Нашрияи Омӯзгор

Ба забономӯзӣ таваҷҷуҳ бештар мегардад

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Зимни нишасти матбуотӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ректори донишкада, профессор Маҳмадулло Раҷабзода дар робита бо суолҳои зиёди рӯзноманигорон оид ба муҳимтарин ҷанбаҳои фаъолияти аҳли донишкада дар давоми шаш моҳи аввали соли равон маълумоти муфассалу пурдалел ироа намуд.

Зикр гашт, ки дар давраи мазкур, пеш аз ҳама, вобаста ба такмили сатҳу сифати таълиму тарбияи донишҷӯён, бештар мукаммал намудани таҷҳизоту дарсгоҳу озмоишгоҳҳо, тақвияти фаъолияти устодон ва амсоли инҳо корҳои зиёде сомон бахшида шуданд. Имконоти техникии донишкада бештар гашт, барои устодону шогирдон ҷиҳати истифода аз шабакаи интернет ва китобхонаи электронӣ шароити созгор фароҳам омад. Фаъолияти шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ низ вусъат ёфт ва сатҳи донишандӯзии донишҷӯёни ин намуди таҳсил (ончунонки аз натиҷаҳои давраи фаъоли сессияи имтиҳонӣ бармеояд) хеле боло рафт. Беш аз 90% -и донишҷӯёни донишкада сессияи имтиҳониро бомуваффақият ҷамъбаст намуданд, ки ин аз натиҷаи сессияҳои қаблӣ хеле беҳтар аст. Фаъолияти донишкада, асосан ба се самт нигаронида шудааст: омӯзгорӣ, тарҷумонӣ, забоншиносӣ. Маълум, ки эҳтиёҷи ҷумҳурӣ ба мутахассисон оид ба ҳар се самти мазкур зиёд аст, махсусан, ба омӯзгорони забонҳои хориҷӣ. Ҳоло дар донишкада 14 забони хориҷӣ омӯхта мешавад ва соли равон аз теъдоди умумии 621 хатмкардаи таълимгоҳ 127 нафар мутахассиси ҷавони равияи омӯзгорӣ бо роҳхати Вазорати маориф ва илми мамлакат барои кор ба манотиқи эҳтиёҷманди кишвар фиристода шуданд.

Устодони донишкада дар баробари фаъолона машғул шудан ба таълиму тарбияи шогирдон ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ва ба эҷоди мақолаҳо таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамоянд. Аз ин ҷост, ки дар доираи нимсолаи аввали соли равон аз тарафи онҳо 19 монография, 12 дастури таълимию методӣ, 9 китоби дарсӣ ва беш аз 150 мақолаи илмию методӣ таълиф гардидаву дар нашрияҳои гуногуни ватанию хориҷӣ ба чоп расонда шуд. Ҳамчунин, шаш нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя карданд ва рисолаҳои илмии 10 унвонҷӯву 2 докторант дар арафаи дифоъ қарор доранд.

Чанде пеш нахустшумораи маҷаллаи тарҷумонҳои ҷавони донишкада бо номи «Машъалафрӯз» бо муҳтавою сифати баланд, ба тариқи ранга ба нашр расид, ки ҳодисаи муҳиму пурфурӯғе гашт барои аҳли донишкада ва умуман, алоқамандони тарҷумаву фарҳангу забоншиносӣ.

Ректори донишкада М.Раҷабзода, ҳамчунин, иттилоъ дод, ки таваҷҷуҳи ҷавонони хориҷӣ ба донишкада ҳамвора меафзояд ва ҳоло теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ ин ҷо беш аз 400 нафар аст. Ба тасдиқи Маркази миллии тестӣ, шумораи довталабоне, ки барои таҳсил ДДЗТ-ро пазируфтаанд, назар ба ҳамин давраи соли гузашта, 5 ҳазор нафар бештар аст.

 

А.Муродӣ,

«Омӯзгор» 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш