Нашрияи Омӯзгор

Ҳар дарсаш замзамаи муҳаббат аст

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Доктори илмҳои физикаю математика, профессори кафедраи анализи математикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  Раҳмон Пиров аз ҷумлаи омӯзгоронест, ки ҳастияшонро ба таълиму тарбияи насли ҷавон бахшидаанд.

Мавсуф соли 1951 дар ноҳияи  Файзобод  ба дунё омадааст. Ӯ аз овони хурдӣ ба омӯзиш ва пешаи омӯзгорӣ майлу рағбату беандоза дошт. Хуб дарк намуда буд, ки омӯзгорӣ ифтихормандтарин пешаи рӯйи дунёст. Ҳамин буд, ки ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи математикаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ супорида, онро бомуваффақият хатм намуд. Соли 1973 ба ҳайси котиби аввали озоди кумитаи комсомолии муассиса ва ассистенти кафедраи анализи математикӣ ба фаъолият оғоз намуд. Солҳои 1977 - 1979 ҷонишини декани факултаи математика оид ба корҳои тарбиявӣ буд. Соли  1984 дар мавзӯи «Системаҳои муодилаҳои диференсиалии барзиёдмуайяншуда бо ҳосилаҳои хусусӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя кард.

Ӯ солҳои гуногун дар донишгоҳ дар вазифаҳои ассистент ва муаллими калони кафедраи анализи математикӣ, котиби озоди ташкилоти комсомолӣ, ҷонишини декан оид ба илми факултаи математика, дотсент, профессор ва мудири кафедраи мазкур, сардори шуъбаи таълим ва муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ фаъолияти пурсамар намудааст.

Устод ҳамеша бо меҳрубониву самимият бо шогирдону ҳамкорон муносибат мекунад ва дар омӯзиши шогирдон серталаб мебошад. Имрӯз шогирдонаш дар муассисаҳои пурнуфузи дохилу хориҷи кишвар фаъолияти густурда доранд ва ҳамеша бо устоди хеш ифтихор мекунанд.

Р. Пиров ба корҳои илмӣ – тадқиқотӣ низ машғул буда, зиёда аз 240  мақолаи илмӣ -  методӣ  ба чоп расонидааст, ки беш  90 мақолаи илмиаш ба таҳқиқи системаҳои барзиёдмуайяншудаи муодилаҳои  дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои  хусусӣ бахшида шудааст. Дар 50 симпозиуму конфронсу семинарҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад кардааст.

Муаллифи дастурҳои таълимии «Муодилаҳои дифференсиалии муқаррарӣ» (ду қисм), «Қатори Фурйе» ва «Назарияи функсияҳои тағйирёбандааш комплексӣ» мебошад. Инчунин, бо ҳаммуаллифӣ китобҳои «Алгебра» (барои хонандагони синфи 9 (2001)) ва «Алгебра ва ибтидои анализ» (барои хонандагони синфи 10 – и (2006)-ро таълиф намудааст.

Устод соли 2018 рисолаи докторӣ дифоъ кард. Профессор Раҳмон Пиров ҳамчун олими варзидаи соҳаи худ соли 2008 ба узвияти  шуъбаи тоҷикистонии Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ пазируфта шуд. Хизматҳояш дар соҳаи маориф бо медали «Хизмати шоиста» (2006) ва нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1993)  қадрдонӣ гардидааст.

Устод Р. Пиров тадрису тарбияи  пайвастаи шогирдонро ҳамчун қарзи инсониву имонии худ мешуморад ва меҳру алоқаи хосае, ки ба касби хеш дорад, ӯро дар ин ҷода шарафманд гардондааст.

Ба устод комёбиҳои бештар ва саломатии бардавом таманно дорем.

 

Л. СОЛИЕВ,

профессор,

У. ЧОРИЕВ,

Абдураззоқи РАЗЗОҚ,

дотсентон,

Ф. РАҲИМЗОДА ,

мутахассиси пешбари Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш