Нашрияи Омӯзгор

Сафи бонувони варзишгар меафзояд

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 772        Шарҳ: 0

Нақши варзиш дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз муҳимтарин василаҳои обутоби ҷисмонии ҷавонон, таъмини солимии аҳли ҷомеа ва муаррифии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамвора меафзояд, варзиш ҳар чӣ бештар оммавият пайдо мекунад, эътибори он марҳила ба марҳила боло меравад, дар мамлакат пайваста варзишгоҳҳо ва толорҳои варзишии нав ба нави бо таҷҳизоти зарурии муосир муҷаҳҳаз бунёд карда мешаванд. Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов Шодӣ Сафаров дар нишасти матбуотие, ки дар ин боргоҳи варзишгарон баргузор гашт, дар дар оғози суханрониаш ҳамин нуктаро таъкид кард ва бо қаноатмандӣ иброз дошт, ки аҳли донишкада дар рушди варзиш, омодасозии варзишгарони мумтоз ва омӯзгорони тарбияи ҷисмонӣ нақши муҳим доранд. Беш аз 200 нафар донишҷӯи донишкада ба ҳайати дастаҳои яккачини ҷумҳурӣ оид ба намудҳои гуногуни варзиш пазируфта шудаанд. Онҳо дар бонуфузтарин мусобиқоти ҷаҳонӣ ширкат варзида, ба пирӯзӣ мерасанд ва парчами ҷумҳуриро баланд мебардоранд.

Дар ба камол расонидани варзишгарони ҳақиқӣ донишомӯзии онҳо ва таҳкими ҳисси ифтихори миллиашон нақши муҳим доранд. Донишҷӯи камсавод ҳаргиз варзишгари хуб шуда наметавонад. Аз ин рӯ, дар донишкада барои давра ба давра боло бурдани сатҳи таҳсилот ва дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ тарбия кардани шогирдон мунтазам тадбирандешӣ карда мешавад. Дар донишкада таълим вобаста ба 5 ихтисос дар заминаи зинаҳои бакалавр ва мутахассис татбиқ мешавад ва низоми кредитии таҳсилот ба кор гирифта шудааст. Дараҷаи донишандӯзии шогирдон 85%-ро ташкил медиҳад.

Дар донишкада ба масоили табъу нашр диққати ҳамешагӣ дода мешавад. Дар як муддати кӯтоҳ дар натиҷаи фаъолияти пурмаҳсули устодон як силсилаи китобҳои дарсию методӣ, чун «Гимнастика», «Шиноварӣ», «Метрология», «Таърихи бозиҳои миллӣ», «Психологияи варзишӣ», «Чавгонбозӣ», «Ченаки варзиш», «Педагогикаи варзиш», «Фалсафаи варзиш»... таҳия ва нашр шуданд.

Ҳамчунин, бо эҳтимоми устодони донишкада якчанд силлабусу барномаи таълим ба истифода пешниҳод гардиданд.

Дар донишкада бо ҳадафи ҷалби теъдоди ҳар чӣ бештари духтарон ба варзиш мунтазам тадбирандешӣ мешавад ва аз ин ҷост, ки шумораи донишҷӯдухтарон сол то сол меафзояд. Соли равон беш аз 200 нафар довталаб аз ҳисоби духтарон барои идомаи таҳсил ДТҶТ-ро интихоб кардаанд, ки ин нисбат ба солҳои пешин хеле зиёд аст. Духтарони варзишгар ҳамеша аз дастгирии раёсати донишкада бархӯрдоранд ва аз ҷумла, аз хобгоҳ ва тамоми хизматгузориҳои он ба таври ройгон истифода мебаранд.

Пас аз посух гуфтан ба суолҳои рӯзноманигорон ректори донишкада ба намояндагони воситаҳои ахбори омма барои ҳамкориҳои судмандашон бо таълимгоҳ арзи сипос намуд.

 

А.Муродӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш