19 июли соли равон нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид, муовинони вазир Сайфиддин Давлатзода, Фатҳиддин Усмонзода, Латофат Назирӣ, сардорони раёсат ва зерсохторҳои вазорат иштирок намуданд.
Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид иброз дошт, ки соҳаҳои маориф ва илм бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста густариш меёбанд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба 649 адад ва шумораи тарбиятгирандагон ба 97573 нафар расидааст, ки дар муқоиса ба соли 2017 34 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 4520 нафар кӯдак зиёд мебошад. Ҳоло дар муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 11682 нафар корманди педагогӣ фаъолият менамоянд. Аз таҳлили вазъи таълиму тарбияи томактабӣ дар кишвар бармеояд, ки яке аз мушкилоти асосии имрӯза нокифоя будани маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба тарбияи томактабӣ ва диққати ҷиддӣ надодани мутасаддиёни соҳа дар шаҳру ноҳияҳо ба зинаи таҳсилоти томактабӣ мебошад.
Ҳамчунин, бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» тасдиқ гардидааст, ки ба тақвияти заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамояд.
- Дар ҷумҳурӣ 65 мактаб-интернат барои кӯдакони ятим, нимятим, бепарастор, кӯдаконе, ки падару модарашон гирифтори бемориҳои сироятии барои кӯдакон хавфнок, имконияташон маҳдуд, барои кӯдакони аз деҳаҳои навбунёд ва дурдаст, ки муассисаи таълимӣ надоранд, кӯдаконе, ки дар муҳити носолими оилавӣ тарбия менамоянд, амал менамоянд, ки дар онҳо дар соли таҳсили 2018-2019-ум 8371 нафар таълимгиранда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, - гуфт вазир.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таҳия гардида, бо вазорату кумитаҳои дахлдор мувофиқа шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Ҳамасола ҷиҳати бо омӯзгорони соҳибихтисос таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи ҷумҳурӣ дархост пешниҳод гардида, тибқи он Вазорати маориф ва илм мутахассисони ҷавонро ба муассисаҳои таълимӣдар асоси роҳхат сафарбар менамояд.
Дар идома вазири маориф ва илм зикр кард, ки ҳарчанд сол аз сол вазъи таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо мутахассисони соҳибихтисос беҳтар мегардад, вале то ҳол мушкилоти бартараф кардани норасоии омӯзгорон дар якчанд шаҳру ноҳия ҳалли худро наёфтааст. Ин норасоӣ дар вилояти Хатлон (98 нафар), шаҳри Душанбе (8 нафар) ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (70 нафар) ба қайд гирифта шудааст, ки онҳо асосан аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забони русӣ, математика, таъриху ҳуқуқ, физика, химия, технологияи информатсионӣ, биология, география, суруд ва мусиқӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва технология мебошад.
Алҳол дар миқёси ҷумҳурӣ 72 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷ) аз рӯи 7 равия: омӯзгорӣ, тиббӣ, техникӣ, технологӣ, кишоварзӣ, фарҳанг ва варзиш мутахассис омода менамоянд. Дар муассисаҳои мазкур 85579 нафар донишҷӯ фаро гирифта шуда, 5954 нафар омӯзгор ба таълиму тарбия машғул аст.
Дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои минбаъда Созишнома оид ба фаъолияти якҷояи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расонида шуд. Дар доираи созишномаи мазкур то имрӯз се ихтисоси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (муносибатҳои байналмилалӣ, молия ва қарз ва ҳуқуқшиносӣ) аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида шуданд. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино низ барои гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ омода мешаванд.
Бо таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ 51 шӯрои диссертатсионӣ амал менамояд, ки аз тарафи Комиссияи мазкур ба қайд гирифта шуданд. Дар шӯроҳои мазкур зиёда аз 250 нафар рисолаҳои илмии худро дифоъ намудаанд, ки ин метавонад барои пурра таъмин кардани кафедраҳои муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ мусоидат намояд.
Ҳамчунин, Нуриддин Саид қайд кард, ки тибқи шумораи умумии магистрантон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ 6595 ва докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) 798 нафарро ташкил медиҳанд, ки 40% онҳо дар бахши илмҳои дақиқ, техникию технологӣ ва инноватсионӣ ба таҳсил ва илмомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.
Соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 25 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 6409 ҷойи нишаст бо маблағи умумии 89 млн. 891 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, сохтмони 244 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 70591 ҷойи нишаст идома дошта, аз ин шумора сохтмони 37 бинои муассисаи таълимӣ барои 12446 ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорон ва ба тариқи ҳашар сохтмони 48 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 5659 ҷойи нишаст идома дорад.
Дар нишасти матбуотӣ теъдоди зиёди рӯзноманигорону кормандони васоити ахбори дохиливу хориҷи кишвар иштирок карданд. Ба саволҳои хабарнигорон, ки ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти Вазорати маориф ва илм нигаронида шуда буданд (аз ҷумла, таҳсили ҷавонон тоҷик дар хориҷи кишвар, сохтмони мактабҳо, сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, таъмини таълимгоҳҳо бо китобҳои дарсӣ, рушди муносибатҳои байналмилалии вазорат, таълим ва сатҳи омӯзиш дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, татбиқи низоми муносибати босалоҳият, дастоварди хонандагони дар озмуну олимпидаҳои бонуфузи байналмилалӣ), Н. Саид, С. Давлатзода, Ф. Усмонзода ва Л. Назирӣ ҷавобҳои мушаххас доданд.
Н. НУРАЛИЗОДА,
Н. ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр