Дар нишасти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак роҳбари ин ниҳод Раҷабгул Ҳабибуллозода сухани ифтитоҳӣ гуфт.
Қайд гардид, ки тайи шаш моҳи сипаришуда ба ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак 73 муроҷиати шаҳрвандон ба таври хаттӣ, шифоҳӣ, тавассути телефон ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 адад зиёд аст. Дар ҳамкорӣ бо ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон даҳтои чунин муроҷиатҳо ҳалли худро ёфтанд. Ин пурсишҳо бештар тамоили иҷтимоӣ доранд.
Бино ба гуфти Р. Ҳабибуллозода, ҳамкорӣ ва фаъолияти ин ниҳод бо аҳли ҷомеа тавассути интернет низ ба роҳ монда шудааст. Яъне суолу ҷавоб оид ба масъалаҳои пайдошуда тавассути сайти интернетӣ сурат мегирад, ки роҳи нисбатан осони ҳалли масъалаҳои пайдошуда аст. Чунонки номбурда гуфт, тӯли шаш моҳи ҳисоботӣ намояндагони ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба муассисаи ислоҳии шаҳри Норак ва ду муассисаи кӯдакони ҷиноятсодиркарда рафта, аз аҳволи онҳо бохабар шуда, корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд. Ҳамчунин, ба 25 муассисаи таълимӣ, беморхонаҳои рӯҳӣ, боғчаҳо, литсейҳои махсуси бачагона, парваришгоҳҳои бачаҳои душвортарбия рафта, аз мушкилоти онҳо огоҳӣ ёфта, пайи мададу дастгирӣ ба ин ниёзмандон кӯшиш ба харҷ додаанд.
- Тибқи конунҳои мавҷуда аз кӯдакони то яксола, ки дар беморхонаҳои ҷумҳурӣ табобат мегиранд, пулситонӣ манъ аст. Барои пешгирии чунин амалҳои ношоиста мо ҳар гоҳ ба беморхонаҳо, муассисаҳои дигари тандурустӣ рафта, пурсишу мониторингҳо мегузаронем, то ки пеши роҳи ин кор гирифта шавад, - иброз дошт Р. Ҳабибуллозода.
Чунонки мавсуф ёдовар гардид, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» асосҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ва кафолатҳои давлатии амалишавии онҳоро муайян карда, даҳҳо қонуни дигар ҳуқуқу озодиҳои кӯдакро дар соҳаҳои алоҳида ба танзим медароранд. Низоми механизмҳои ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, ки дар ҷумҳурӣ ташкил карда шудааст, барои амалишавии ҳамаҷонибаи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак имконият медиҳанд. Зиёда аз ин, механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак пайваста тақвият меёбанд. Бо ҳамин мақсад бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак муайян шудааст. Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакони осебпазир, ятимону бепарасторон ва маъюбон дар маркази диққати ҳамешагии ҳукумат қарор дорад.
Рӯзноманигорон вобаста ба масъалаҳои дигари марбут ба ҳуқуқи кӯдак ба суолҳои худ посухҳои қаноатбахш гирифтанд.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр