Устод Айнӣ ҳикояи «Аҳмади девбанд»-ро дар байни солҳои 1927-28 навишта, онро соли 1928 бори аввал маҷаллаи «Роҳбари дониш» чоп мекунад. Ин ҳикоя барои он замон, бахусус, дар тарбияи наврасону ҷавонон ва раҳоӣ аз таассубҳои динию мазҳабӣ мисли обу ҳаво зарур буд.
Устод дар фаъолияти маорифпарварӣ ва педагогии худ ба ин масъала ҷиддан машғул шуда, мехост ҷомеа аз ваҳшати асримиёнагӣ берун шуда, афкори наву созанда барои пешрафти ҷомеаи навин созгор бошад. Аз ин ҷиҳат «Аҳмади девбанд» дар ҷомеа хуб пазируфта шуда, онро соли 1936 маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» дар ҳаҷми се ҷузъи чопӣ бори дигар ба чоп расонд. Баъдан устод ҳикояро аз нав таҳриру такмил дод ва он соли 1949 дар шакли китобча дастраси хонандагон гардид.
Агар ба мазмуну муҳтавои ҳикоя амиқан бингарем, мо дар симои қаҳрамони асосӣ -Аҳмад, ҷавони 16-17-солаи муҳассили мадраса, ки ҷанбаҳои зараровару манфии хурофотро фош карда, онро бофтаю дурӯғ медонад, худи устод Айниро мебинем. Зеро дар ҳикоя манзараҳои зодгоҳи нависанда - деҳаи Соктаре, одамони он, бахусус, хоҷагони Соктаре, ки одамонро бо мавҷудияти «деву аҷина, парӣ ва дигар махлуқҳо» дар ғори Соктаре тарсонида, бо азоимхонӣ, девонахонӣ ва ғайра кордашон доим болои равған буд, фошофош тасвир ёфтааст. Хурофот– бофтаи тахайюлоти зишт ҳар ҷомеаро заҳролуд сохта, ба пешрафти он монеъ мегардад. Албатта, дар шароити он замон, агар аз дидгоҳи нависанда, як ҷавони таҳсилдидаю худогоҳ бингарем, хурофоти зараровар ва мутанаффир дар рӯзгори одамон чунон ҷойгузин будааст, ки кулли таҳаввулоту ҳаводиси табииро онҳо ба хурофот рабт медодаанд. Чуноне нависанда менигорад, гурӯҳҳои манфиатҷӯ барои таъмини маишати зиндагӣ, ҳамон хоҷагони Соктаре аз хурофот моҳирона истифода мекарданд. Хурофот дар вуҷуди одам тарсро тавлид менамояд, чизҳоеро бовар кунониданӣ мешавад, ки он аслан дар олам вуҷуд надорад. Ҳадафи аслии хурофот пойбанд намудани инсон, бардагӣ ба мавҳумоту мавҷудоти ғайри тасаввур аст.
Яке аз қаҳрамонони ҳикояи «Аҳмади девбанд» Ниёзгӯппон-бобои ҷавонон, ки дар ҷавонӣ аз тарфбозӣ (пиротехника) як дасташ маиб буд, дар қабристон оташро дидааст, Шокир - маъракаорои гаштак, ки гӯё дар наздикии ғор аҷинаро дидааст, аз ҳарфҳои Аҳмад-ҷавони 16-17-сола (худи нависанда - устод Айнӣ. М.А.), ки аз назари вай аждаҳо, деву аҷина ва парӣ хаёли бофтаю хом аст, дар ҳайрат мемонад. Аҳмад аз хурдсолӣ аз таълиму ҳарфҳои падар нисбат ба ин рӯйдод огоҳии комил дошт, ҳарчанд кӯшиш намояд, ки тафаккури онҳоро аз мавҷудияти мавҷудоти бофтаю хаёлӣ раҳо созад, онҳо дар бовари худ қоиманду устувор, дар аввалҳо ба Аҳмад бо шубҳа менигаранду ба вай бовар надоранд. Онҳо дар тасвири ҷавоне, ки шаби торик бо дидани гову варо «дев» гумон кардан ба ҳолати беҳушӣ мерасад, бо кӯшиши Аҳмад «ҳа, дев набуд, гов буд», гӯянду тасдиқ намоянд ҳам, дар қалби онҳо тарсу ҳарос амиқ ҷой гирифтааст.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҳикоя фикру зикр ва кӯшиши Аҳмади ҷавон ба собит сохтани дурӯғбофиҳои хоҷагони Соктаре, мавҷудияти аждаҳо, деву парӣ ва аҷина дар ғори Соктаре ва «таъсири тӯмору бозубанд» дар ҳифзи балоҳо нигаронида шудааст. Вай ба ин васила мехоҳад тасаввури одамонро аз таъсири тахайюлоти бофтаю сохтаи муллоҳои мутаассиб, ки дар Соктаре бо «девбандӣ» машҳур буданд, раҳо бахшад.
Устод Айнӣ бо такя ба ҳунари волои нависандагии хеш дар ҳикояи «Аҳмади девбанд» ба тарбияи ҷавонону наврасон низ дахл мекунад.
Агарчанде аз эҷоди ҳикояи «Аҳмади девбанд» навад сол сипарӣ шуда бошад ҳам, мавзӯи он куҳна нашуда, ҳанӯз дархӯри замони мост.Дар барномаи таълимии фанни адабиёт барои таълими ин ҳикояи хеле муаассири устод Айнӣ соати алоҳида ҷудо нашуда бошад ҳам, мо-омӯзгорон, муваззафем барои хониши беруназсинфӣ қироати ин хикояро ба шогирдон тавсия намоем. Бояд тазаккур дод, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо низ хурофот ҳанӯз пурра решакан нашудааст. Ҳастанд волидоне, ки ба деву парӣ, аҷина ва дигар махлуқоти тахайюлӣ бовар доранду дар баъзе мавридҳо фарзандони худро тарс ҳам медиҳанд.
Маҳкамой Алиева,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби №56-и
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр