Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров нишасти матбуотии ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори умум баргузор гардид.
Намояндагони васоити ахбори омма доир ба нақшаҳои дурнамои фаъолият, масоили густариши равобити донишгоҳ бо муассисаҳои олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бо кор таъмин намудани хатмкунандагон (буҷавӣ ва шартномавӣ), ҳиссаи таърихшиносони донишгоҳ дар таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ, таваҷҷуҳ ба такмили ихтисоси омӯзгорон, таҷрибаомӯзии донишҷӯён, таҳсилоти фосилавӣ, ҳавасмандии моддиву маънавии донишҷӯёни аълохон ва ғолибони олимпиадаву озмунҳо, имтиёз ба донишҷӯёни фаъол саволҳои худро пешниҳод намуда, посухҳои муфассал гирифтанд.
Ба иттилои ректор, маъмурияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар нимсолаи якуми соли 2019 бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, ба талабот ва меъёрҳои муосир мутобиқ гардонидани раванди таълим, тақвият додани технологияҳои муосир дар ҷараёни таҳсил, рушди илм ва инноватсия, тарбияи ахлоқиву маърифатӣ ва густариши равобит бо муассисаҳои олии кишварҳои дуру наздик корҳои судмандро роҳандозӣ намуд.
Ҳоло донишгоҳ бо 47 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейю гимназияҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шартномаи муштарак ба имзо расонидааст.
Соли 2018 742 нафар ихтисосҳои омӯзгориро хатм намуданд, ки аз онҳо 7 нафар бо сабабҳои гуногун ба ҷойи кор ҳозир нашуданд.Дар натиҷа, аризаи даъвогӣ ба суди шаҳру ноҳияҳо ирсол гардид. Аз теъдоди умумии ҳафтнафараи ҳозирнашуда 2 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд, 2 нафар маблағи таҳсилро бозпас гардониданд ва нисбат ба нафари дигар корбарӣ бо мақомоти судӣ идома дорад.
Дар соли 2019 докторантон, магистрантон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва донишгоҳӣ дар самти илм ва инноватсия фаъолона иштирок намуда, ба ҷойҳои сазовор ноил гардиданд. Аз ҷумла, дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар шаҳри Душанбе) 4 ҷой, дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» 7 ва дар олимпиадаи байналхалқии Донишгоҳи муштараки илмҳои математикии Ҷумҳуриҳои Беларусу Россия як ҷойи намоёнро ишғол карданд.
Донишгоҳ дар маҷмӯъ бо 46 донишгоҳи хориҷи дуру наздик ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии бурунмарзӣ дар асоси шартномаҳои тарафайн ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст. Дар нимсолаи аввали соли 2019 донишгоҳ боз 6 шартномаи ҳамкориро бо донишгоҳҳои Россия ва Ӯзбекистон ба имзо расонид.
Нуъмон Раҷабзода,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр