Ибтидо ба мусиқӣ майл пайдо карда будам. Тағоям – Зайниддин (рӯҳаш шод бод) омӯзгори таърих буду ҳамзамон роҳбарии дастаи ҳаваскорони мактаби деҳаро бар дӯш дошт. Ғижаку рубобро бас дилнавозу зебо ва таъсирбахш менавохт. Ҷӯр кардану навохтани рубобро ба тозагӣ ёд гирифта, сараввал оҳанги «Полки Андиҷон» - ро, ки саҳлу осон буд, азхуд карда будам.
Шавқу шӯре беинтиҳо фаро гирифта буд маро. Дареғо, ки дар айни гулшукуфти умр тағоям ба садамаи автомобилӣ дучор гардида, оламро бановақт падруд гуфт. Ба худ мегуфтам, ки инак, шавқам саркӯб ва орзуҳоям зиндонию маҳв хоҳанд гашт. Афсӯс! Вале як рӯзи офтобию муҷаллои айёми баҳорон ҷавонмарде наҳифандому қоматбаланд, ки дар сар тоқӣ дошт, аз дарвозаи мактаб ворид гардид. Мо ӯро ҳамин гуна дар ёд гирифтем. Ношинос ки буд, кунҷковонаю ҳайратзада то ба дафтари муаллимон роҳнамоияш кардем. «Аз кадом фан дарс медода бошад?» - мегузарондем аз дил ва фол медидему тахмин мезадем. Ва аммо ҳақиқат худ ошкор шуд ва ҷойе дигар ба шубҳаву тардид ва «фолбинӣ» намонд. Ҳангоми машғулият аз суруд ва мусиқӣ (дарси сеюм), ки ба ваҷҳи аз ин фан муаллим надоштан ба майдончаи варзишӣ баромада, бозиҳои гуногунро анҷом медодем, директори дабистон, бонуи ҷиддиву сахтгир Башорат Қурбонова (хонаи охираташ пурнур бошад) ҳамроҳи ҳамин ҷавони қоматбаланд, ки ниҳоят шармгин менамуд, аз дари синфи мо ворид шуданд ва ҳамагӣ бархостем аз ҷо. Одоби муошират (салому дуруд) – ро ба ҷо овардему директор ба ҷавонмард ишора карда:
- Аз ҳамин рӯз эътиборан ҳамин ҷавони дар рӯ ба рӯятон ростистода, ки ному насабаш Қурбоналӣ Қосимов мебошад, ба шумо аз суруд дарс медиҳанд. Ҳурмату иззаташро нигоҳ доред, ба суханҳояш гӯш диҳед, - гуфт ва дар омади гап гӯё илова кард:
- Аз байни шумо мусиқидону навозандагон ва дилбохтагони санъатро ба камол хоҳанд расонд муаллим. Ба ин бовару эътимод дорем.
Ва муаллими ҷавон суханони сарвари таълимгоҳро тақвият бахшида, бо овози нарму мулоим, меҳромез дар хусуси омӯзиши илм, соҳибкасбу обрӯманд гардидан кӯтоҳ ҳарф зада, зимнан, перомуни нақши мусиқӣ, омӯзишу азхуд намудани тарзу шеваҳои навохтани созҳои миллӣ ва лаҳну садои сарояндагӣ бо муҳаббат ва туғёну эҳсоси баланд маълумот дод. Ин ҳангом дар оинаи чашмонаш шуълае барқ задаву чеҳрааш шукуфта, ӯ гӯё ба мо аз кадом олами дуру ноошно ва сеҳру муъҷизоти он ҳикоят мекарда бошад, суханонаш оҳанги шевою мафтункунандае ба худ гирифтанд. Дунёе, ки муаллим дар бораи он нақл мекард, бо ҷозибаву сеҳри худ ончунон моро ба худ ҷалб намуд, ки нохудогоҳ чӣ тавр ба поён расидани дарс ва садои баланд гардидани зангро нафаҳмида мондем. Муаллим дар машғулиятҳои минбаъдаи худ асбобу созҳои мусиқиро бо худ оварда, дар хусуси ҷузъиёти навохтани ҳар яке аз ин созҳо маълумот дода, ҳамчунин, худ рубобу аккордеон ва ғижак менавохт.
Оҳангу навоҳои дилангез тадриҷан ба фазои синф печида, хаёлу хотираҳоро ангезиш медоданд. Мо дафъатан дар куҷо будани худро ба боди фаромӯшӣ дода, боз ҳам ба оламу макони ноошнои афсонавие афтидем. Навоҳо аз торҳои рубоб ба гунаи алоҳида берун шуда, дилро об мекарданду аз аккордеону ғижак алоҳида. Ёдам ба тағои ҷавонмаргам рафт, аламҳоям тоза гаштанд. Пеши худ гуфтам, ки муаллими навомада нусхаи дигари тағои ҳунарманду чирадастам будааст. Устод Қурбоналӣ Қосимов рӯзи дигар эълон кард, ки фаъолияти дастаи ҳаваскорони мактаб (он айём кружоки худфаъолиятӣ)-ро ба роҳ монда, шавқмандону роғибони санъатро ба маҳфили мазкур ҷалб ва номнавис хоҳанд кард. Хушҳолие тасаввурнопазир фаро гирифт маро ва зуд бархостам зи ҷо ва хоҳиш кардам, ки ба маҳфил номнавис кунандам.
- Ба кадом асбоби мусиқӣ майлу шавқ дорӣ, – ҷияни устод Зайниддин Саъдиев? Ба фикр фурӯ рафтам лаҳзае. Пасон посух додам, ки рубобу навохтани оҳанги «Полки Андиҷон» - ро дӯст медорам. Тағоям, аввалин оҳангеро омӯзонда буд моро, ҳамин буд. Ғижак ҳам хуб аст, хаёл мекунӣ бо оҳанги навозиши он касе бисёр бадард нола мекунад. Ман ҳамин тавр эҳсос мекунам». Муаллим табассуми малеҳе дар лаб «Кӯшишу талош кунӣ, ба мақсад мерасӣ. Орзуҳоят ҷомаи амал мепӯшанд», - гуфт. Ва бад – ин ҳолу ҳаво муаллими ҷавон бо неруву ғайрати дучанд ба фаъолият пардохт ва мо, хонандагони синфи панҷумро тадриҷан ба суруду мусиқӣ, навою оҳанг, ҳифзи суруду чакомаҳои мардумӣ ва ғолибан, ашъори шоирони классику муосири тоҷик ошно намуда, сафҳаи китоберо пешамон кушод, ки рангину ҷаззоб, пурмуҳтаво ва бағоят шавқангез маҳсуб меёфт. Матни сурудаҳои шоиронро ба адвор (нотаҳо) ҷудо ва дар дафтар сабт намуда, азёд мекардем. Сурудҳои якка ва хори умумиро тавъам бо рақсҳои миллӣ иҷро менамудем. Саранҷом муаллим, ки дар дунёи соҳиромези мусиқию наво ғарқ гардида буд, қобилияту ҳунарамонро натиҷагирӣ карда, баҳо медод моро. Маслиҳатҳояш оҳанги пандомӯз дошта, вай ҳеҷ гоҳ овози худро баланд намекард. Шиддати ҳаяҷону эҳсос ва қалбу замири муаллим, бавижа, ҳангоми гузарондани маҳфили ҳаваскорони ҷавони дабистон бештар мегардид, ки мо ин ҳолро аз ҳаракату ишораҳо, маслиҳату роҳнамоиҳои ӯ равшан мушоҳида мекардем. Ҳамин тариқ, солҳои зиёде устод Қурбоналӣ Қосимов ба мо аз суруд ва мусиқӣ дарс гузашта, ҳамзамон, дар маҳфили ҳаваскорони санъати таълимгоҳ нозукию ҷузъиёти навохтани созҳои мусиқӣ, ҳифзи суруду таронаҳо ва сароиданро ба мо омӯзонда, кӯшиш мекард, ки бо дасту дили гарм дар чорабиниҳои ҷашнӣ ва озмуну фестивалҳои сатҳи ноҳиявию минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намоем. Борҳо дар ин озмунҳо ширкат карда, пирӯзӣ ба даст оварда, соҳиби ифтихорномаву дипломҳо гардидем. Маҳфилу шабнишиниҳои фаннӣ ва чорабиниҳои мусиқиву бадеӣ ба гунаи ҳатмӣ, бо пешниҳоди созу сурудҳои аъзои дастаи ҳаваскорони ҷавони мактаб ва намоиши саҳнаҳои ҳачвию тарбиявӣ сурат мегирифт. Дар таҳияву омода намудани барномаҳои консертӣ ва бадеию мусиқӣ, ҳамчунин, интихоб ва офаридани нақшҳо дар саҳнаҳои гуногун маҳорату истеъдоди устод Қ. Қосимов баръало ҳувайдо мегардид. Ҷӯшу хурӯш, иродату соҳибазмии мавсуф моро ҳангоми иҷрои намоишномаҳо ва сурудани таронаҳо рӯҳу илҳом мебахшид. Боре муаллим аз зиндагии хеш ба мо, фориғ аз дарсҳо нақлҳо карданд, ки хеле ибратомӯз буд. Аз суханронии устод маълум гардид, ки он кас соли 1972 омӯзишгоҳи маданӣ – равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқови ноҳияи Рӯдакӣ), сипас, соли 1983 Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро бо ихтисоси корҳои маданӣ – маърифатӣ хатм намудааст. Солҳои тӯлонӣ мудири клуби Ҷамоати деҳоти «Роҳатӣ» - и ноҳияи Рӯдакӣ ва директори Хонаи фарҳанги ҷамоати мазкурро ба уҳда дошт. Дар маҷмӯъ, 43 соли ҳаёти худро ба таълиму тарбияи насли наврас ва омӯзонидани меҳри шавқу суруд ва мусиқӣ дар замири онҳо бахшидааст.
Устод Қ. Қосимов дар бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ ва мусиқидонии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи рақамҳои 48 ва 51 – и ноҳияи Рӯдакӣ саҳми босазо гузоштааст. Омӯзгори заҳматкашу талошманд феълан дар мактаби №48-и ноҳияи Рӯдакӣ ба хонандагон аз фанни суруд ва мусиқӣ дарс мегӯяд ва дар таҳияву омода намудани барномаҳои мусиқии ҷашнӣ бо иштироки хонандагон саъю кӯшиш менамояд. Хонандагони таълимгоҳ бо устоди соҳибдил Қурбоналӣ Қосимов ҳамеша ифтихор мекунанд ва зери сарпарастии ӯ машқу тамрин кардану омӯзиши созҳои миллиро бахту саодати бузург мешуморанд.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр