Нашрияи Омӯзгор

Ҳунар пояи мард афзун кунад

Сана: 2019-08-05        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

Интихоби бошуурона ва огоҳмандонаи касбу ҳунар барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ  ҳанӯз аз синфҳои поёнӣ бояд оғоз карда шавад. Маҳз дар ин зинаи таҳсилот омӯзгорон шогирдонро бо нозукию ҷузъиёти касбу ҳунар шинос намуда, бо мисолҳои ҳаётӣ ба онҳо тавзеҳ мебахшанд, ки инсони ҳунарманд шарофату наҷобати вижаеро дар байни мардум соҳиб аст. Тарғиби касбу ҳунар ва хусусиятҳои шавқовару судманди ҳар як пешаву амал аз ҷониби омӯзгорон дар машғулиятҳои тарбиявӣ ба роҳ монда шуда, бо ин мақсад аз ҳикоёту афсона ва асарҳои назмӣ метавон васеъ истифода намуд. Бахусус, шоирони классики тоҷик дар аксар навиштаҳои худ ба таври зарурӣ ба ин мавзӯъ дахл карда, аҳамияти илму амал ва соҳибкасб буданро ба таври махсус таъкид кардаанд. Мусаллам аст, ки интихоби касбу ҳунар ва аз рӯйи он амалу фаъолият кардан маҳз ба василаи омӯзишу меҳнат самараи нек хоҳад дод. Бе меҳнату ранҷ кашидан соҳибкасб ба мақсад нахоҳад расид. Аз ин рӯ, чунин гуфтаи шоир Авҳадии Мароғаӣ барои хонандагон як навъ таъкиду огоҳӣ бояд бошад:

Тан ба дуди чароғу бехобӣ

Наниҳодӣ, куҷо ҳунар ёбӣ?

Ҳунар ва пешаю касб омӯхтан инсонро дар зиндагӣ соҳибобрӯ, сарафроз ва маҳбуби хосу ом мегардонад.

Ба ҳамин маънӣ Бедили бузургвор неку фармуда:

Ҳунар пояи мард афзун

кунад,

Сар аз ҷайби иқбол берун

кунад.

Шахси ҳунарманд ба василаи меҳнати ҳалол ба куллаҳои баланди зиндагӣ мерасад. Дар ин хусус дар «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус ҳикояте бо номи «Гуштосп дар Рум» оварда шудааст, ки аҳамияти  баланди тарбиявӣ дорад. Мухтасари ҳикоя ин аст, ки замоне шоҳи Эрон Гуштосп аз тахт нозил мешавад ва ӯ ба Рум фирор мекунад. Дар Рум шогирди оҳангаре шуда, тавассути меҳнати ҳалол соҳиби ризқу рӯзӣ мегардад. Вақте ки аз ӯ мепурсанд, ки оҳангариро кай омӯхтӣ? Ӯ дар посух мегӯяд, ки ҳангоми хурдӣ ҳамроҳи падар дар шаҳр сафар мекардам ва ҳар гаҳ ки аз назди дукони оҳангаре мегузаштам, соате ба кору амали оҳангар диққат дода, нозукиҳои ин ҳунарро дар ёд мегирифтам. Инак, ҳамон мушоҳидаҳо ба ман ёрӣ расонд, то ба василаи ҳунари оҳангарӣ дар нимароҳ намонам.

Нақли ин гуна ҳикоятҳо шогирдонро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ ва меҳру муҳаббат варзидан ба ину он касбу ҳунар тарбия хоҳад кард.

 

Салима Мирзошарифова,

омӯзгори мактаби №34,

ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш