Нашрияи Омӯзгор

Бахти Манижа

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 740        Шарҳ: 0

Басир дар чорроҳа  нон мефурӯхт, ки мошини сиёҳшишае наздаш қарор гирифту духтараки мавзунқомати зебоандоме дар чашмонаш айнаки сиёҳ аз он фаромад. Духтарро бо як нигоҳ шинохт, Манижа буд ин зебосанам. Басир аз чеҳраи духтарак чашм канда наметавонист, гӯё афсун гашта бошад, бехудона ба Манижа менигаристу менигарист. Манижа нон гирифту панҷоҳдоллараеро болои аробаи Басир партофта, бақияи пулашро интизор нашуда рафт. Вақте ки Басир ба худ омада ба бақиякобӣ даромад, мошини Манижа аллакай аз назар ғоиб шуда буд. Минбаъд ҳар рӯз Манижаи нозанин аз Басир нон мехариду ҳарфе ба забон наовардаю бақияи пулашро нагирифта мерафт. Ҷавон гаранг шуда, намедонист чӣ тавр ҷавоби некиҳои Манижаро гардонад.

Басир фикр кард, фикр карду пас аз як моҳ оқибат илоҷашро ёфт. Саҳаргоҳ, ҳангоми ба бозор баровардани нон аз мағозаи «Гулҳо» гулдастаи зебоеро харида, назди аробаи нон интизори омадани бойдухтар шуд.

Нисфирӯзӣ Манижа боз бо мошинаш пайдо шуд. Зебосанам мисли ҳарвақта нон гирифту пулро гузошта рафтанӣ шуд, ки Басир беҷуръатона дастагулро ба сӯяш дароз кард. Гумон дошт, ки торсакие ба рӯяш мезанад ин нозанин, вале баръакс, Манижа дастагулро гирифта табассум кард.

***

Манижа акнун ҳар рӯз ба назди Басир меомад ва ҳангоми хайрухуш ба ҷавон табассумҳои ширин ҳадя карда мерафт. Бечора камбағалбача намедонист ин табассуму нигоҳҳои роздори зебосанами сарватмандро чӣ гуна қабул кунад. Басир хуб медонист, ки падари Манижа - Ҳоҷӣ Собир яке аз тоҷирони сарватманду бообрӯйи маҳал аст ва на ҳар кас ҷуръати бо вай сар ба сар шуданро дорад, аз ин хотир метарсид ҳарфи зиёдатие ба ин зебосанам бигӯяд. Аз гумони баду гапи мардум ҳарос намуда, мекӯшид ҳангоми суҳбат ба рӯйи Манижа нанигарад, то гирифтори оташи рашку ғазаби падари сарватманду фарохдасташ нашавад. Вале рӯзе худи Манижа «падарам туро ба кор гирифтанист», - гӯён Басирро ба хонаашон таклиф кард.

Рӯзи дигар фурӯши нонро ба модараш гузошту назди Ҳоҷӣ Собир омад.

Вақте ки Басир бо падари Манижа - Ҳоҷӣ Собир суҳбат мекард, ногаҳон аз тирезаи ошёнаи дуюм сарашро баровардани Манижаро дида, хандааш гирифт. Духтар бо лабханд қош паронда, ишораҳои ошиқона мекард. Ҳоҷӣ Собир Басирро ба сари дастурхон таклиф намуд. Сари хони пурнозу неъмат суҳбати бачаи нонфурӯшу тоҷири номдор қӯр гирифт.

***

Манижа ҳамин ки хонаро хилват меёфт, назди Басир медавиду бо «хизматгор» чақ-чақ карда менишаст. Модар чанд маротиба духтарашро бо ин «бачаи почаканда» саргарми суҳбат дида, аз табассумҳои малеҳаш ба шубҳа афтод. Ба дили бойзанак алов рехт, ба ташвишу таҳлука афтода Манижаро сарзаниш намуд, ки бо хизматгор дигар суҳбат накунад.

- Ҳой, духтар, ҳушат дар ҷояш? Медонӣ, ки ту кистию вай кист?! Додот бо ин хизматгор рӯзи дароз чақ-чақ карда шиштаната фаҳмад, ҳардуямонро мекушад, - ҳушдор дод духтарашро Санавбар, вале панду андарзи модар ба ин зебосанами якрав асар накард.

- Ман Басирро дӯст медорам. Агар падарам ба тӯйи мо розӣ нашаванд, мегурезам! Ҳамроҳаш ба хонаи Басир мераваму нонфурӯшӣ карда, хушбахтона зиндагӣ мекунам,- гуфтани Манижа Санавбарро қариб девона кард.

Байни обу оташ монда, чӣ кор карданашро намедонист модар, рози ишқи Манижаю хизматгорро ба шавҳараш гӯяд, духтарашро мекушад, нагӯяд, аз оқибати кор метарсад. Ҳарчанд Манижаро насиҳат кард, духтари гарданшах ду пояшро ба як мӯза андохта «хоҳед ҳам, ба Басир мерасам, нахоҳед ҳам, зани ҳамин бачаи камбағал мешавам! Ба ман боигарӣ не, ақлу тамизи мард лозим, Басир бошад, аз сад бойбаҷа хирадмандтар аст», - мегуфту қасам мехӯрд, ки агар ба хонадоршавиаш зид бароянд, беобрӯяшон мекунад ё худашро мекушаду холос мешавад.

***

- Додо, ҳамин хизматгоратон-ро фарзанд хонед, чӣ мешавад? - рӯзе дар сари дастархон нозукона арзи матлаб намуд Манижа.

Собир ба гапи духтараш гӯш андохта, хеле ба фикр фурӯ рафту баъд сар боло карда фармуд, ки Басирро наздаш даъват кунанд.

Басир аз ин даъвати ногаҳонии хӯҷаин гаранг шуда, гӯшу ҳуш сӯйи Ҳоҷӣ Собир дошт, ки чӣ мегуфта бошад. Собир саропои ҷавонро синчакорона аз назар гузаронду дар дилаш « Агар сару либоси тозаю озода пӯшад, ҷентелмени таппа – тайёр мешавад» - гӯён, лабханд зад. Табассуми хӯҷаин ҷавонро каме осуда намуд.

- Басир, ман дар бораи ту ҳамаашаро фаҳмидам. Бароят шароит фароҳам меорам, ки дар баробари кори хона вақт ёфта китоб хонӣ. Барои ба донишгоҳ дохил шудан аз ҳамин рӯз сар карда, тайёрӣ мебинӣ. Ихтисосатро худам интихоб мекунам, - омирона фармуд хӯҷаин.

- Ҳоҷӣ – ако, ман бояд...

- Аз модарату хоҳарат хавотир нашав, барои таъмини рӯзгорашон ёрӣ мерасонам, - гапи Басирро бурид Собир ва амр кард, ки аз паи кораш шавад.

Басир, ки чунин ранг гирифтани корро интизор набуд, аз шодӣ мехост парвоз кунад. Ҳоҷӣ Собирро оғӯш карда, кӯдаквор давр занондан мехост дили камбағалбачаи қадршинос.

***

Басир бо маслиҳати Ҳоҷӣ Собир амал намуда, ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллӣ  супурду аз  имтиҳонҳо бомуваффақият гузашт. Таҳсил дар донишгоҳ оғоз ёфт. Акнун ҳар субҳ Манижаю Басир якҷоя ба дарс мерафтанду нисфирӯзӣ шоду хандон ҳамроҳ ба хона меомаданд.

Ҳоҷӣ Собир имрӯз хӯроки нисфирӯзиро дар хонааш хӯрду вақти аз дарвоза баромадан Манижаю Басирро дид, ки лабҳояшон мисли ғунчаҳои шукуфони садбарг дар табассум аз мошин бо нозу роз мефароянд.

- Фарзандонам, илоҳо, хушбахтиатон то абад бошад, - гӯён Ҳоҷӣ Собир пас аз вохӯрии гарму ҷӯшон бо ҷавонҳо хайрухуш карда, сари чанбараки мошин нишаст.

Манижаю Басир аз ин сухани падар дуои сафеди ӯро дарёфта, бо табассуми роздор миннатдорона сар ҷумбонданд…

 

Ҳоҷибой МАҲКАМЗОДА,

омӯзгор, шаҳри Панҷакент,

Аълочии маориф ва илми

Тоҷикистон, узви ИЖТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш