Нашрияи Омӯзгор

Обшавии пиряхҳоро пешгирӣ мебояд

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 740        Шарҳ: 0

Дар пиряхҳои рӯи замин 90 фоизи обҳои ширин захира шудааст. Ба обшавии пиряхҳо омилҳои манфие, мисли таъсири номусоиди иқлим дар фаслҳои гуногуни сол, ҳарорати баланд, тағйирёбии таркиби газҳо дар ҳаво, дар кураи замин зиёд гардидани гази карбон ва  нобаробарии газҳо мусоидат мекунанд.

Дар қаламрави Ҷум-ҳурии Тоҷикистон бештар анбуҳҳои ҳавои уқёнуси Атлантикӣ ва Арктикӣ таъсир мекунад, ки ин сабаби боришот ва муътадилу хунук гардидани ҳаво мегардад. Анбуҳҳои ҳавои тропикӣ ба гармшавии ҳаво меоранд ва аз минтақаҳои хушкӣ чангу ғуборро оварда, ба болои пиряхҳо зам мекунанд. Нури офтоб ба чангу ғубори таҳшиншуда бештар таъсир мерасонад ва зери он пиряхҳо хароб мегарданд. Дар соли ҷорӣ бо таъсири ҳарорати баланд оби лойолуд бештар гардид. Гардиши калони об, ки байни уқёнус ва хушкӣ сурат мегирад, сабабгори   камборишии солҳои охир ва хушксолии пайдарпай гашт. Барои пешгирии чунин омилҳои зарарноки тағйирёбии иқлим рушди «иқтисоди сабз» дар минтақаҳои уқёнуси ҷаҳонӣ амри саривақтист, ки метавонад тағйироти зарарноки иқлимро бартараф кунад.

 Дар рушди «иқтисоди сабз» сохтмони неругоҳҳои хурд, калон ва миёнаи оби барқӣ хеле фоиданок мебошад. Сараввал дар обанборҳои неругоҳҳо об бештар захира шуда, дар сатҳи он дар натиҷаи бухоршавӣ намнокии ҳаво бештар мегардад. Ин намнокӣ ба абр ва боришот табдил меёбад. Чангу ғубор дар ҳаво камтар мегардад. Таъсири неругоҳҳои бузург ба водиҳои Вахш, Ғарму Қаротегин бештар аст. Сохтмони неругоҳҳо маблағи зиёдро талаб мекунад, аммо онҳо солҳои тӯлоние ба манфиати наслҳои оянда хизмат карда метавонанд.

    Самти дигари «иқтисоди сабз» рушди кишоварзии интенсивӣ мебошад. Дар ҳоли ҳозир дар асоси талаботи рӯзафзуни мардум кишоварзӣ серсоҳа гардида, аз роҳи экстенсивӣ ба роҳи интенсивӣ ворид гашт. Имрӯз маҳсулоти содиротиро бештар истеҳсол мекунанд. Дар замони шӯравӣ як бор зироати асосиро кишт мекарданд, ҳоло бошад, 2-3 бор кишти такрорӣ мегузаронанд. Ҳатто дар минтақаҳои кӯҳсор шакли хоҷагии интенсивӣ ҷорӣ гардид. Се маротиба кишт кардан се баробар гази карбонати ҳаворо кам ва ҳамин кадар гази оксигенро дар ҳаво зиёд мегардонад. Ин омили мусбат низ обшавии пиряхҳоро боз медорад.

Бунёди боғҳои интенсивӣ дар заминҳои бекорхобида, талу теппаҳо, ки боиси афзудани намиғунҷоиши хок ва ҳаво мегардад аз дигар самти пиёдасозии «иктисоди сабз» аст. Бухоршавӣ аз сатҳи барги дарахтон бештар мегардад. Рушди боғҳои интенсивӣ дар минтақаҳои кӯҳсор ва тавсеаи масоҳати  ҷангалзори дарахтони паҳнбарг яке аз корҳои самаранок ба ҳисоб меравад. Омили дигари муҳофизати ҷангалзорҳои табиӣ ва бунёди ҷангалзорҳои нав аз ҳисоби дарахтони паҳнбарг мебошад. Ҷангал 4 баробар оксигенро зиёд ва самти ҳаракати шамолу суръати онро суст менамояд. Чангу ғубор аз байн меравад ва хокро аз эрозия (шусташавӣ) муҳофизат менамояд. Ҷангалзорҳои табиӣ ва сунъӣ, инчунин, ба зиёд гардидани чарогоҳҳои табиӣ таъсири хуб мерасонанд.

Мулло МУЛЛОЕВ,

омӯзгори собиқадори

мактаби №1  ба

номи Хуррам Боқиеви

ноҳияи Ишкошим


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш