диққат медодем, ҳоло бошад, ба ташаккули малакаҳои асосии ҳаётӣ диққат медиҳем, чунки дар раванди дарсҳо бояд бештар малака ва маҳорати хонанда ташаккул ёбад. Дар таълими салоҳиятнокӣ омӯзгор мувофиқи шароит ва қобилияти хонандагон мавзӯъҳоро ташреҳ мебахшад.

Вобаста ба усули таълими салоҳиятнокӣ дар дарсҳои технология бо як мавзӯъ мухтасар шинос мешавем. Соҳибкорӣ чист ва соҳибкор кист? Соҳибкориро омӯхтан ва ёд гирифтан лозим аст. Дар иқтисодиёти бозоргонӣ соҳибкорӣ дар таъмини некуаҳволии мардум нақши барҷаста дорад.

Соҳибкорӣ фаъолияти ташаббускорона дар доираи қонунгузории амаликунанда мебошад, ки пешбурд ва инкишофи корхонаро ба уҳда дорад. Соҳибкор шахсест, ки аз уҳдаи ягон кор мебарояд, корфармо ё ки роҳбар мебошад. Чӣ тавре ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ фармудааст:

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,

Меҳри онро дар дилаш

андохтанд.

Фарқи фаъолияти соҳибкорӣ аз дигар намудҳои хоҷагидорӣ аз он иборат аст, ки дар ин амал фоида бештар гирифта мешавад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳо ва фаъолияти соҳибкорӣ» нишон додааст, ки соҳибкор кори худро: аввал, аз номи худ пеш мебарад; дуюм, таъмини самаранокии кор ба зиммаи ӯст; сеюм, масъулияти амволӣ ба дӯш дорад.

Қонун шарҳ медиҳад, ки чи субъекти дилхоҳи ҳуқуқӣ, чи шахси ҳуқуқӣ, ба машғул гардидан ба соҳибкорӣ ҳақ доранд…

Омӯзгорони технология дар роҳи татбиқи низоми салоҳиятнокӣ қадамҳои аввалинро мегузоранд. Аз ин рӯ, мубодилаи таҷриба байни ҳамдигар барои онҳо, аз ҷумла, тавассути нашрияи «Омӯзгор» хеле муҳим аст.

Дилшод Ҳайдаров,

омӯзгори технологияи гимназияи №53-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ,  Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш