Соли сеюм аст, ки бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшавандаи табиати Тоҷикистон» дар деҳаи Ҳакимии дараи Қаратоғ барои кӯдакону наврасон лагери омӯзишии экологӣ ташкил карда мешавад.
Имсол низ аз 16 то 23-юми июл бо иштироки хонандагон аз мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Шаҳринав, муассисаи таҳсилоти умумии №29-и шаҳри Душанбе, муассисаи таҳсилоти умумии №117-и шаҳри Турсунзода, муассисаҳои таҳсилоти умумии №8,12-и шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон, муассисаи таҳсилоти умумии № 26-и ноҳияи Муъминобод, инчунин, намояндагон аз Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, созмонҳои ҷамъиятии «Нур»-и ВМКБ, «Оби зулол»-и ноҳияи Муъминобод ва «Олима» чунин лагер ташкил карда шуд.
Мавзӯи асосии омӯзиши экологӣ ба олами ҳайвонот, аз ҷумла, ҳифзи озодапаланг (бабри барфӣ) бахшида шуда, иштирокчиён бо фаъолияти парваришгоҳи табии аҳамияти маҳаллидоштаи кӯли Темурдара, ки масоҳати он 300га-ро ташкил медиҳад, аз наздик шинос шуданд. Қобили қайд аст, ки дар парваришгоҳи мазкур ҳавзҳои сунъӣ барои парвариши гулмоҳии амударёӣ, хоҷагии асалпарварӣ ташкил ва дар майдони 10га боғ бунёд шудааст. Тавре раиси ташкилоти ҷамъиятии «Ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшавандаи табиати Тоҷикистон», Корманди шоистаи хоҷагии ҷангал Қутбиддин Раҷабов қайд намуд, ҳамасола дар ҳавзҳои сунъӣ то 20000 моҳича парвариш ёфта, ба дарё сар дода мешавад. Аз рӯи ҳисоби мутахассисони соҳаи моҳипарварӣ барои зиёд намудани шумораи гулмоҳӣ дар дарёву обанборҳои кишвар бояд ҳамасола садҳо ҳазор моҳича парвариш карда шавад, аз ин рӯ, гулмоҳии амударёӣ ҳамчун намуди эндемикӣ ба Китоби Сурхи Тоҷикистон дохил карда шудааст.
Аз хусуси сукунати бабри барфӣ, ки яке аз ҳайвоноти нодир ба шумор рафта, аслан дар баландкӯҳҳои ВМКБ умр ба сар мебарад, ба иштирокчиёни лагер филми тасвирӣ ба намоиш гузошта шуд. Ин намуди ҳайвони ваҳшӣ танҳо дар 12 кишвари дунё боқӣ мондааст ва теъдоди он бениҳоят кам аст.
Олами набототу ҳайвоноти дараи Қаратоғ бениҳоят рангину бой аст. Ҳамасола ба ин мавзеъ дар фасли тобистон сайёҳони зиёд аз дохил ва хориҷи кишвар ташриф меоваранд. Ба ин мақсад барои иштирокчиёни лагер саёҳати якрӯза ба кӯли Темурдара ташкил карда шуд. Дар ин саёҳат ба иштирокчиён оид ба омодагии ибтидоии сайёҳӣ, аз ҷумла, тарзи гузоштани хайма, интихоби мавзеъ, ҳаракати гурӯҳ ҳангоми саёҳат машғулиятҳо гузаронида шуданд. Аз ҳама лаҳзаи хотирмон барои иштирокчиёни лагер ин иштироки бевоситаи онҳо дар ободонии боғ, ки дар баландии 1700 м аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад, ба шумор меравад. Хонандагон бо як илҳоми тоза ҷӯйбореро, ки солҳои тӯлонӣ аз беобӣ хушк гардида буд, аз нав эҳё намуда, боғро бо об таъмин намуданд. Ҳамзамон дар боғ тухмии пиёзи анзур кошта шуд.
Бойд қайд кард, ки лагери саҳроӣ ё ба истилоҳи дигар, лагери хаймадор бо баъзе хусусиятҳои худ аз дигар намуди истироҳатгоҳҳо фарқ мекунад. Вале новобаста ба ин, барои иштирокчиёни он тамоми шароитҳо муҳайё гардида, хонандагон дар озмунҳои «Расми беҳтарин», «Ҳунарманди беҳтарин» ва маҳфилҳои базму суруд иштирок намуда, аз хусуси фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии «Нур»-и ВМКБ, Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшавандаи табиати Тоҷикистон» дар баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон ва аҳли ҷомеа филмҳо намоиш доданд.
С.Шаболов,
муовини директори
Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр