Одамони нек ва хайрхоҳу бохирад сарвати ҷомеаанд ва ободию пешрафту бунёдкорӣ аз фаъолияти ин гуна ашхос вобаста аст. Шоире басо пурҳикмат гуфта:
Гавҳари қимат зи гавҳарҳо ба
олам одам аст,
Дар ҷаҳони ту ба ҳар одам
баҳои олам аст.
Дар шумори чунин афроди фозилу накукор ва фазилатманд метавон номи омӯзгори собиқадору варзида Нормаҳмад Муминовро ба забон овард. Ӯ зодаву парвардаи деҳаи хушманзараю кӯҳсори Филмандари шаҳри Панҷакент аст. Пас аз хатми омӯзишгоҳи омӯзгории ин шаҳри бостонӣ ва ДМТ ҳамчун омӯзгори забону адабиёти тоҷик дар мактабҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Панҷакент ба сифати омӯзгор ва директор ба фаъолияти пурсамар пардохтааст. Солҳои 1974 – 1983 дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Косстарош ва баъдан дар вазифаҳои раиси иттифоқи касабаи кормандони хоҷагии кишоварзӣ, муовини раиси хоҷагии кишоварзӣ кор кардаву таҷрибаи ҳаёт ва малакаи кор бо мардум андухтааст. Соли 1999 боз ба кори таълиму тарбия баргашт ва то ҳол дар мактаби рақами 77-и деҳаи Филмандар ба шогирдон аз фанҳои забону адабиёти тоҷик сабақ меомӯзад.
Дар умум, собиқаи кории шастсола дошта, пайваста дар хизмати халқи азизаш будааст ва умре ба маърифатгустарӣ гаравидаасту ба қавле, мӯй дар осиёби маориф сафед кардааст. Ҳоло ҳам (дар ҳаштодсолагӣ) аз мактаб, аз ҳалқаи ҳамкорону шогирдон пой берун накашидааст ва тавассути ҳар дарсаш ба рӯи толибилмон дари ганҷинаи донишро боз мекунад…
Устод Нормаҳмад Муминов маҳбуби ҳамагон аст ва муҳити хешро бо нури хирад мунаввар месозаду дар марзи дилҳо пайваста тухми ақлу хирад ва меҳру муҳаббат мепошад. Таманнои онро дорем, ки устод боз солҳои зиёд бо мо бошаду раҳнамоиямон бикунад.
Шогирдони устод
Иловакунӣ
Иловакунии фикр