Бо ҳадафи табодули таҷриба вобаста ба низоми таълими салоҳиятнок мехоҳам як дарси забони тоҷикиро дар синфи 5 шарҳ диҳам.
Дар оғоз вазифаи хонагиро, ки тартиб додани ҷумлаҳо бо истифода аз ибораҳо дар машқи 208 мебошад, мепурсам.
Дар оғози дарс хонандаеро ба тахтаи синф даъват мекунам. Ӯ ҷумлаи тартибдодаашро менависад. Дигар ҳамсинфон ҷумлаи рафиқонашонро менависанд. Гурӯҳи сеюм баробари онҳо ҷумлаҳоро нависанд ҳам, вазифаи нозириро адо менамоянд. Ҳар дарс нозиронро иваз мекунам, то ки бештар хонанду ин масъулиятро уҳда карда тавонанд. Дар ҳолати зарурӣ ба онҳо кумак мекунам.
Аз ҷумлаҳои тартибдодаи талабагон хулоса бароварда, диққати аҳли синфро ба мавзӯи нав ҷалб менамоям.
3. Баёни мавзӯи нав: Муродиф.
Пеш аз он ки қоидаи грамматики муродифро ёдрас кунам, муродифҳои маҳбуб, киромӣ, муҳтарамро ба забон меорам. Чун посухи гуногунро мешунавам ва бо мисолҳо шарҳ медиҳам, ваҷоҳати хонандагон тағйир меёбад. Ана, дар ҳамин вақт супориш медиҳам, ки китоби дарсиро кушоед. Хонандагон мустақилона тӯли ду – се дақиқа қоидаро мехонанд. Фаҳмиш пайдо шуд. Мепурсам, пас муродиф чист? Дастҳо аз ҳар қатор боло мешаванд. Яке мегӯяд: - Ду ва зиёда калимаҳое, ки як маъно ё маъноҳои наздикро мефаҳмонанд, муродиф ном доранд. Аз тарафи ҳамаи талабаҳо ду – се маротиба бо овози баланд қоида хонда мешавад. Он тавассути машқҳо мустаҳкам мегардад. Аз китоби дарсӣ машқҳои 209 – 210 хаттӣ ва даҳонӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Талабаҳо талаби машқро аксар дуруст иҷро кардаанд.
Баъди боварӣ ҳосил кардан оид ба мавзӯи нав (муродиф) аз кори гурӯҳӣ истифода менамоям.
Гурӯҳи 1. Муродифи калимаи асрро ёбед. Бо яке аз онҳо ҷумла тартиб диҳед.
Гурӯҳи 2. Монандӣ ва фарқи калимаҳои ишорашударо дар ҷумлаҳои зерин муайян кунед. (Машқи 212).
Гурӯҳи 3. Ҳодисаеро мушоҳида кунед ва аз муродифҳо дуруст истифода баред.
Аз намояндагони гурӯҳҳо натиҷагирӣ карда мешавад, яъне муаррифии кори ҳамсинфон, ҳусни баёни онҳо, хатоҳои рухдода, қоидаҳои имлои баъзе калимаҳо, ки талабаҳо ба он роҳ додаанд…
Мавзӯи нав аз рӯи фаъолияти аҳли синф ва мушоҳидаю иҷрои супоришҳо хуб аз худ шудааст ва ман ба арзёбӣ мегузарам.
Вазифаи хонагӣ месупорам. Машқи 211.
Ҳамин тариқ, тибқи таълими салоҳиятнок омӯзгор ва шогирдон тӯли 45 дақиқа дар ҳаракатанд.
Омӯзиши муродифҳо ба забондонии шогирдон мусоидат мекунад, зеро дар забони тоҷикии ноби мо калимаҳо дорои чанд муродиф ва мазмунанд.
Моҳшариф Қаландарова,
омӯзгори забон ва
адабиёти тоҷик
Иловакунӣ
Иловакунии фикр