Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Муъмин Шарифзода бо намояндагони васоити ахбори омма оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли 2019 маълумот дод.
Аз ҷумла, таъкид гардид, ки натиҷаҳои ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2019 ва омодагии аҳли донишгоҳ ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгари марҳилаи нави рушд барои донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Ба истиқболи ин ҷашн сохтмони толори варзиш ва гармхона барои ихтисоси маркетинг ва агробизнес ба анҷом расид.
Ректор аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштани ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ (дипломатия), молия ва қарзи донишгоҳро падидаи муҳим ва дастоварди арзандаи муассиса дар нимсолаи аввали соли равон маънидод кард.
Натиҷаи пажӯҳишот ва теъдоди ҳимояҳои рисолаҳои илмӣ дар нимсолаи якум 8 ададро ташкил медиҳад. Теъдоди ҳимояҳои рисолаҳои илмӣ дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-023-и назди ДДҲБСТ бошад, давраи ҳисоботӣ ба 7 адад баробар аст.
Аз ҷониби устодони донишгоҳ 8 монография, 55 мақола дар маҷаллаҳои илмии аз тарафи КОА (ВАК) тасдиқшуда, 66 мақола дар конфронсҳои илмии байналмилалӣ, 398 мақолаи илмӣ дар маҷмӯаи дохилидонишгоҳӣ таълиф ва нашр шудаанд, ки ин нукта дар гузориши роҳбари донишгоҳ муфассал баён гардид.
Айни замон дар донишгоҳ 673 компютер мавҷуд мебошад, ки ба 8 нафар донишҷӯ як компютер рост меояд. Аз 334 нафар устодони донишгоҳ 16 нафар доктор ва 124 нафар номзади илм мебошанд. Теъдоди умумии донишҷӯён 7027 нафарро ташкил медиҳад ва дар шуъбаи магистратура бошад, 90 нафар таҳсил менамоянд.
Нуъмон Раҷабзода,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр