14 - 22 июли соли 2019 дар шаҳри Бати кишвари Англия 60-умин олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни математика «60th IMO 2019» баргузор гардид, ки дар он 642 хонанда аз 112 кишвари дунё иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 6 нафар хонанда - Ҷаҳонгир Урақов, хонандаи литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, Наимҷон Хондҷонов, Шоҳрух Исоматов, Ҷамшед Рустамов, Шоҳрухи Маҳмадҷон ва Вазир Пиров – хонандагони литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе муаррифӣ намуданд.
Дар ҷамъбасти олимпиада Наимҷон Хондҷонов сазовори ҷойи дуюм (медали нуқра) ва Ҷаҳонгир Урақов сазовори ҷойи сеюм (медали биринҷӣ) гардиданд ва Шоҳрух Исоматов, Ҷамшед Рустамов бо сипоснома қадрдонӣ шуданд.
Ғолибонро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе кормандони Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо якҷо бо намояндагони васоити ахбори омма истиқбол намуданд.
Н. ОХУНЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр