Нашрияи Омӯзгор

Калонсолон дар китобхонӣ намуна бошанд!

Сана: 2018-05-07        Дида шуд: 760        Шарҳ: 0

мусоҳибаи рӯзноманигор Шодӣ Раҷабзод бо адиби шинохтаи бачаҳо Азизи Азиз

- Чунонки маълум аст, тайи солҳои охир масъалаи аз мутолиа дур мондани насли наврас ва ҷавонон аҳли ҷомеаро ба ташвишу нигаронии амиқ мувоҷеҳ сохтааст. Заминаҳо ва омилҳои асосии ин масъала, яъне камзавқии хонандаи имрӯзаро дар куҷо ҷустан мумкин аст?

– Ба ин савол ҷавоби дурусттару қаноатбахш дода наметавонам, агарчӣ хулосаву мушоҳидаҳо дорам. Шояд дар ҷараёни суҳбат баъзеро баён кунам.

Дар ҳақиқат, имрӯз мо кам китоб мехонем. Дар кӯчаҳои пойтахт қадам зада, ба дасти мардум нигаред: ҳама чиз ҳаст, вале китоб нест. Ба ягон ҷавон 5-6 китоб дода, хоҳиш кунед, ки дар даст ҳамин китобҳо ошкоро ду истгоҳ пиёда равад, шарм хоҳад дошт… Як марди китобхон аз ноҳияи Файзобод дирӯз шикоят кард, ки ба идораи молия даромада, гуфтааст, ки ҳамон маблағи пешбинишудаи буҷаро ба мо диҳед, то китоб дарёфт кунем, масъули идораи молия пурсидааст, балки чунин гуфта, рад кардааст: «Китоби ту ба кӣ даркор аст?!»

Хулоса, ба саволи шумо олиме, муҳаққиқе ҷавоб гӯяд ва далелу бурҳон оварад, беҳтар аст.

- Дар як нишаст дар кадом муассисаи фарҳангии ҷумҳурӣ дар ин боб сару садоҳо баланд гардидаву пешниҳод шуд, ки ҷиҳати ба мутолиа фаро гирифтани насли наврас ва ҷавонон аз шеваҳои маҷбурӣ истифода бояд бурд. Ба андешаи шумо, ин тарзу роҳ то куҷо судбахш буда метавонад?

– Аслан таълим хусусияти иҷборӣ дорад, аз ин сабаб «таълими ҳатмӣ» мегӯем. Агар ихтиёри мактаб рафтану нарафтани бачаҳоро ба худашон вогузорем, саргармиву бозиҳои кӯчагӣ онҳоро ба тарафи худ мекашад ва ба зудӣ ҳамон шогирди пешқадам низ ба сӯйи мактаб дигар қадам нахоҳад гузошт.

Бале, ин корест иҷборӣ, вале савол ин аст: чӣ хел бояд водору маҷбур кард, то ҷисму равони бача маъюб нашавад? Аз ин сабаб, тарзу усули таълимро барои омӯзгорон муайян кардаанд ва ӯ бояд устоди касби худ бошад.

Дигар ин ки, то оила китобдӯстдору китобхон нашавад, кор пеш нахоҳад рафт. Дар кори таълим падару модарон аз омӯзгорон бояд пештар бошанд ва бештар андешанд. Мутаассифона, дар мо чунин нест.

- Дар замони Шӯравӣ, қабл аз он ки омӯзгорон дар таълимгоҳҳо аз хонандагон мутолиаи ину он асари бадеӣ ё китобро талаб намоянд, худ пурхонда ва сермутолиа буданд. Барои мутолиаи беҳтарин осори бадеие, ки тоза ба нашр мерасиданд, (чӣ адибони муосири тоҷик, чӣ ҷаҳонӣ ва чӣ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ) вақт ҷудо мекарданд, мехонданд ва мутолиаи ин осорро аз шогирдон қотеъона талаб мекарданд. Мутаассифона, ин амал дар замони муосир хеле сусту камранг гардидааст. Ба назари шумо, ҳамин тавр намерасад?

– Маҳз чунин аст. Дар кишвари Ҷопон хонандаи синфи чорум аз 120 китоби бадеӣ имтиҳон месупурдааст. Ин ҷо таъкиди як нукта муҳим аст: хонандагон дар синфҳои ибтидоӣ мувофиқу синну солашон чаҳор амалро бояд омӯзанд, яъне хонда тавонанд, фаҳмида тавонанд, нақл карда тавонанд ва навишта тавонанд.

Мо фақат яке, аввалиро анҷом медиҳем. Шогирдони мо сухангӯ нестанд, зарур ояд, ину он банди китобро аз ёд мекунанд, зеро фаҳмиданро наомӯхтаанд. Аслан, китобро барои он намехонанд, ки сари худро аз далелу маълумоти иловагӣ пур кунанд, бе ҳамин ҳам интернету телевизор бо бачаҳои мо чунин кардааст. Аз китоб бояд панд гирифт, ҳикматашро бояд сармашқи кору зиндагӣ қарор дод. Китоб бояд барои инсони комил шудани кӯдак восита бошад…

Дигар, бачаҳо навишта ҳам наметавонанд. Воқеан, телевизиони «Баҳористон» як озмун эълон кард: «Вақте қалам ба даст мегирам…» 70 асари бачаҳо ҷамъ шуд. Хондем. Агарчи  матнҳо рӯйбардор нестанд, вале ҳама якранганд, ҳатто ҷумлаҳо бекамукост такрор шудаанд.

Ин якрангӣ аз куҷост? Аз он ҷост, ки эҷод нест. Бачаҳои мо атрофро дида наметавонанд. Менависанд, ки Душанбе шаҳри зебост ва боғҳоро сабзу хуррам, биноҳоро баланду зебо, роҳҳоро росту ҳамвору пурмошин ва одамонро қаноатманду хушбахт гуфтаанд. Касе намебинад, ки дар Боғи Ирам чанд дарахт ва гули нав рӯйидааст, ки пештар набуд, номи онҳоро на бобояш донисту на падару модараш. Ин худ мавзӯи як ҳикоя буда метавонад. Як бача гуфт, ки рӯзе дар Боғи парчам Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро дидам, ки танҳо сайр мекарданд ва мегуфт, ки шояд ба назарам намуд… Чаро мавзӯи як иншои «Вақте қалам ба даст мегирам…» ин воқеаи аҷиб набошад?!

- Ба гумони мо, як сабаби аз мутолиа дур мондани хонандаи мактаби имрӯз дар тарғибу ташвиқи маърифати мутолиа (ё фарҳанги мутолиа)нуҳуфтааст. Масъулону дастандаркорони муассисаҳои фарҳангӣ, манзур китобхонаву китобдорон дар ин самт камҳавсалагӣ зоҳир мекунанд. Онҳо кори худро аслан дар анҷом додани амалҳои рӯзмарраи вазифавии худ медонанду бас. Ҳамин тавр не?!

– Чандон чунин нест, агар падару модар аз фарзанд ҳар замон хоҳиш кунанд, ки ба китобхона равад ва фалон китобро пайдо карда хонад, фарзанд меравад. Аммо касе писару духтари худро ба он ҷо намебараду намефиристад.

– Аз таҷрибаи худ метавонед чанд тарзу усули китобхон кардани бачаҳоро пешниҳод намоед?

– Омӯзгор супориш надиҳад, ки фалон китобро бачаҳо хонанд, балки гӯяд: «Дар ҳикояи «Барф ҳам мегузарад»-и нависанда Саттор Турсун қаҳрамони асар – Сангин Рамазонро мардум чандон хуш надоранд, аммо Сангин Рамазон панҷ хислати хуб дорад. Шумо ин хислатҳоро ошкор карда, дар дарси дигар ба ман нақл кунед.» Яъне танҳо «Хон!» гуфта амр кардан кам аст.

Омӯзгору падару модар ва ё худи хонанда аз дигарон пурсад, ки кадом китоб имрӯз хонданист. Китоб ҳам мисли суруду мусиқӣ моли як миллат нест. Мирзо Турсунзода, Расул Ғамзатов, Чингиз Айтматовро як хонандаи кишвари Ҳиндустон ҳаргиз ва нахуст чун адиби тоҷику авару қирғиз нахондааст. Фарзанди кадом халқу миллат будани адиб ҳамеша дар охир ба зеҳни хонанда асар мекунад.

ҳар замон аз фарзанду шогирд бояд пурсид, ки ҳоло чӣ китобе дар даст дорад. Ин савол басо муҳим аст! Ҳар рӯз пурсидани лоақал як-ду шогирд шарт аст.

Дигар, калонсолон бояд намуна бошанд, худ китоб хонанд. Ба шарофати як нафар даҳҳо нафар китобхон мешаванд, чунонки ба касофати як дузд деҳае бадном шудааст.

Ҳамчунин, китоб бояд зиёд чоп шавад, ороишаш дилчасп бошад, китоби бесифату бемаъниро аз дасти бача бояд гирифт ва китоби дигар бояд дод, ба омӯзгорон бояд гуфт, ки ҳар фурӯшандаи китобу ҳар гуна китобро ба мактаб роҳ надиҳанд.

Имрӯз одат шудааст, ки барои бесаводию камсаводӣ, дурусташ, китоб нахондани бачаҳо, мактабро гунаҳкор мекунанд, аз гиребони омӯзгор мегиранд. То замоне фаро нарасад, ки падару модар фарзандро китобхон накунанд, омӯзгор оҷиз мемонад.

– Оилаи тоҷик ҳанӯз китобхон нест. Бахусус, модарон китобро фаромӯш кардаанд. Дар баъзе хонаҳо ду-се телевизор ҳам ҳаст, вале китоб нест. Падару писар яктоӣ мошин доранд, аммо китоб надоранд.

- Барои вусъат додани маърифати мутолиаи хонандагон дар таълимгоҳҳо, дар раёсату шуъбаҳои маориф озмунҳои зиёд гузаронида мешаванд. Яке аз ин гуна озмунҳо «Кӣ бештар китоб мутолиа кардааст?» маҳсуб меёбад. Бовар кунед, дар мактабҳои шаҳру навоҳии кишвар, хусусан, кӯҳистони дурдасти мо хонандагоне ҳастанд, ки осори насрию назмии классикони форсу тоҷикро амиқу дақиқ медонанд, он ҳамаро мутолиа кардаанд. Чӣ бояд кард, то чунин хонандагони пурмутолиа тарғиб гарданд ва ба сифати намуна муаррифӣ гарданд? Шояд дар ин боб нақши содаву симоро баланд бояд бардошт?

– Аслан аз даҳ нуҳ инсони китобхон ҳамин бачаҳоянд. Вале ин кам аст. Чун аз бузургсолони оила суол кунед, ки «Фарзандатон китобхон аст?», ҷавоб медиҳанд, ки «Бале, ҳар рӯз мактаб меравад!» Манзури онҳо китоби дарсист, аммо манзури мо дар ин суҳбат китоби бадеӣ ё илмию оммавист.

Дар ҳама давру замон кам китоб мехонданд. Вале бештарини хонандагон бачаҳоянд. То синфи чоруму панҷум ҳама дӯстдори китобанд ва имкони китобхони асил  шуданашон аз дасташон нарафтаст. Аз ин сабаб, фақат дар гумони мо  имрӯз бачаҳо китоб намехонанд. Мехонанд, аммо кам. Агар аз даҳ нафар яке китобхони асил бошад, миллати тоҷик дар олам хонанда ба шумор меравад. Боре аз сарвари ягон мактаб хоҳиш кунед, ки бе муболиға кардан китобдӯстдорони муассисаашро шумурад. Зиёдаравӣ накунад. Шумораи умумии хонандагонро ба даҳ тақсим кунед ва ба он мактаб баҳо додан душвор намешавад. Аз 2000 мактаббача 200 нафар китобхон бошад, муваффақияти бузург ба ҳисоб меравад.

Ман ба шаҳру деҳоти мамлакат ҳар замон сафар мекунам, мебинам, ки имрӯз бачаҳо китоббадастанд. Мутаассифона, худи китоб, бахусус, китоби нав кам нашр мешавад. Ногуфта намонад, ки вазъ дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ беҳтар нест.

Хуб, чаро бачаҳои мо камтар китоб мехонанд? Аслан, илм омӯхтани фарзанд хусусияти иҷборӣ дорад. Вале усули таълим бояд созгор бошад. Аммо усули таълим гуфта, пеш аз ҳама таълими хонаводагиро дар назар дорам. Оила давоми мактаб аст, оила ҳам мактаб аст. Зиёда аз ин падару модарон мегӯянд, ки «Фалонӣ китоб хонда чӣ кас шуд, ки фарзанди ман шавад?!» Китобро барои он намехонем, ки ҳатман вазиру дабир шавем, китобро барои Одам шудан бояд хонд.

– Ба китоб кӣ баҳо медиҳад, то асари хом рӯйи чоп набинад?

– Аввал муҳаррири нашриёт. (Чун китоберо ба даст гирифтед, нигоҳ кунед, ки муҳаррираш кист.Мунаққид фақат муаллифро не, муҳаррирро низ зери тозиёнаи танқид бигирад).

Дуруст гуфтед, шогирди китобхони мактаб набояд аз назари эътибор дур монад. Бачаҳое, ки ба маҳфили телевизионии «Беҳтар аз дӯст» меоянд, ҳамон китобхонҳоянд.

–. Боре мушоҳида кардед, ки ба маҳфили телевизионии «Беҳтар аз дӯст» баъзе бачаҳо ба хотири дидани чеҳраи худ иштирок мекунанд?

– Мушоҳида кардам. Бигзор оянд! «Беҳтар аз дӯст» ҳам як воситаи ҷалб кардани ҳушу ёди кӯдакон ба хондан аст. Бо ҳар восита, бо ҳар роҳ, ҳатто бо фиреб касеро водор кунед, ки китоб хонад, савоб аст. Агар ҳар кас дар ин ҷабҳа коре ба анҷом расонад, теъдоди нашри китоб ба сад ҳазор хоҳад расид.

- Ба пиндори мо, дар масъалаи бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба мутолиа нақши адибон хеле калон аст. Баргузории вохӯрию мулоқотҳо ба таври пайваста магар имрӯз зарур нест? Дар ин мулоқотҳо бояд китобҳои бадеӣ муаррифӣ ва тарғиб карда шавад.

– Хато намекунам, агар гӯям, ки ҳар рӯз чанд шоиру нависанда дар сафар асту бо хонандагон вохӯрда суҳбат мекунад. Аммо чун хонанда фаъол нест, нависанда чӣ кунад?

- Хеле корҳоро шумо бо барномаи вижа дар шабакаи «Баҳористон» ба иҷро мерасонед. Беҳтарин шеваи тарғиби осори бадеӣ ва дастгирии эҷодкорони ҷавон. Боз кадом роҳу усулҳоро метавон дар ин самт истифода бурд?

– Ташаккур! Хушам меояд ҳар гоҳ бо вазири муҳтарам Нуриддин Саид вомехӯраму аз ваҷҳи ин барнома андешаи худро баён мекунанд ва маслиҳат ҳам медиҳанд.

- Чизи дигар. Мутолиа ва шинохти адибони бузурги ҷаҳон хеле коҳиш ёфтааст. Имрӯз насли наврас ва ҷавонон ҳатто номҳои Валентин Распутин, Васил Биков, Чингиз Айтматов, Василий Белов, Виктор Астафев, Нодар Думбадзе, Грант Матевосян, Ионас Авижюс, Одил Ёқубов ва бисёри дигарро нашунидаанд, чӣ расад ба мутолиаи осори онҳо. Оё намешавад, тарҷумаи осори бадеиро бо дарназардошт ва талаботи завқи хонандаи замони муосир роҳандозӣ намуд?

– Дар шаҳри Ваҳдат воқеаеро нақл карданд. Дар Маскав сатҳи дониши як нафарро имтиҳон мекунанд. Баҳои паст мегирад. Вай забони русиро намедонист. Имтиҳонгиранда қасам мехӯрад, ки агар ин ҷавон, ки порина мактаби миёнаро хатм кардааст, ба саволи охирин ҷавоб гуфта тавонад, ба кор қабул хоҳад шуд. Савол чунин буд: як шоир ё нависандаи русро ном гирад. Ҷавон ҷавоб медиҳад, ки «Шоири рус – Гагарин!»

Ин адибони машҳуру ин номҳо, ки ба забон овардед, барои мардум дигар ношиносанд. Вале бо гила кардан кор пеш намеравад. Ҳар кас бояд амали неке ба анҷом расонад.

Воқеан, тарҷумаи осори классикон. Бештарини тарҷумаҳо ба зеҳну завқи бачаҳо мувофиқ нестанд. Ҳатто китобхони хуб «Маугли»-ро дар забони асл ё русӣ беҳтар мефаҳмад.

- Ниҳоят нақши технологияро нодида гирифтаи аз рӯйи инсоф набудагист.

– Дуруст аст. Имрӯз бачаҳо дар сари компютер соатҳо нишаста, ба уқёнуси интернет ғӯта мезананд. Аммо интернет аз асарҳои адибони тоҷик холист. Боре кӯшед, ки ягон асари устод Айниро аз Интернет пайдо кунед. Нест. Дар бораи адиби маъруф Фазлиддин Муҳаммадиев он ҷо чизе наметавонед пайдо кард. Русҳо ҳатто асарҳои адиби дирӯзакак ба майдони адабиёт омадаашонро ба оламиён муаррифӣ мекунанд.

Забон як рукни давлату давлатдорист. Бе китоб инсон забондон намешавад. Як китоби устод Айнӣ - «Намунаи адабиёти тоҷик» солҳои бистуми асри гузашта боиси забондарозию сарбаландии сиёсатмадорони давру сабаби даъвои давлатдории тоҷикон шуд. Магар унвони Қаҳрамони Тоҷикистон аввал ба адиб дода нашуд? Ҳама имрӯз иқрор ҳастем, ки устод Айнӣ дар сафи нахустин ташкилдиҳандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон истода буд. Бубинед, душман ҳамеша рад мекард, ки чунин забон – забони тоҷикӣ нест. Мушти сухани устод Айнӣ даҳони душманро пӯшид!

Ё мегӯянд, ки як шеъри ба забони модарӣ бахшидаи устод Убайд Раҷабро эрониён боре миллион-миллион нусха чоп карда, тавассути тайёра аз фазои кишварашон чун борони раҳмат рехтаанд!

Шеърҳои ба забони модарӣ бахшидаи Лоиқу Бозор Собир ҳамеша вирди забонанд…


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш