Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳ ба парки технологӣ

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 745        Шарҳ: 0

Муовини аввали ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Маҳмуд Тошматов дар нишасти матбуотӣ  аз хусуси дастоварду комёбӣ ва  проблемаву мушкилоти донишгоҳ ба хабарнигорон маълумоти муфассал дод.

Вай, аз ҷумла, қайд кард, ки  сессияи имтиҳони тобистонаро 1103 нафар донишҷӯ бо баҳои хубу аъло ҷамъбаст намуданд, ки 34, 7 фоизи теъдоди умумии донишҷӯёнро ташкил медиҳад. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20, 5 фоиз боло рафтааст.

Қайд гардид, ки ДТТ дар тӯли фаъолияташ зиёда аз 12400 мутахассисро ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди  кишвар тайёр намудааст, ки қариб шашсад нафарашон  дипломи аъло доранд.

Яке аз масъалаҳои иртиботманд ба дониши хонандагон шароити моддӣ - техникӣ ва кифоя будани  кадрҳои омӯзгорист. Дар ин самт донишгоҳ дар байни дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешсаф мебошад. 24 синфхонаи компютерӣ, 29 синфхонаи махсусгардондашуда, 64 тахтаи электронӣ, 2 минбари электронӣ, 82 проектор ва дигар таҷҳизоти технологӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Айни замон дар ҷараёни таҳсилот 825 (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 71 адад зиёд) компютер истифода бурда мешавад. 41, 2 фоизи   омӯзгорон соҳиби унвонҳои номзад ва доктори илм мебошанд.

Донишҷӯён дар се самт: бакалавриат, магистратура ва ба шакли ғоибона   тариқи шартномавӣ, буҷавӣ,  квота ва бурсияҳо таҳсил менамоянд.

Маҳмуд Тошматов оид ба робитаҳои байналмилалӣ  маълумот дода афзуд, ки айни замон донишгоҳ бо даҳ донишгоҳи хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ шартнома ва созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Дар соли 2019 раёсати донишгоҳ нуҳ лоиҳаро таҳия намуда, барои озмуни барномаи Эразмус + КА2 – «Тақвият бахшидани иқтидор дар таҳсилоти олӣ» пешниҳод кардааст.

Дар донишгоҳ ҳоло бист нафар донишҷӯи хориҷӣ таҳсил менамоянд, ки шаҳрвандони кишварҳои Афғонистону Қирғизистон, Туркманистону Қазоқистон, Ӯзбекистон ва аз Ҷумҳурии халқии Чин мебошанд.

Хабарнигорон аз фаъолияти парки технологии донишгоҳ пурсон шуданд. Бино ба иттилои Абдулазиз Ғаффоров – доктори илми техникӣ, роҳбари парки технологӣ, фаъолият дар ин самт хеле ҷоннок гардидааст. Сохтани мизу курсиҳои лоиҳакашӣ, минбарҳои электронӣ ва монанди ин идома дошта, харидорони худро пайдо намудаанд. Аз ҷумла, чанд ташкилоти хориҷии муқими Душанбе,  Вазорати маориф ва илм ва боз чанд муассисаи илмии дигар хостори маҳсулоти ин парки технологианд. Тибқи қарордод шаш фоизи даромад аз фоида ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешавад.

Аз хусуси проблемаву мушкилот сухан ронда,  муовини ректор иттилоъ дод, ки дар ин самт андаке мушкилот дар филиали донишгоҳ дар шаҳри Исфара ҳаст, ки он ҳам ҷузъӣ буда, дар рӯзҳои наздик ҳалли худро хоҳад ёфт. Рӯзноманигорон ба дигар паҳлуҳои вобаста ба фаъолияти донишгоҳ суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.     

 

 Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш