Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Истиқлол»-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзеи зебоманзари шаҳраки Муъминобод ҷойгир аст. Ҳамасола дар мавсими таътили тобистона садҳо нафар кӯдакону наврасон аз оилаи омӯзгорону кормандони техникии донишгоҳ ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд. Маросими имсолаи кушодашавии истироҳатгоҳи «Истиқлол» бо иштироки мушовири ректори донишгоҳ К. Иззатуллоев, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Муъминобод С. Раҳимзода ва намояндаи иттифоқи касабаи донишгоҳ Э. Саидамиров баргузор гардид. Истироҳатгоҳи мазкур дорои шароити хуб буда, он аз ду бинои хобгоҳ, муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ , ду ҳавзи оббозӣ, китобхона бо толори хониш, синфхона бо кабинети компютерӣ, майдончаи варзишӣ ва ошхонаи замонавӣ иборат аст.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр