Нашрияи Омӯзгор

Ҳамааш аз омӯзгор вобаста

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 746        Шарҳ: 0

Омӯзгори асил онест, ки ҳар рӯз омӯзад, навоварӣ карда тавонад, касби худро дӯст дорад ва ба кӯдакон меҳру муҳаббати беандоза дошта бошад.

Омӯзгор, пеш аз ҳама, бояд донад, ки дар раванди таълим чӣ муҳимтар аст. Яъне, ӯ бояд бештар аз усули муносибати босалоҳият дар таълим истифода карда, ҳар рӯз ё марҳила ба марҳила онро арзёбӣ кунад. Маъмулан, омӯзгорон дар раванди дарс ба хонандагони фаъол бисёртар вақт ҷудо мекунанд. Дар ин байн ҳастанд хонандагоне, ки оромтабиату шармгинанд ва ё қобилияташон сусттар асту ба муҳтавои саволи муаллим ба зудӣ сарфаҳм намераванд. Инро аксар вақт ба назар нагирифта, мо ба онҳо тамғаи «сустхон» ё «нодон»-ро мегузорем, ки ин хатои маҳз аст. Дар синфҳои ибтидоӣ дарс гузаштан мушкилию нозукиҳои зиёде дорад. Агар омӯзгор дарси худро сода, фаҳмо ва бо ҳаракату амалҳо, бо асбобу васоити аёнӣ нагузаронад, дарс натиҷаи хуб намедиҳад. Омӯзгори синфи ибтидоӣ бояд ҳар як хонандаро аз рӯзҳои аввали таҳсил аз ҳар ҷиҳат амиқ биомӯзад.

Вақте омӯзгори синфҳои ибтидоӣ аз рӯзҳои аввали хониш хонандагони худро меомӯзонад, вай дар ҷодаи кори худ ба муваффақиятҳои  назаррас ноил мегардад. Яъне тартиб додани чунин ҷадвали омӯзиш аз он гувоҳӣ медиҳад, ки омӯзгор касби худро дӯст медорад ва нисбат ба шогирдон беаҳамият нест. Қобилияти хонандаро ба назар гирифта, дарс бояд сода, фаҳмо ва шавқовар гузарад. Усули таълими босалоҳият барои ташаккули силсилаи донишҳо, малакаю маҳорат мусоидат намуда, мустақилияти хонандаро рушд мебахшад. Салоҳият дар алоқамандии ашё ташаккул ёфта, ба захираҳои маърифатӣ, таҷрибаҳо, малака ва маҳорати хонанда таъсири мусбат мерасонад.

Таваҷҷуҳи махсус ба таълиму тарбияи насли наврас ва ҳиссагузорӣ дар рушди маорифи кишвари азизамон – Тоҷикистон вазифаи ҳар яки мо, омӯзгорон, мебошад.

 

Махсуда Урозова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш