Роҳат Абдусамадова соли 1959 дар деҳаи Навободи шаҳри Конибодом чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ нахуст табиб шудан мехост, вале чун ба фанни математика меҳрпайванд буду кӯдаконро дӯст медошт, бо тавсияи устодаш Ғафурҷон Шарифов баъди хатми мактаби миёнаи деҳаашон ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров (факултаи математика) дохил шуд.
Баъди оиладор шудан Роҳат Абдусамадова ба шаҳри Душанбе барои истиқомати доимӣ омад ва таҳсилашро дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ идома дода, соли 1980 ин донишгоҳро хатм намуд. Ӯ фаъолияти омӯзгории худро дар мактаби №61-и шаҳри Душанбе ба ҳайси омӯзгори математика оғоз намуд.
Баъд ба ДДОТ ба номи С.Айнӣ ба кор гузашт.
Азбаски меҳри хонандагон дар қалби Роҳат Абдусамадова сахт ҷой гирифта буд, боз ба мактаб баргашт ва аз соли 2000-ум то ба имрӯз дар гимназияи №53 ба номи Муҳаббат Маҳмудоваи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамчун омӯзгори математика фаъолияташро давом медиҳад. Дарсҳояш ба дараҷаи баланди методӣ мегузаронанд. Ӯ дар дарсҳояш аз воситаҳои гуногуни таълимӣ ва дидактикӣ васеъ истифода мебарад. Аз таҷрибаи Роҳат Абдусамадова оид ба гузаронидани санҷишҳои бисёрварианта натанҳо омӯзгорони математика, инчунин, омӯзгорони физика, химия, биология ва дигар фанҳо васеъ истифода намуда, натиҷаҳои дилхоҳро ба даст овардаанд.
Ин омӯзгори варзида дар баробари кори омӯзгорӣ 12 боз сол мудири кафедраи фанҳои математика, физика ва технологияи иттилоотии таълимгоҳ мебошад. Натиҷаи заҳматҳои омӯзгор буд, ки шогирдонаш Малика Маҳмудова ва Мадина Файзуллоева ғолиби олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз математика гардида, дар олимпиадаи байналмилалӣ дар шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон ширкат варзида, ба гирифтани ҷойи ифтихорӣ ноил гардиданд. Соли 2019 6 шогирди ӯ дар олимпиадаи байналмилалӣ иштирок карда, ғолибият ба даст оварданд ва ба сертификати байналмилалӣ соҳиб гаштанд.
Роҳат Абдусамадова бо маркази такмили ихтисоси муаллимони шаҳри Душанбе ҳамкории зич дорад. Иштирокчиёни курсҳои такмили ихтисос ба дарсҳои омӯзгор ширкат намуда, аз ӯ таҷриба меомӯзанд.
Ин бонуи маърифатоин дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ ба навиштани мақолаҳои илмӣ ва методӣ машғул мешавад. Аз соли 2005 то имрӯз зиёда аз 50 мақолааш дар рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ба нашр расидааст.
Роҳат Абдусамадова дар гимназия аз беҳтарин роҳбарони синфҳост. Соли таҳсили 2012-2013 синфи 10 «В», ки роҳбариашро Роҳат Абдусамадова ба уҳда дошт, дар миқёси шаҳри Душанбе «Синфи беҳтарин» дониста шуда, соҳиби Парчами сайёр, ҷоизаи раиси шаҳри Душанбе ва мукофотҳои пулӣ гардид.
Аълочии маорифи ҶТ, омӯзгори дараҷаи тахассуси олӣ, модари мушфиқу ғамхор, Роҳат Абдусамадова чил сол боз ба таълиму тарбияи насли наврас машғул аст. Ба ӯ комёбиҳои навин таманно дорем.
Т. Ҷумъаев,
омӯзгори гимназияи №53 ба номи Муҳаббат Маҳмудоваи ноҳияи
Исмоили Сомонии
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр