Литсейи касбии техникии ноҳияи Ҷайҳун ҳанӯз соли 1960–ум дар базаи стансияи мошину трактор таъсис ёфтааст. Он то ба имрӯз ҳазорон нафар шогирду мутахассисро барои хоҷагии халқ тайёр намудааст. Литсейи як вақтҳо овозадор имрӯз бо сабабҳои гуногун наметавонад, ки шуҳрати пешинаашро барқарор созад.
Моро дар литсейи мазкур котиби масъули комиссияи қабули хонандагон Муҳаммадсаид Аслонзода пешвоз гирифт.
-Корро аз дирӯз шурӯъ кардем, - гуфт ӯ. Чунки дар моҳҳои апрел ва май кормандони литсей ба як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ва атрофи он барои тарғибу ташвиқ рафта буданд. Ҳамчунин, чанд маротибаи дигар рӯзи дарҳои кушодро низ гузаронидем.
Баъд аз лаҳзае муовини директор оид ба таълими истеҳсолии литсей Олимназар Саидназаров низ расида омад. Ҳамроҳи ӯ атрофи бинои муассисаро давр задем. Дар ҳақиқат, биноҳои таълимию озмоишӣ хеле зиёданд, аммо афсӯс, ки аксари онҳо корношоям гардида, дару девор фарсуда гардидаанд. Дар як гӯша кормандони техникӣ ба ҷо баҷогузории қисмҳои мошинолоти таълимӣ машғул буданд.
- Агар ин биноро таъмири пурра карда тавонем, ҳамин ҳуҷраи калонашро ба синфи озмоишӣ табдил медиҳем, - иброз дошт О. Саидназаров. Андаке дуртар аз мо се – чор нафар дар ҳуҷраи дигар машғули сохтани кат, дару тиреза, мизу курсӣ ва дигар олоти рӯзгоранд. Маълум гардид, ки онҳо чандест ин ҳуҷраро ба иҷора гирифтаанду маҳсулоти сохтаашон харидор надорад ва ба хулосае омадаанд, ки имрӯз ё пагоҳ фаъолияташонро қатъ бинмояд.
Бо муовини директор О. Саидназаров доир ба фаъолияти муассиса суҳбат оростем. Вай гуфт, ки ба интихоби касб тайёр кардани ҷавонон яке аз муҳимтарин вазифаҳои литсейи касбии техникӣ буда, аз омӯзгор донишҳои махсусро талаб менамояд. Сухан дар бораи дуруст интихоб кардани касб, донистани эҳтиёҷоти хоҷагии халқ, ба талаботи бозори меҳнат омода кардани мутахассисон меравад.
Шогирдони ин даргоҳ пас аз хатми синфи 9 ва 11 қариб аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба тариқи шартномавӣ ва буҷавӣ таҳсил менамоянд. Соли ҷорӣ литсейро 168 нафар хатм карданд. Шогирдон пас аз хатми литсей имкон доранд, ки дар неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2», Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Трансформатор», ташкилоту муассисаҳои ҳудуди вилоят ва ҷумҳурӣ ба кор машғул шаванд.
Кори шоистаи дигари маъмурияти литсей он аст, ки бо хоҳиши шавқмандон курсҳои семоҳаи ронандагии категорияи ВС, таркторчӣ, кафшергарӣ, омӯзиши забони англисӣ, кафшергари барқӣ, дӯзандагиву пазандагӣ ва ғайра ба роҳ монда шудааст. Ин имкон медиҳад, ки на танҳо худи шогирдон, балки шахсони бешуғли гирду атрофи ноҳия низ ин касбҳоро омӯхта, рӯзгори худро пеш баранд.
Айни замон дар литсей аз рӯйи шаш ихтисос – тракторчӣ – мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ бо гирифтани маълумоти миёна, системаи компютерӣ ва интернет – технология, монтёри барқӣ оид ба таъмири таҷҳизоти барқӣ, кафшергари газию барқӣ, дӯзанда, муҳосиб бо асосҳои омӯзиши компютер дар заминаи синфҳои 9 – 11 касбу ҳунар омӯзонда мешавад. Таҳсил аз як то ду солро дар бар мегирад. Дар маҷмӯъ, литсей дар зарфи 59 соли фаъолияташ беш аз 16 ҳазор мутахассис тарбия намудааст, ки дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва берун аз он пурмаҳсул фаъолият карда истодаанд.
Бино ба гуфти муовини директор, фонди китобхона 5300 нусха китобро ташкил медиҳад. Мудири он Ҳафиза Назриева ҳамеша ба он мекӯшад, ки ба мизоҷон хизмати хуб расонад. Мутаассифона, худи ӯ мутахассиси соҳа нест, акнун омӯзиши касбашро ба таври ғоибона ба роҳ мондааст. Дар баробари ин, фонди китобхона номукаммал аст, аксар китобҳо аз замони шӯравӣ боқӣ мондаву бо забони ғайридавлатианд, соҳавӣ нестанд.
Аҳли литсей дар ҳамкорӣ бо Бонки Рушди исломӣ бинои дуошёнаи иборат аз панҷ синфхона сохтаанд, ки барои омӯзиши калонсолон дар курсҳои кӯтоҳмуддат пешбинӣ гардидааст ва он дар моҳи августи ҳамин сол ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. Ба нақша гирифта шудааст, ки то оғози соли нави таҳсил бино бо теъдоди 20 синфхона ба таври пурра таъмир хоҳад шуд.
Ба ҳар сурат, маъмурияти литсейи номбурдаро лозим аст, ки проблема ва мушкилоти ҷойдоштаро дар муддати кӯтоҳ бартараф намуда, барои тақвияти фаъолияташон саъю талоши ҷиддӣ намоянд.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»
Душанбе – Ҷайҳун - Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр