Нашрияи Омӯзгор

23 нафар соҳиби аттестати аъло бо медалҳои тиллою нуқра шуданд

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 766        Шарҳ: 0

19-20 июли соли 2019 дар мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали  тилло  ва  нуқра  ва аттестати аълои равияҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ бо медали тилло ва нуқра баргузор гардид.

Дар он аз тарафи раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта 52 нафар довталаб барои медали тилло ва нуқра (2 нафар аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло, 17 нафар аттестати аъло бо медали тиллои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, 2 нафар аттестати аъло бо медали нуқраи равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, 22 нафар аттестати аъло бо медали тиллои равияи табиӣ-риёзӣ, 9 нафар аттестати аъло бо медали нуқраи равияи табиӣ-риёзӣ) барои иштирок дар санҷиши гирифтани медалҳои тилло ва нуқра ҳуҷҷат пешниҳод гардид. Пас аз ташхис маълум гардид, ки ҳуҷҷатҳои 15 нафар довталаб ба талаботи низомнома ва тартиби гузаронидани озмун мувофиқат намекунад. Ҳуҷҷатҳои онҳо бозпас гардонида шуданд ва 37 нафар ба озмун роҳ ёфтанд. Ҳамин тариқ, довталабони озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло - 2 нафар, дов-талабони озмуни аттестати аъло бо медали тиллои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ - 16 нафар, довталабони озмуни аттестати аъло бо медали тиллои равияи табиӣ-риёзӣ - 15 нафар, довталабони озмуни аттестати аъло бо медали нуқраи равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ - 2 нафар, довталабони озмуни аттестати аъло бо медали нуқраи равияи табиӣ-риёзӣ - 2 нафар иштирок карданд. Мутаассифона, имсол низ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ягон нафар ба озмуни мазкур ҳуҷҷат пешниҳод накард.

Бояд гуфт, ки тибқи Тартиби бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати  аълои равиявӣ  бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони  муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равияҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ бо медали тилло ва нуқра хонандагони ҳамаи намуди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ки синфи 9-ро бо баҳои «5» (аъло) хатм намуда, соҳиби аттестати аъло гардидаанд ва дар синфҳои 10, 11 (12) бо баҳои «5» (аъло) таҳсил намуда, аттес-татсияро дар синфҳои 10, 11 бо баҳои «5» (аъло) супорида, дорои рафтори намунавианд ва аз санҷиши комиссияи  ташхисии раёсат ва шуъбаҳои маориф гузаштаанд, пешниҳод карда мешаванд.

Барои гирифтани аттестати аълои универсалӣ бо медали нуқра, аттестати аълои равияҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ бо медали нуқра хонандагони ҳамаи намуди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ки синфи 9-ро бо баҳои «5» (аъло) хатм намудаанд ва соҳиби аттестати аъло гардида, дорои рафтори намунавианд, лекин аз рӯйи на бештар аз 2 фан баҳои солонаи «4» (хуб) ва аз фанҳои дигар баҳои ҷамъбастии «5» (аъло) доранд, аттестатсияи синфи 10, 11 (12)-ро бо баҳои «5» (аъло) супорида, аз санҷиши комиссияи ташхисии раёсат ва шуъбаҳои маориф гузаштаанд, ҳуқуқи иштирок дар озмунро ба даст меоранд.

Довталабони медалҳои тилло ва нуқраи дониши мукаммалдошта (универсалӣ) аз фанҳои забон ва адабиёт (вобаста ба забони таълим- иншо), алгебра (кори хаттии санҷишӣ), барои довталабони медалҳои тилло ва нуқраи равияи ҷамъиятӣ - гуманитарӣ аз фанҳои забон ва адабиёт (вобаста ба забони таълим- иншо ва барои довталабони медалҳои тилло ва нуқраи равияи табиӣ-риёзӣ аз фанни алгебра (кори хаттии санҷишӣ)  месупоранд.

Довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медалҳои тилло ва нуқра аз фанҳои забон ва адабиёт, алгебра, геометрия, забони хориҷӣ, забони русӣ (ё забони давлатӣ), таърих, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, география, технологияи иттилоотӣ, химия, биология ва физика  (аз ҳар фан 20 савол ё муодили 20 хол)  санҷиши тестӣ месупоранд.

Довталабони аттестати аъло бо медалҳои тилло ва нуқраи равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ аз фанҳои забони модарӣ, адабиёт, забони хориҷӣ, забони русӣ (забони давлатӣ), таърих, асосҳои давлат ва ҳуқуқ (аз ҳар фан 20 савол ё муодили 20 хол) санҷиши тестӣ  месупоранд.  Довталабони аттестати аъло бо медалҳои тилло ва нуқраи равияи табиӣ-риёзӣ аз фанҳои алгебра, геометрия, химия, биология, география ва физика (аз ҳар фан 20  савол  ё муодили 20 хол)  санҷиши тестӣ  месупоранд.

Ба ҳар ҷавоби дурусти тест як хол муқаррар карда шудааст. Довталаби аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло, ки аз санҷиши тестӣ ва корҳои хаттӣ, дар маҷмӯъ, 180 хол ва довталаби аттестати аълои универсалӣ бо медали нуқра, ки аз санҷиши тестӣ ва корҳои хаттӣ, дар маҷмӯъ, 160 холро соҳиб мегардад, аттестати аълои универсиалӣ ва медал ба даст меорад. Довталаби аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло, ки аз санҷиши тестӣ ва кори хаттӣ, дар маҷмӯъ, 100 хол ва довталаби аттестати аълои равиявӣ бо медали нуқра, ки аз санҷиши тестӣ ва кори хаттӣ, дар маҷмӯъ, 90 холро соҳиб мегардад, бо аттестати аълои равиявӣ ва медал қадрдонӣ мешавад.

Дар оғози озмун муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ довталабонро бо шартҳои озмун шинос намуд. Мавсуф иброз дошт, ки имрӯз хонандагони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуда, Парчами Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд. Озмуни мазкур дар муайян намудани беҳтарин хонанда мусоидат мекунад ва умед мебандем, ки дар оянда бо донишу ҷаҳонбинии худ дар рушди илми кишвар саҳми босазо мегузоранд.

Сипас, довталабон ба синфхонаҳо ворид гардиданд ва дар рӯзи аввал кори хаттӣ ва иншо навиштанд. Аз рафти озмун маълум гардид, ки масъулин дар баргузории озмун шаффофияти комилро таъмин намуданд.

Зимни суҳбат омӯзгори литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви ҳайати ҳакамон аз фанни математика Ҷонибек Баротов иброз дошт, ки озмун аз фанни математика дар ду давр гузаронида шуд. Дар даври аввал аз фанни математика панҷ масъала барои ҳал кардан пешниҳод гардид. Мисолу масъалаҳо дар доираи барномаи таълимӣ буданд. Натиҷаи даври аввал нишон дод, ки омодагии довталабон дар сатҳи на он қадар баланд қарор дорад. Ҳамин аст, ки танҳо 4-5 хонанда тавонистанд, ки се саволро пурра ҳал намоянд. Тестҳои тартибдода дар даври дуюм низ дар доираи барномаи таълимӣ буданд. Маълум гардид, ки бештари хонандагон дар ин самт тайёрии хуб дидаанд, зеро як хонанда тавонист ба ҳамаи саволҳо аз геометрия ҷавобҳои дуруст бидиҳад. Дар мисолҳои алгебра ҳамон хонанда ба 18 –тои он ҷавоби дуруст додааст. Омӯзгоронро зарур аст, ки дар тайёр намудани хонандагон ба озмун ба ҳалли масъалаҳои матнӣ ва геометрӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Дилшод Ҳобилов, ассистенти кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви ҳайати ҳакамон аз фанни физика, зикр намуд, ки саволҳо аз физика дар сатҳи миёна тартиб дода шуда буданд. Мисолҳо барномаи синфҳои 7 то 11 –и мактаби миёнаро дарбар мегирифтанд. Мутаассифона, ягон довталаб натавонист пурра мисолу масъалаҳои физикаро ҳал намояд. Довталабон бештар дар қисмҳои оптика ва физикаи молекулавӣ ба хато роҳ доданд, зеро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба омӯзиши қисми оптика соатҳо кам ҷудо ва мавзӯъ дар китоб кам оварда шудааст. Хуб мешуд, ки омӯзгорон дар раванди дарс дар ин қисми физика аз плакатҳо, расмҳои табиат ва аёниятҳо истифода намоянд, то дарс бештар ҷанбаи амалӣ касб кунад. Дар дарсҳои иловагӣ низ ба ин қисмати физика таваҷҷуҳ намоянд, то хонандагон ин мавзӯъро дарк кунанд, зеро дарки ин мавзӯъҳо ба хонандагон мушкилу душвор аст. Дар қисмҳои механика ва электрика довталабон маҳорати баланд нишон доданд. Ҳамчунин, омӯзгорон дар тайёр намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо ба китобҳои дарсӣ қонеъ нашуда, аз адабиёти хориҷа низ истифода намоянд.

- Солҳои охир ба омӯзиши география дар муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад, ки ин ба омӯзиши фарогири он дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат намуд. Дар озмуни мазкур барои муайян намудани донишу ҷаҳонбинии географии довталабон  20 савол пешниҳод гардид.  Танҳо 2 нафар ба 19 савол ва 1 нафар ба 17 савол ҷавобҳои мушаххас доданд. Аксари довталабон ба 11 - 12  савол ҷавоби дуруст доданд. Саволҳо дар доираи барномаи таълимӣ тартиб дода шуда буданд. Барои боз ҳам густариш бахшидани омӯзиши география дар муассисаҳои таълимӣ моро зарур аст, ки хонандагонро ба маҳфилҳои география бештар ҷалб намоем. Довталабон ба баъзе саволҳое, ки аз китобҳои синфҳои 7-8 пешниҳод гардида буданд, дар посух додан ба мушкилӣ ру ба рӯ шуданд ва  натавонистанд ҷавобҳои дуруст бидиҳанд. Хонандагоне буданд, ки ба суолҳо аз географияи Тоҷикистон ҷавоби саҳеҳ гуфта натавонистанд. Масалан, савол пешниҳод гардида буд, ки «Нуқтаи сербориштарини Тоҷикистон куҷост? (инро бояд ҳама донад) Ҷавоб хато буд. «Мамнуъгоҳи «Ҳавотоғ» дар куҷо ҷойгир шудааст? Ҷавоби саҳеҳ дода нашуд. Ё ин ки ба саволи «Кадом мамлакат аввалин шуда барномаи банақшагирии оиларо қабул кард»? Қариб ҳама посухи ғалат доданд. Аз ин рӯ, омӯзгорон бояд кӯшиш намоянд, ки бо роҳу усулҳои фаъоли таълим дар азхуд намудани донишҳои географии хонандагон мусоидат намоянд, - таъкид кард Розиқ Восиев, омӯзгори географияи литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе, узви ҳайати ҳакамон аз фанни география.

Рухсора Назарова, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки дар озмун дар навиштани иншо мавзӯъҳо ҳам дар доираи барномаи таълимӣ, ҳам мавзӯъҳои озод пешниҳод гардида буданд. Аксари хонандагон дар навиштани иншо муваффақ гардиданд. Қисме аз иншои навиштаи хонандагон мазмуни баланд дошта бошад ҳам, довталабон дар навишт ба ғалатҳои услубӣ роҳ додаанд. Қисми дигар иншоро беғалат навиштаанд, вале мазмуни иншояшон он қадар баланд набуд. Иншоро ду довталаб беғалат ва пурмазмун навиштаанд, ки ба онҳо баҳои 5/5 гузошта шуд. Инчунин, қисме аз хонандагон баҳоҳои 5/4, 4/4 гирифтанд. Хурсандиовар аст, ки аксари довталабон хати зебо доштанд. Як нафар дар мавзӯӣ «Таҳлили ғазалиёти Ҳофиз», қисми дигар дар мавзӯи «Айнӣ - ҳамчун шоир»  ва бештари довталабон дар мавзӯи озод иншо навиштанд. Бояд гуфт, ки бештари хонандагон дар риояи имлои ҳарфи ӣ ба ғалатҳо роҳ доданд. Хушбахтона, дар озмун ягон нафар дар навиштани иншо баҳои ғайриқаноатбахш нагирифт ва як нафар баҳои 3/3 –ро соҳиб шуд. Дар апеллятсия як нафар бо ариза муроҷиат кард. Зарур аст, ки омӯзгорон хонандагонро бештар ба мутолиаи осори бадеӣ талқин намоянд, зеро якум, захираи луғавиии хонанда ғанӣ мегардад; дуюм, дар баёни андеша беҳтарин суханҳову ибораҳоро истифода мекунад. Омӯзиши имло дар раванди дарс дар мактаб бояд дуруст ва воқеӣ роҳандозӣ карда шавад. Аз таҷрибаи худ мегӯем: Мо диктанти худсанҷӣ дорем. Омӯзгор метавонад, ки дар оғози дарс 5 дақиқа кори хаттӣ бигирад ва аллакай маълум мегардад, ки хонанда ба кадом ғалатҳо роҳ додааст. Такрори пайвастаи амали мазкур дар бартараф намудани камбудиҳо ва саҳеҳ навиштан ба хонанда мусоидат мекунад. Масалан, аз китоби дарсӣ порчаеро интихоб мекунем ва барои навиштани хонандагон қироат мекунем. Сипас, мегӯем, ки китобҳоро кушода, ғалатҳои хешро ёбед. Ҳангоме ки хонандагон хатои хешро худ ислоҳ мекунанд, он дар хотирашон нақш мебандад ва дигар ба ин ғалатҳо роҳ намедиҳанд.

Саволҳои тестӣ аз забон ва адабиёти тоҷик сода буданд, вале ягон хонанда натавонист онро пурра ҳал намояд. Бештари довталабон ба тестҳои адабиёт ҷавоби дуруст дода натавонистанд.

Инчунин, шеъразхудкунӣ барои хонандагон бисёр муҳим мебошад.

Дар ҷамъбасти озмун  вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид зикр намуд, ки ки донишу ҷаҳонбинии хонандагон васеъ гардидааст ва сол аз сол теъдоди ғолибони озмуни мазкур зиёд мегардад. Вазир дар идома қайд кард, ки  хатмкардагон пайваста дар масири омӯзиш бошанд ва дар муаррифии илми тоҷик ва пешрафти  Ватани азизамон – Тоҷикистон хизмати шоиста намоянд.

Ҳамин  тариқ, 23 нафар довталаб соҳиби аттестати аълои универсалӣ бо медали  тилло  ва  нуқра  ва аттестати аълои равияҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ бо медали тилло ва нуқра гардиданд. Тахмина Нурзода – хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1, ноҳияи Варзоб, Муҳаммад Айматов – хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8, ноҳияи Исмоили Сомонӣ соҳиби аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло гардиданд. Некрӯз Шораҷабов – хатмкардаи гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд, Меҳрангез Абдуллоева – хатмкардаи муассисаи таълимии махсусгардонидашудаи хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Аниса Сатторзода, Рамзия Саъдуллоева – хатмкардагони гимназияи давлатии «Боғи Ҳабиб»-и ноҳияи Муъминобод,  Фурқат Давлатмуродзода – хатмкардаи литсейи давлатии №1, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Рисола Раҳимова, Фаттона Саидзода – хатмкардагони гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе,  Нозанин Равшанзода – хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Бибиомина Ҳамроева – хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сазовори аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тилло шуданд.

Сурайё Иброгимова – хатмкардаи муассисаи таълимии махсусгардонидашудаи хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Анӯшервон Зувайдуллозода – хатмкардаи мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе, Соиб Муҳиддинов – хатмкардаи литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе, Сунбула Наҷотова – хатмкардаи литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе,  Марҳаматбону Раҷабова – хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9, шаҳри Конибодом, Азиза Нурматова – хатмкардаи мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон, Гулноза Самандарова – хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Шаҳзод Сафаров – хатмкардаи литсейи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, Шерозҷон Қодиров – хатмкардаи муассисаи таълимии махсусгардонидашудаи хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали тилло ба даст оварданд.

Нилуфар Ғоибназарова – хатмкардаи гимназияи №4, шаҳри Хуҷанд,  Зебо Солибоева – хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16, шаҳри Хуҷанд сазовори аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали нуқра ва Шеррозбек Қодиров – хатмкардаи гимназияи ба номи Камоли Хуҷандии ноҳияи Ҷаббор Расулов сазовори  аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали нуқра гардиданд.

Маҳсира Гадоева, Парвона Муродова, Нодира Усмонова, Сайфура Қурбонова,  хатмкардагони гимназияи давлатии «Боғи Ҳабиб»-и ноҳияи Муъминобод, Зебо Уринбоева, хатмкардаи муассисаи таълимии ғайридавлатӣ  барои хонандагони болаёқати ноҳияи Спитамен, Шукрона Маҳмадалиева, хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1, ноҳияи Вахш, Фараҳноз Идиева, хатмкардаи гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, Муҳаммадсаид Юсуфзода, хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72, шаҳри Панҷакент, Анӯшервон Раҳмонов, хатмкардаи мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон, Зуҳал Раҳмонализода – хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Шукрия Ҷумъаева, хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Меҳрангез Муродова, хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Манижа Қодирзода – хатмкардаи литсейи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Дар асоси Тартиби бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани  хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва аттестати аълои универсалӣ бо медали нуқра хатм менамоянд, ба дилхоҳ ихтисоси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо Тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи суҳбат қабул карда мешаванд. 

Хонандагоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали тилло ва нуқра хатм менамоянд, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар сурати мувофиқат кардани равия ба ихтисос бо Тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи суҳбат қабул карда мешаванд.

 

Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,

Насриддин ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш