Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар корҳои ободонию созандагӣ вусъат меёбанд. Дар қаламрави ҷумҳурӣ бунёди иншооти таъйиноташон гуногун, аз ҷумла, дар соҳаи маориф идома дорад. Дар ин хусус бо чанде аз сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ суҳбати телефонӣ анҷом додем.
К.Очилдиев - мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус:
- Айни ҳол дар ноҳия сохтмони бинои 7 муассисаи таълимӣ ва шуъбаи маориф бо маром идома дорад. Бинои нави шуъбаи маориф сеошёна буда, дар он марказҳои таҳсилоти иловагӣ дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ҷой хоҳанд гирифт. Илова бар ин, сохтмони 4 муассисаи таълимӣ, ки нопурра монда буданд, аз ҳисоби маблағҳои Фонди Саудии Рушд аз нав оғоз ва бо ҷӯшу хурӯш идома ёфта истодааст. Бояд зикр намуд, ки дар ду соли охир дар ноҳия 31 синфхонаи иловагӣ барои 1600 нафар хонанда сохта ба истифода дода шудааст. Ҳамчунин, ду муассисаи томактабӣ бунёд гардид. Дар сохтмони иншооти соҳаи маориф соҳибкорони ноҳия ташаббуси ватанпарварона нишон дода, дар бунёди синфхонаҳои иловагӣ муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳо саҳми босазо мегузоранд. Аз ҷумла, бо иқдоми соҳибкор Қодир Исоқов дар деҳаи Утанободи Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назаров сохтмони мактаби хусусӣ барои 240 нафар ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкор Сафар Сайалиев дар деҳаи Ҷамъияти деҳқони Ҷамоати деҳоти Талбак Сад-риддинов бунёди бинои як муассисаи томактабии хусусӣ барои 60 нафар тарбиятгиранда оғоз гардид. Дар маҷмӯъ, дар 16 деҳа аз ҳисоби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сохмони муассисаҳои томактабӣ ба нақша гирифта шудааст.
Нафиса Сафарова – мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг:
- Соли ҷорӣ бунёди биноҳои нави муассисаҳои таълимии №9, №13, №18 ва №27 идома ёфта истодааст. Сохтмони бинои муассисаи таълимии рақами 4, ки барои 340 нафар хонанда пешбинӣ гардидаву аз 13 синфхона, 4 синфхонаи фаннӣ, маҷлисгоҳ барои 240 ҷойи нишаст ва толори варзишӣ иборат мебошад, дар арафаи анҷомёбист ва моҳи август ба истифода дода хоҳад шуд. Бо дастгирии волидон 2 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №33, 32 сохта шуд. Соли гузашта аз тарафи соҳибкор Фатҳулло Соҳибов бинои нави муассисаи таълимии рақами 7 барои 457 хонанда бунёд ёфт. Бо маблағгузории Ф.Соҳибов, ҳамчунин, бинои муассисаи таълимии №37 барои 160 хонанда бунёд гардидааст.
Ҳусейн Самадов - сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён:
- Соли равон бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии рақами 38 барои 288 нафар хонанда бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва муассисаи нави томактабӣ дар заминаи собиқ мактаб-интернати ғайридавлатии «Озодӣ» аз ҳисоби маблағҳои ҳукумати ноҳия барои 60 нафар тарбиятгиранда сохта ба истифода дода шуд. Дар деҳаи Фрунзеи Ҷамоати деҳоти Заргар сохтмони бинои муассисаи таълимии рақами 10 аз ҳисоби Фонди Саудии Рушд бо маблағи 133 млн. сомонӣ барои 680 нафар хонанда (иборат аз 16 синфхона) идома дорад. Ҳамзамон, дар деҳаи «Барои Ҳосилот»-и ҳамин ҷамоат аз тарафи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 сохтмони бинои иловагӣ иборат аз 10 синфхона барои 250 ҷойи нишаст то охири соли ҷорӣ ба анҷом хоҳад расид. То таҷлили ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ дар шаҳраки Бохтариён, дар муассисаи таълимии №8 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 16 синфхона барои 500 нафар хонанда сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар деҳаи Абдураҳмони Ҷомии Ҷамоати деҳоти Заргар аз ҷониби соҳибкоре муассисаи томактабии «Садаф» барои 60 нафар тарбиятгиранда бунёд карда шудааст.
Бурҳониддин Ҷабборӣ - сардори раёсати маорифи шаҳри Конибодом:
- Дар қаламрави шаҳр ба бунёди муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳо аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Алҳол дар 44 муассисаи таълимӣ корҳои созандагӣ ва таъмиру тармим дар сатҳи баланд ҷараён доранд. Ҳоло бунёди муассисаҳои таълимии №7 барои 330 нафар дар як баст ва мактаби №52 барои 240 нафар, ҳамчунин, сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ барои 240 нафар бо суръат идома дорад. Дар назди як қатор муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, муассисаи таҳсилоти умумии асосии № 45 4 синфхонаи иловагӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 8 синфхонаи иловагӣ, 3 кабинети фаннӣ, мактаби №53 5 синфхона ва маҷлисгоҳ, №34 толори варзишӣ, мактаби №51 толори варзишӣ ва майдончаи замонавии варзишӣ, ҳамчунин, ошхона ва 2 синфхонаи иловагӣ дар гимназияи давлатии №1, дар умум, 22 синфхонаи иловагӣ сохта шуда истодааст, ки дар арафаи соли таҳсили нав мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт. Бо иқдому дастгирии соҳибкор Ҳилолиддин Содиқов дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ пурра аз таъмир баровардаю боми бинои мактаб аз нав пӯшонида шуд.
Лайло Раҷабова - мудири шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода:
- Дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳр бунёди 78 синфхонаи иловагӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва дастгирии падару модарон идома ёфта истодааст, ки дар арафаи соли нави таҳсил ба истифода дода мешаванд. Ҳамчунин, тибқи нақша аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №93 дар Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият сохта хоҳад шуд. Дар Ҷамоати деҳоти Навобод муассисаи таълимии №26 бо дастгирию ибтикори соҳибкор Ҷӯрабек Муҳибов барои 600 нафар ҷойи нишаст ва аз ҳисоби Сафоратхонаи Япония дар назди мактаби №11-и шаҳр 6 синфхонаи иловагӣ ва 2 ҳуҷраи корӣ бунёд карда мешаванд. Инчунин, сохтмони 2 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 200 нафар тарбиятгиранда дар назар дошта шудааст.
Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр